Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи иштирокдорони ҷанҷоли қабристони Хованск нармтар шуд


Айбномаи муттаҳамони аслии ҷанҷоли қабристони Хованское, ки дар ҷараёни он се муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расиданд, тағйир ёфт ва иттиҳоми ташкили куштор аз онҳо бардошта шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС гузориш дод.

Раиси пешини бахши минтақавии ширкати "Ритуал" Юрий Чабуев, ҳуқуқдони ширкати "Техэнегосервис" Александр Бочарников ва раҳбари созмони "Миллати солим" Георгий Макаръев ва бахши умдаи иштирокдорни ин қазия акнун танҳо бо иттиҳоми авбошӣ мурофиа мешаванд. Ронандаи мошине, ки ду нафарро дар вақти ҷанҷол пахш кард, на аз рӯи банди куштор, балки бар пояи банди қонуни ҷиноии Русия, яъне "барқасдона расондани зарари ҷисмонӣ" дар ростои додгоҳ қарор мегирад.

Рӯзи 14 майи соли гузашта як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани "ҳаққ" ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз ва русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG