Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Гуртская: "Шарм медорам, ки Умаралӣ дар пойтахти фарҳангиамон беҳимоят монд"


Як узви палатаи ҷамъиятии Русия аз додситони кулли ин кишвар хостааст, ки қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро мунсифона баррасӣ намуда ва аз натиҷаҳои он ин ниҳодро хабардор созанд.

Як узви палатаи ҷамъиятии Русия ва овозхони маъруф Диана Гуртская ба волидони Умаралӣ Назарови панҷмоҳа изҳори тасаллият карда аз додситони кулли Русия Юрий Чайка тақозо кардааст, ки омилони куштори кӯдак ба панҷаи қонун супорида шаванд. Марги навзоди тоҷик, ки баъди боздошти модараш дар идораи поиси шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 13 октябр дар шароити мармуз ба ҳалокат расид, боиси маҳкумияти зиёд аз бархӯрди полис бо муҳоҷирони хориҷӣ шуд.

Диана Гуртская дар як нома ба унвони сафири Тоҷикистон дар Маскав бо маҳкумияти ҳодисаи марги тифли тоҷик гуфтааст, ки "ин ҷинояти гӯшношунид бидуни баҳс бояд аз ҷониби мақомоти қудратӣ мунсифона баррасӣ шавад. Мо ва ҳамкорони ман (дар Палатаи ҷамъиятӣ) бо талаби таҳқиқоти ҳамаҷониба ва мунсифонаи ин ҳодиса ба онҳо муроҷиат кардем. Ҳамчун модар ман дарду алами ин хонаводаро эҳсос мекунам. Ман хеле шарм медорам, ки дар пойтахти фарҳангии кишвари мо кӯдаки хурдсол комилан беҳимоят монд. Омодаам ҳамроҳ бо ҷамъияти тоҷикон ҳамаи чораҳоро биандешам, ки чунин ҳодисаҳо минбаъд такрор нашаванд", навиштааст Гуртская дар номае ба сафири

​Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов.

Диана Гуртская гуфтааст, далели нарасонидани кӯмаки саривқтии тиббӣ бармалост. Ин овозхон ҳамчунин ба вазири тандурустии Русия Вероника Скворсова муроҷиат кардааст, то ин қазия ҳамаҷониба санҷида шавад. Гуртская аз ҳамаи ин мақомҳо дархост кардааст, ки аз натиҷаи санҷишашонро ба Палатаи ҷамъиятӣ гузориш бидиҳанд.

Вазорати дохилаи Русия бо пахши изҳороти расмӣ гуфтааст, ки Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар натиҷаи бемории роҳҳои нафас даргузашт. Вале ин шарҳи вазоратро бисёриҳо, аз ҷумла фаъолони ҷамъиятӣ дар худи Русия маҳкум карда гуфтанд, ки ҳоло полис талош дорад, шона аз масъулияти ин ҳодисаи фоҷеабор холӣ кунад ва баръакс, волидони тифлро гунаҳгор кунад, ки гӯё кӯдакро дар шароити бад нигаҳ медоштанд. Ҷониби ҷабрдида мегӯяд, ки ҷараёни тафтишот барои онҳо ношаффоф мегузарад, аъзои оила ва ҳам вакили дифоъро иҷозат намедиҳанд, ки аз ҷараёни тафтишот огоҳ бошанд.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, таҳқиқи қазияи марги Умаралӣ ҳанӯз идома дорад ва дар робита ба он бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" парванда боз шудааст.

Рӯзи 5 ноябр Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди раиси ҷумҳури Русия, ҷудо кардани тифли панҷмоҳаи тоҷик – Умаралӣ Назаровро аз модараш ҷиноят хонд. Федотов гуфт, додгоҳ мушаххас хоҳад кард, ки дар марги Умаралӣ кӣ гунаҳкор аст, аммо афзудааст, "ин ки маъмурони пулис тифли панҷмоҳаро аз модараш ҷудо карданд, ҷиноят аст".

XS
SM
MD
LG