Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо ба Раҳмон ва Бердимуҳаммадов бовари кам доранд


Бино бар пажуҳиши Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВТСИОМ), аксари русҳо ба роҳбар ва мардуми Тоҷикистон эътимод надоштаанд.

Дар пажӯҳиши Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВТСИОМ), ки ҳамасола тағйири назари шаҳрвандони ин кишварро дар бораи давлатҳои пасошӯравӣ таҳқиқ мекунад, гуфта мешавад, ки русҳо аз ҳама камтар ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркмани ӯ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, эътимод доштаанд. Эҳтимол меравад, муносибатҳои байни Русия бо ин ду давлат ва баррасии он дар расонаҳои ахбори ом сабаби чунин бархӯрди аҳолӣ шуда бошад. Ба сахтӣ тавсиби шудани қарордоди ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, симои умумии манфии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва қазияи ҳабси халабонҳои ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба ташаккули чунини афокри умум дар Русия таъсир доштаанд. Дар мавриди Туркманистон гуфта мешавад, сарпечии тӯлонии ин кишвар ба фурӯши гази худ бо нархи арзон ба Русия ва куллан ширкати камранги Ишқобод дар умури Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ сабаб шудаанд, ки аҳолии одии Русия ба ин кишвар ва раҳбари он бо чашми кам нигаранд ва ба онҳо эътимоди зиёд надошта бошанд.

Ҳамзамон, ба навиштаи «Независимая газета», ин пажуҳиш нишон додааст, ки аҳолии Федерасюни Русия беш аз ҳама ба раҳбарони ва мардуми Беларус ва Қазоқистон бовару эътимод доранд. Пажӯҳиши Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа дар байни намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар 46 минтақаи Русия сурат гирифтааст.

Дар тафовут бо Тоҷикистону Туркманистон, бахши зиёди пурсидашудаҳо Беларусро кишвари муваффақ ва ҳудуди 35 дар сади онҳо Қазоқистонро давлати комёбу устувор унвон кардаанд. Дар ҷойи севум бо 21 дарсади тарафдорон Украин қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ин назарсанҷӣ ҳанӯз пеш аз оғози тазоҳуроти густарда дар маркази Киев, пойтахти Украин баргузор гаштааст. Бино бар натиҷаҳои он, эътимоди русҳо ба Украин дар давраи раҳбарии президент Виктор Янукович ба болотарин сатҳи худ расидааст.

Гурӯҳе ҳам аз пурсидашудаҳо ба Озарбойҷон 7 дарсад овоз додаанд. Ҳамин тавр боқӣ кишварҳои пасошӯравӣ -- Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар ҷойҳои поинтар қарор гирифтаанд.

Дар бахши дигари пажӯҳиш -- эътимод ба роҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ Аляксандр Лукашенка раиси ҷумҳури Белорусия бо 41 дар сади раъйҳо ҷойи аввалро соҳиб шуд. Боварии русҳо ба Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон -- 33 дар сад буда, дар раддаи эътимод ба раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ президенти Украина Виктор Янукович 10 дар сади эътимоди посухдиҳандагонро ба даст овардааст.

Шохиси боварии ширкаткунандагони назарсанҷӣ сипас миёни президентҳо ин гуна қисмат шудааст:

- Бовар ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев -- 5%
- Бовар ба президенти Арманистон Серж Саркисян -- 5%
- Бовар ба президенти Узбакистон Ислом Каримов -- 2%
- Бовар ба президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев -- 2%
- Бовар ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон -- 1%
- Бовар ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов -- 1%
XS
SM
MD
LG