Пайвандҳои дастрасӣ

Ақидаи коршиноси тоҷик, ки мегӯяд, Русия ҳеҷ стратегияи миллӣ надорад ва талошҳои Путин барои созмони Иттиҳоди Авруосиё чизе бештар аз эҳёи як тани беҷон нест, дар як конфаронси байналмилалӣ дар Душанбе баҳси тундеро ба миён овард.

Ин конфаронс рӯзи сешанбеи 17-уми декабр бо ибтикори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе таҳти унвони «Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарии ҳамгироии авруосиёӣ» баргузор шуд ва бо ширкати мақомот ва коршиносони аршади ду кишвар дар Душанбе ҷараён гирифт.



Саймуддин Дӯстов, сарвари созмони «Индем», гуфт, адами стратегияи миллии Русия аз пойтахтҳои Осиёи Марказӣ, ба шумули Тоҷикистон хеле хуб намоён аст. Вай афзуд, аз нуқтаи назари сиёсӣ, имзои Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон «хатои стратегӣ» буд, ки ахириро аз занҷираи луҷистикии хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон берун андохт, ҷануби Тоҷикистонро аз шабакаҳои роҳи оҳани ИДМ маҳрум намуд ва Узбакистон, кишвари барои равандҳои ҳамгироии авруосиёӣ муҳимро сателлити Ғарб кард. Вай афзуд, аз нигоҳи иқтисодӣ, «ҷанги коксиву бензинӣ», ки баҳори соли 2010 эълон шуд, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион доллар зиён овард ва як «ҷанг»-и дигаре ҳам аз сӯи РусАл барои аз худ кардани ТАЛКО идома дорад.

Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик.

Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик.

Саймуддин Дӯстов дар бораи ҷанбаҳои башарии ин «хатои стратегӣ» гуфт: «Ҳуҷуми иттилоотии расонаҳои Русия ба Тоҷикистон, ба тоҷикон ҳамчун миллат ва сарвари давлати Тоҷикистон ҳама гуна ҳарфҳо дар бораи ҳамгироиро аз миён мебарад. Назарсанҷии маркази таҳқиқоти Русия нишон дод, ки ба Тоҷикистон аз як дарсад ками русҳо муносибати хуб доранд. Дар фолклори маишии Русия тоҷикон чукчаҳоро иваз кардаанд. Лагерҳои консентратсионӣ барои муҳоҷирон ва дигар падидаҳо гувоҳи онанд, ки Русия ҳеҷ гуна стратегияи миллӣ надорад ва кӯшишҳои ҷомиаи коршиносӣ дар мавриди ҳамгироии авруосиёӣ беҳудаанд.»

Суҳбати коршиноси тоҷик, ки ҳудуди 4 дақиқа идома дошт, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Фролов-Лякинро то ҷое нороҳат кард, ки мавсуф зуд вокуниш нишон дод. Вай изҳороти коршиноси тоҷикро «тавтиъа» хонда, афзуд: «Ин қарори мустақилонаи ҳар як кишвар аст. Ҳар гуна, ки хоҳанд, ҳамон гуна рафтор кунанд. Агар мехоҳед ба Афғонистон ё Амрико ҳамгироӣ кунед, ин ҳуқуқи Шумо аст. Албатта, иддае ҳастанд, ки ҳуқуқи аз номи як давлат суҳбат карданро надоранд. Дар сӯҳбат бо мо мақомоти Тоҷикистон ба шеваи комилан дигар ба ғояи ҳамгироӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Агар намехоҳед бо Русияву Қазоқистон ва Белорус ҳамгироӣ кунед, ҳаққи шумост».

Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин изҳорот ба ҷуз мушкил дар равобит чизи дигаре намедиҳанд: «Ҳар гуна муносибатро набояд бо муносибатҳои ҳукуматҳо ва раҳбарони кишварҳо омехта кард. Вақте нотиқ мегӯяд, ки мақомоти олии Русия бо шовинизм ва миллатгароӣ мубориза намебаранд, ин гапи кӯдакистон аст. Равандҳои объективиро намешавад ҷилавгирӣ кард, магар ки онҳоро дар лагерҳо шинонем? Соли 37-ро ташкил кунем? Бале, одамоне ҳастанд, ки ҳамин гуна нуқтаи назари «миллатгароии махмалин» доранд. Бояд мубориза бурд, аммо на бо ин роҳ. Дуюм, коршинос мегӯяд, ки 1 миллиарду 200 миллион доллар зиён расид. Кадом 1 миллиарду 200 миллион? Кӣ инро ҳисоб кардааст? Ин иттилоъи ғалат аст, зеро методикаи ҳисобу китоби чунин хисорот вуҷуд надорад.»

Иттиҳоди Авруосиё, ё Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2010 дар заминаи Фазои ягонаи иқтисодии Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шуд. Онро ғояи нав барои муттаҳид кардани кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва тарҳи муосири империяхоҳии Русия унвон мекунанд. Иттиҳоди гумрукӣ боз ҳам дар ҳайати се кишвари фавқуззикр яке аз падидаҳои аввалини он аст. Аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва аз Ховари Миёна Сурия барои вуруд ба Иттиҳоди гумрукӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарипов, узви парлумон аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, барои ворид шудани Тоҷикистон Иттиҳоди гумрукӣ чор то панҷ соли дигар зарур аст. Вай афзуд, ҳанӯз ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон хулоса накардаанд, ки пас аз узвият даромадҳои гумрукӣ, қисмати умдатарини будҷаи Тоҷикистон чӣ гуна хоҳанд буд, вазъи саноату истеҳсоли дохилӣ ҳам муҳиманд: «Аз ҳама муҳим соҳаи энержии об аст. Барои Русия ва Қазоқистон нафту газ муҳим бошанд, барои Қирғизистону Тоҷикистон ин соҳа муҳим аст. Маҳз омили асосии ворид шудани ин ду кишвар ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳамкорӣ дар ин самт аст. Ман дигар роҳро намебинам. Дар бораи амбитсияҳои геополитикии қудратҳои дигари фаъол дар минтақа ҳоҷати гуфтан нест, ки мехоҳанд бо кишварҳо дар ин замина ҳамкорӣ дошта бошанд.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик бар ин нукта ишорат мекунанд, ки узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ба таври фаннӣ аз узвияти Қирғизистон вобаста аст, чун яке аз шартҳои ин Иттиҳод доштани марзи муштарак аст. Ва дар чунин ҳолат ҳам, ба қавли онҳо, узвияти Тоҷикистон маъние нахоҳад дошт, чун роҳҳои асосии васлаш бо кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ боз ҳам аз Узбакистон мегузарад, кишваре, ки ба ин ҳамгироиҳо қариб ки майле нишон намедиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG