Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ОМОН ба манзили муҳоҷирон, фоҳишаҳоро фош кард


Пулиси Маскав ба манзили иҷораи гурӯҳе аз занони узбакистонӣ ҳамла карда, онҳоро ҳамчун “фоҳиша” боздошт ва маскани онҳоро “фоҳишахона” унвон кард.

Пулиси Маскав чанд зани узбакистониро, ки дар як манзили иҷора дар ноҳияи Теплий Стан мезистанд, бо иттиҳоди «танфурӯшӣ» боздошт ва ҷарима кардааст. Яке аз ин бонуҳо, ки худро Маъмура муаррифӣ намуд, мегӯяд, танҳо баъд аз ин воқеа фаҳмидааст, ки дар ҳуҷраи шафат “духтарони бероҳа” ҳамроҳ бо “Мама Роза”-и худ зиндагӣ мекардаанд.

“Нимишабӣ дарро кӯфтанд. Кушоем, ҳамроҳ бо духтарони ҳамхонаи мо як гурӯҳ омонҳои ниқобдор ба хона зада даромаданд. Онҳо ҳама ҷо ва ҳам чиро тагурӯ карданд. Когазҳо ва телефонҳои моро гирифтанд. Баъд моро ба идораи пулис бурда, протокол навиштанд. Маълум шуд, ки мо фоҳиша будаем ва дар хонаамон “притон” ё “ҷалабхона” кушодаем. Ман гуфтам, ин хел нест, мо барои кор кардан омадаем, гӯям, бовар накарданд,” – мегӯяд Маъмура.

Вале дертар худи ӯ кашф кардааст, ки ду тан аз ҳамхонаҳояш дар ҳеч куҷо кор накарда, бо танфурӯшӣ машғул будаанд. Як зани миёнасол онҳоро сарварӣ мекардааст. Дар ин манзили иҷора 7 бону аз Узбакистон зиндагӣ мекардаанд.

“Рӯзи баъдаш моро ба додгоҳ даъват карданд. Бе он ки касеро ҷудо кунанд, ҳамаро яксара ба “фоҳишагӣ” айбдор карданд. Мо 2000-рублӣ ҷарима додем.Аввал фикр кардам, ки барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират моро ихроҷ хоҳанд кард. Аммо ҷаримаро гирифтанду ҷавоб доданд. Ба хона баргашта, ошкор кардем, ки дар ҳақиқат дар байни мо фоҳишаҳо будаанд. Онҳоро касе фурӯхтааст. Зане шиносномаи онҳоро гирифта, маҷбур кардааст, ки барояш 300 000 рубл кор карда диҳанд. Ман ба онҳо гуфтам, “чаро шиносномаамро гум кардам гуфта, аз сафорат коғаз нагирифтӣ, ки тавонӣ ба Узбакистон баргардӣ?” Мегӯянд, “Метарсем. Ин зан моро дар он ҷо ҳам меёбад.”

Ба гуфтаи Маъмура, ин занон, ки худро ба касе Гуля, ба каси дигар Ҳилола ва ба дигарон Зара гуфта мегаштаанд, аз тарафи як зани 33-солаи андиҷонӣ ба танфурӯшӣ водор шудаанд. Ин зан онҳоро аз Узбакистон бо ваъдаи дарёфти кор ва даромади хуб ба Маскав оварда, талаб мекунад, ки хароҷоти ӯро ба маблағи 100 ҳазор рубл пӯшонанд. Ба гуфтаи духтарон, онҳо танҳо он вақт фаҳмидаанд, ки ин зан 5-6 сол ба ин сӯ бо фурӯхтани духтарон машғул будааст.

“Вале баъд аз 100 000 рубл кор кардан ҳам он зан духтаронро раҳо накардааст. “Акнун 300 000 кор карда медиҳед”, гуфтааст. Духтарон маслиҳат карда, хостаанд, ба Петербург гурезанд, аммо онҳоро ёфта, бо ёрии одамонаш латукӯб карда, ба як иҷораманзили дигар бурдааст. Онҳо акси ин духтаронро дар интернет ҳам нашр карда, пул мегирифтаанд. Ҳаққи “хидмат”-и ин духтарон 3500 рубл будааст ва аз ин миқдор 500 рубл ба онҳо мерасидааст. Ман як бор он “Мама Роза”-и онҳоро дида будам. Як зани сип-сиёҳи хунукрӯе будааст,” – мегӯяд Маъмура, ки зимни ин воқеа бо ҳаёти танфурӯшон ошно гаштааст.

“Мама Роза” ба гуфтаи духтарон, ки яке 23 ва дигаре 31-солааст, ҳатти рӯзҳое, ки онҳо бемору бемадоранд, маҷбурашон мекардааст, ки “ба кор бароянд”. Онҳо гуфтаанд, барои ёфтани 300 000 рубл, бояд 3-4 моҳ шабонaрӯзӣ “кор” кунанд.

Маъмура, ки аз дилсӯзӣ ба Радиои Озодӣ занг зада, ин хабарҳоро дод, мегӯяд, бояд барои наҷоти ин духтарон коре кард. “Охир, яке аз онҳо ҳатто шавҳар накардааст. Дар ин синну сол ба ягон бемории бад гирифтор шуданаш мумкин аст,” – мегӯяд Маъмура.

Дар поёни суҳбат Маъмура гуфтааст, то ба ин дараҷа хор будани духтарони ҳамдиёраш дар Русия ӯро водор кардааст, ки ин кишварро тарк кунад ва дигар ҳаргиз ба он барнагардад.

Радиои Озодӣ талош хоҳад кард, ки аз сарнавишти ду духтаре, ки ба “бардагии шаҳвонӣ” афтодаанд, огоҳ бошад.

Бино бар гузоришҳои пулис, Санкт-Петербург, шаҳр ва вилояти Маскав аз лиҳози густариши танфурӯшӣ дар Русия ҷойи аввалро мегиранд. Дар ҳамин ҳол дар Чеченистон, Ингушетия, Олтой, Қалмиқистон, Тува, Магадан ва Чукотка дар ду соли охир ягон парвандаи танфурӯшӣ боз нашудааст. Ин дар ҳолест, ки фоҳишагӣ дар Русия дар соли 2014 қариб 22 дарсад афзудааст.

Бино бар маълумоти анҷумани сабтиномнашудаи кормандони ҷинсии “Садбарги нуқра” ҳоло дар Русия зиёда аз 3 миллион зан бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронад. Ба ақидаи нозирон, қисми асосии фоҳишаҳоро дар шаҳрҳои калони Русия хориҷиён, аз ҷумла занон аз Узбакистону Қирғизистону Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG