Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сардабири "КП": Мақолаҳо дар бораи Тоҷикистон таҳқиромез нестанд. ВИДЕО


Владимир Сунгоркин

Владимир Сунгоркин

Сардабири нашрияи русии "Комсомольская правда" Владимир Сунгоркин ранҷиши Тоҷикистонро аз чопи мақолаҳои таҳқиромез дар бораи ин кишвар "як воҳима" номид.

Владимир Сунгоркин дар сӯҳбат бо оҷонсии РИА "Новости" рӯзи 21 июл гуфт, ки силсиламақолаҳои муаллиф Сергей Пономорев воқеияти вазъ дар Тоҷикистонро бозгӯ карда, ҳатто "бомуҳаббат" дар бораи ин кишвар ва мардумаш иншо шудааст. Вай гуфт, ҳатто дар сурати аз бозори Тоҷикистон маҳрум мондани ин нашрия "онҳо парво надоранд", чунки на барои "қонеъ кардани хостҳои ҳукумати Тоҷикистон", балки афроди ками ҳанӯз ташнаи шунидани хабарҳо аз Русия дар он ҷо ҳузур доштанд.

Сардабири "Комсомольская правда" дар ин мусоҳиба ба РИА "Новости" ҳамчунин гуфтааст, ки, “пас аз чопи матлаби аввал мақомоти Тоҷикистон ибрози нороҳатӣ карда ва гуфтанд, ки агар матлаб аз сомона лағв нашавад, онҳо ёддошти расмии эътирозӣ хоҳанд кард. Азбаски дар ин матлабҳо чизи таҳқиромез дар нисбати Тоҷикистон надидам, ин тақозоро напазируфтам”.

Сардабири рӯзномаи "Комсомольская правда" гуфтааст, чунин репортажҳо аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Балтик ҳам мунташир шудаанд, аммо нашрия аз ин кишварҳо ҳеҷ гуна эътирозеро дарёфт накардааст.

Ин дар ҳолест. ки чопи нашрияи "Комсомольская правда" шурӯъ аз 21 июл дар Тоҷикистон қатъ шуд. Шарифи Ҳамдампур, масъули чопи ин нашрияи русӣ дар кишвар гуфт, ин эътирози онҳо ба як мақолаи Сергей Пономарев аст, ки Тоҷикистонро “кишвари Равшану Ҷамшудҳо” номидааст. Шарифи Ҳамдампур, муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки даҳ сол боз масъулияти чопи ин нашрияи русиро дар кишвар бар уҳда дошт, рӯзи 21 июл гуфт, "ин эътирози мо ба мақолаи Сергей Пономарев рабт дорад, ки дар он миллати тоҷик таҳқиру тавҳин шудааст".​

Сергей Пономарев, хабарнигори махсуси “Комсомольская правда”, рӯзи 16 июли соли ҷорӣ дар мақолааш "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" (Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон) Тоҷикистонро "ватани Равшану Ҷамшудҳо" номидааст. Ин мақола дар сомонаи "Комсомольская правда" чоп шуда, Пономарев дар оғози матлабаш мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Бақия Равшану Ҷамшуданд...”

Вай дар идома шеваи рафтору тарзи либоспӯшии шаҳрвандони Тоҷикистон ва сатҳи фаҳмишу саводи онҳоро ба масхара кашида, дар бораи планшету телефони гаронбаҳои муҳоҷирони тоҷик низ бо истеҳзо сухан рондааст.

Сергей Пономарев аз иваз шудани номҳои русии шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои кишвар низ нороҳат шуда ва аз ҷумла дар бораи тибдили номи Чкаловск ба Бӯстон чунин гуфтааст: “Чкаловск дигар вуҷуд надорад. Тамоман. Дар моҳи марти соли ҷорӣ охирин номи славянӣ аз харитаи Тоҷикистон пок карда шуд.”

Сергей Пономарев

Сергей Пономарев

Ин хабарнигори рус дар як ҷои мақолааш ҳатто ба мақомоти Русия “маслиҳат” додааст, ки раҳбарони Тоҷикистонро иваз кунанд.

Шарифи Ҳамдампур дар нишасти хабарии 21 июл дар Душанбе гуфт, "ин мақола саропо дар ҳаққи мардуму миллати тоҷик ва раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқир ва тавҳин аст ва барои ҳамин тасмим гирифтем, ки чопашро қатъ кунем."

Ӯ афзуд, "бо сардабири сомонаи "Комсомольская правда" дар тамос шуда ва тақозо кардам, ки дар мавриди дар сомона будан ё набудани он тасмим бигирад. Аммо ин дархост бидуни посух монд ва дар мавриди ин мақола таҷдиди назар сурат нагирифт. Он вақт ман дар мавриди қатъи чопи ин рӯзнома дар Тоҷикистон тасмим гирифтам." Рӯзи 18 июл Владимир Сунгоркин, сардабири рӯзномаи "Комсомольская правда" дар бораи қатъ шудани чопи ин нашрия дар Тоҷикистон огоҳ карда шудааст.

Ин мавзӯъ чор рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, баҳс шуда, бисёре аз корбарони тоҷик аз ин мақола ба шиддат интиқод кардаанд ва онро ғаразомез номидаанд. Ҳатто бархе аз корбарон ин талабро дар миён гузоштаанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон расман ба ин мақола посухи дандоншикан диҳад.

Аммо то ҳол ҳеч ниҳод ва ё мақоми расмии Тоҷикистон дар бораи ин мақолаи Сергей Пономарев изҳори назар накардаанд.

“Комсомольская правда” аз соли 2006 боз дар Тоҷикистон бо теъдоди панҷ ҳазор нусха чоп мешуд. Ҳоло нашрияи дигари маъруфи Русия "Аргументи и факты" (АиФ) низ дар Тоҷикистон бознашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG