Пайвандҳои дастрасӣ

Як вакили парлумони Русия муҳоҷиронро манбаи афзоиши бемориҳои вогир дар Русия номид ва гуфт, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба далели гаронии табобат дар Ватанашон кӯдакони маризи худро ба Русия меоранд. Душанбе инро рад мекунад.

Дар як ҷаласаи сайёри шӯрои коршиносони масоили ҳифзи сиҳҳати Кумитаи сиёсати иҷтимоии Шӯрои Федератсия, маҷлиси болоии парлумони Русия, гуфтаанд, ки ба Русия рехтани сели муҳоҷирони гирифтори бемориҳои сироятӣ мушоҳида мешавад, ки ин ба навбаи худ боиси афзоиши шумори мубталоёни чунин амроз дар Русия шудааст.

Ин ҷаласаи сайёр, бино ба гузориши хабаргузории маҳаллии “Дейта”, дар шаҳри Владивосток, дар бинои ҳукумати кишвари Приморйеи минтақаи Шарқи Дури Русия доир шудааст. Дар ин ҷаласа, навиштааст “Дейта”, Людмила Козлова, муовини раиси Кумитаи сиёсати иҷтимоии Шӯрои Федератсия, бо як лаҳни тунд хориҷиёнро айбдор кардааст, ки гирифтори маризиҳо барои табобат ба Русия меоянд ва ба аҳолии солими ин кишвар сироят мекунанд.

Людмила Козлова, ки ба Шӯрои Федератсия аз сӯи маҷлиси вилояти Смоленск вакил шудааст ва узви ҳизби либерал-демократи Владимир Жириновский мебошад, гуфтааст, манбаи афзоиши мизони бемориҳои сироятӣ дар Русия муҳоҷиронанд: “Дар робита ба муҳоҷират дар бархе минтақаҳо афзоиши шумори бемориҳо мушоҳида мешавад. Пеш аз ҳама – бемории сил. Болои ин, мавридҳое сабт шудаанд, ки оилаҳо аз Тоҷикистон меомаданд ва кӯдакони маризи худро дониста бо худ меоварданд. Сабаб он аст, ки дар кишвари онҳо табобати чунин бемориҳо хеле гарон аст. Вале ин одамон паҳнкунандаи бациллаҳо мебошанд.”

Бацилла бактерияҳоеянд, ки боиси паҳн шудани амрози сироятие, чун сил мешаванд.

Омори расмӣ шумори гирифторони бемории сил дар Тоҷикистонро ҳудуди 6000 нафар, яъне 72 маризи сил ба 100 000 нафар, нишон медиҳад. Мақомоти ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон мегӯянд, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва барномаҳои имдодии USAID – Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико - вазъи беморони сил дар кишвар таҳти назорати комили мақомот оварда шудааст ва шумори беморони сил низ назар ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст.

Фотима Ғоибова, сухангӯи вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 28 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаои сенатори Русия дар бораи гарон будани нархи табобати бемории сил дар Тоҷикистон аз ҳаво гирифта шудааст: “Бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, ҳам ташхис ва ҳам табобати беморони сил дар Тоҷикистон пурра бепул аст. Тамоми анвоъи ин беморӣ – ҳам сили оддӣ, ҳам сили кушода ва ҳам сили мутобиқгашта. Ҳамин тавр, аъзои хонаводаҳои беморони сил низ ҳамчун гурӯҳи риск комилан бепул ташхис мешаванд. Бемори сил баъди табобат боз 3 соли дигар таҳти ташхису табобати бепул боқӣ мемонад.”

Як манбаи дигар дар вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, онҳо ба беморони сил ҳамеша тавсия медиҳанд, ки ҳатто баъди анҷоми табобат то се соли дигар ба хориҷ, аз ҷумла барои мардикорӣ ба Русия, сафар накунанд. Фотима Ғоибова аз мақомоти худи Русия шиква кард, ки пешниҳоди дар худи Тоҷикистон анҷом додани ташхиси вазъи саломатии муҳоҷиронро қабул надоранд ва эътироф нашудани санадҳои тиббии ин кишвар дар Русия боис шудааст, ки ин мардум бидуни кадом ташхиси тиббӣ роҳии Русия шаванд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дар гузашта ҳам чандин бор иддаои бархе мансабдорон ва сиёсатмадорони Русияро, ки низ муҳоҷирони тоҷикро манбаи бемориҳои сироятие, чун силу домана ном мебурданд, башиддат рад кардаанд.

Бино ба омори расмии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар соли 2014 тақрибан 68 ҳазор муҳоҷири хориҷӣ барои кору зиндагӣ ба минтақаи дурафтодаи Приморйе омадаанд. 42 дарсади онҳо аз Узбакистон, 17 дарсад аз Чин ва 8 дарсад аз Кореяи шимолӣ будаанд.

Людмила Козлова дар Владивосток, ҳамин тавр, ваксинаҳои заруриро нагирифтани атфолро ба шиддат ба боди интиқод кашида гуфтааст, дар Русия бояд барои волидоне, ки ба ваксина гирифтани фарзандонашон мамониат мекунанд, ҷазо ҷорӣ намоянд. Ӯ аз ҷумла пешниҳод кардааст, то табобати бемориҳоеро, ки нафари мариз дар замонаш зидди он ваксина нагирифтааст, барои чунин афрод пулакӣ карда шавад.

Ҳизби либерал-демократ, ки Людмила Козлова дар парлумони Русия аз он намояндагӣ мекунад, ба хусус раҳбари ин ҳизб Владимир Жириновский, бо баёнияҳои тундашон алайҳи муҳоҷирони хориҷӣ маълум мебошанд. Худи Жириновский, ки 22 сол боз вакили Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия аст, низ дар гузашта чандин бор муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирон аз Тоҷикистонро манбаи ҷинояткориву паҳншавии бемориҳо ном бурда, аз мақомоти Русия тақозо карда буд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон, виза ҷорӣ карда, қаламравашро ба рӯи муҳоҷирон аз ин қаламрав бубандад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG