Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия афзоиш ёфтааст


Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 398 миллион долларро ташкил додааст. Ба навиштаи Интерфакс, ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 13, 2 дарсад бештар аст. Ин маблағ 46 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар гузашта Бонки Ҷаҳонӣ аз пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик натиҷагирӣ карда буд ва эълон дошт, ки ин пулҳо 47 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил додаанд ва дар ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар зинаи аввал қарор дорад. Яъне чунин нишондод вобастагии Тоҷикистон ба маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони кориро нишон медиҳад.

Соли гузашта маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия 2 миллиарду 864 долларро ташкил дод.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар додааст, ки дар Русия 1 миллиону 30 ҳазор муҳоҷири корӣ колр мекунад. Тоҷикистон дорои 7,5 миллион нафар аҳолист.
XS
SM
MD
LG