Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуҷуми мақомоти тафтишотӣ ба дафтарҳои созмонҳои ҷамъиятии Русия


Мақомоти Русия тафтиши сартосарии санадҳои созмонҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратиро шурӯъ кардаанд.

Мақомоти Русия тафтиши сартосарии санадҳои созмонҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратиро шурӯъ кардаанд, ки ҳадафаш муқаррар кардани манбаи даромади молии ин созмонҳо мебошад. Масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, ки ин маърака ногаҳонӣ ва зери фишори шадид ҷараён мегирад. Ба фарқ аз гузашта, ин навбат ба тафтиши санадҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ходимони додситонии кулл, полиси андоз ва вазорати адлия ҳамроҳ шудаанд. Дар баъзе минтақаҳои Русия ходимони вазорати умури дохила ва ё ФСБ, яъне Хадамоти федеролии амният ҳам ба ин ҳайат ҳамроҳ мешаванд.


Ба иттилои хабарнигорони бахши русии радиои Озодӣ, раҳбарияти созмонҳои маъруфи мудофеи ҳуқуқи башар, назири «Мемориал» аз шеваи роҳандозӣ шудани ин тафтишот норозӣ буда, бовар доранд, ки ҳадафи мақомоти зери назорат гирифтани кори ин созмонҳо будааст.


Олег Орлов, узви шӯрои созмони «Мемориал» гуфт, субҳи рӯзи 21 март ҳайати калоне аз додситонии кулл, полиси андоз ва вазорати адлия дари ин созмонро кӯфта талаб кард, ки худи ҳамин лаҳза тамоми санадҳои заруриро роҷеъ ба манобеи сармоҳои худ пешкаш кунанд. Як дигар узви шӯрои ин созмон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ходимони давлатӣ кормандони «Мемориал»-ро дар дохили корхона таъқиб карда, бо як савол муроҷиат мекунанд: «Шумо аз хориҷа пул мегиред?». Ба иттилои Орлов, ин барои нахустин бор аст, ки ба чунин шакли сартосарӣ, дар нуқтаҳои мухталифи Русия бидуни огоҳии пешакӣ дари созмонҳои ҷамъиятиро мекӯбанд.

- Аслан, ҳама чизро тафтиш мекунанд. Оиннома, санадҳои марбут ба таъсиси созмон, иттилоъ роҷеъ ба муассисони созмон, ҳуҷҷатҳои ифшокунандаи манбаи молии созмонҳоро талаб мекунанд. Ҷолиб ин аст, ки ба таври ҷудогона пешкаш кардани санадҳои тасдиқкунандаи фаъолияти ин созмонро дар фурсати байни соли 2011 то 2013-ро талаб карданд. Шунидем, ки аз дигар созмон гузоришҳои марбут ба фаъолияти ин созмон дар фурсати байни солҳо 2010-2012-ро талаб карданд.


Олег Орлов мутмаин аст, ки ин тафтишҳо марбут ба қонун оид ба «Агентҳои хориҷӣ» мебошад. Аз моҳи ноябри соли 2012 дар Русия қонуне дар бораи «Агентҳои хориҷӣ» амал мекунад. Ба бовари фаъолони шаҳрвандӣ, ин қонуне, ки бо ташаббуси президент Владимир Путин қабул шудааст, ҳадаф дорад пеши роҳи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиеро бигирад, ки бо пули грант ё кӯмакҳои бебозгашти Ғарбу Аврупо амал мекунанд. Мақомоти Русия, мисли баъзе дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин, созмонҳои ҷамъиятиро ба унвони таҳдиде барои ҳукуматҳои худкомаи худ арзёбӣ карда, меҳаросанд, ки мисли Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон метавонанд дар саргаҳи тағйироти ҷиддии сиёсии кишвар қарор бигиранд.

Шеваи дағали кори ҳайати тафтишотиро созмонҳои дигари ҷамъиятии Русия низ интиқод карданд. Корманди созмони «Назорати шаҳрвандӣ»-и шаҳри Санкт-Петербург Юрий Вдовин мегӯяд, муфаттишон бе огоҳии пешакӣ омада аз ин созмон талаб кардаанд, ки номгӯи санадҳои ба онҳо заруриро «бетаъхир ва ҳамин лаҳза» пешниҳод кунанд.

- Мо ба онҳо гуфтем, ки ҳамкорони масъули мо дучори мусибат шудаанд. Ҳафтаи пеш мудири иҷроияи созмон даргузашт ва имрӯз хабари марги модари сармуҳосиби мо омад. Сармуҳосиб сари кор нест. Илова ба ин, фардо мо бояд ду конфронс барпо кунем. Мо аз онҳо хоҳиш кардем, ки тафтишро рӯзи душанбе гузаронанд, вале онҳо мегӯянд, ки ин кор бояд билофосила ва ҳамин лаҳза бояд анҷом шавад.


Ба иттилои Вдовин, тамоми дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар ҳамин як сохтмони онҳо ҷойгир аст, ҳамчунин мавриди тафтиш қарор дода шудаанд. «Ин як фишори аз пеш тарҳрезишуда буда, мақсадашон гирифтани пеши роҳи созмонҳои мустақилу норозӣ аз ҳукумат аст». Вай мутмаин аст, ки дар натиҷа, созмонҳои бархурдор аз пуштибонии давлат ва зери назари ҳукумат аз ин маърака ҷон ба саломат мебаранд.
XS
SM
MD
LG