Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои ҷамъиятӣ тафтишҳои додситонии Русияро ғайриқонунӣ меноманд


Бархе созмонҳои маъруфи мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия ният доранд аз болои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба додситонӣ шикоят кунанд.

Рӯзи сешанбе, 26 март созмони ҷамъиятии “Мемориал” гуфт, ҳуқуқшиносони ин созмон ба додситонии шаҳри Маскав шикоят ва талаб хоҳанд кард, ки сабаби тафтиши бидуни огаҳии дафтарҳои корӣ ва асноди ин созмонро шарҳ диҳанд. “Мо донистан мехоҳем, ки кадом қонунро вайрон кардем”, гуфт Юрия Климова, сухангӯи “Мемориал”. Аз рӯи иттилои раҳбарияти созмон, мақомоти тафтишотӣ ваъда додаанд, ки рӯзи панҷшанбе дубора бармегарданд. “Ҳанӯз ҳеҷ санаде нагирифтанд. Коргарони мо ба ҷои ин ки корҳои худро идома диҳанд, чанд рӯз инҷониб барои нусхабардориву рақамбандии ҳуҷҷатҳо вақти худро сарф мекунанд. Ин амали онҳоро мо чун фишор арзёбӣ мекунем”, гуфт раиси маркази “Мемориал” Александр Черкасов.


Александр Черкасов

Александр Черкасов

Тафтиши кори созмонҳои ҷамъиятии Русия ҳанӯз оғози моҳи март шурӯъ шуда, як маъракаи аз пеш эълоннашудаи тафтиши санадҳо гуфта мешаванд. Созмони "Агора" мегӯяд, ки дар 16 минтақаи Русия аз ду то чор ҳазор ташкилоти ҷамъиятӣ ва дафтари намояндагии онҳо мавриди тафтиш қарор гирифтаанд. Тафтишҳо аз ҷумла дар созмонҳои мазҳабии католик ва мусалмонҳо ҳам ба роҳ монда шудаанд. Раҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ин тафтишҳоро “ғайриқонунӣ” ва ҳам “фишор болои худ” арзёбӣ мекунанд.


Хабаргузории “Интерфакс” навишт, ки Вазорати адлия баргузории ин санҷишҳоро бо қонун “Оид ба агентҳои хориҷӣ” иртибот додааст. Ин қонун, ки ноябри соли 2012 ба ҳукми иҷро даромад, мавриди танқиди шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт. Тибқи он, созмонҳои ҷамъиятие, ки барои фаъолиятҳои худ аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд, бояд худро ба унвони ҷосуси хориҷӣ сабтином кунанд.


Раиси маркази “Мемориал” Александр Черкасов гуфт, “ин қонун як даҳшат аст. Аз мо он чиро талаб мекунанд, ки мо бо он аслан розӣ нестем. Ин қонун мехоҳад, ки ба мо тамғаи ҷосусони хориҷиро бичаспонад”, гуфт ӯ рӯзи 26 март.
Масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ нақл мекунанд, ки маъмулан ҳайати тафтишотӣ бо гурӯҳи наворбардорони телевизиони НТВ меоянд ва дар аксар ҳолатҳо, аз дар берун мешаванд. Лев Пономарев, раҳбари се созмони Лев Пономарев

Лев Пономарев

ҷамъиятӣ, ки кораш ҳамчунин бояд тафтиш шавад гуфт:

"Ман раҳбарии се созмон – ҳаракати “Ҳуқуқи башар”, дафтари намояндагии ҳамин созмон дар Маскав ва бунёди “Ҳифзи ҳуқуқи зиндониҳо”-ро ба ӯҳда дорам. Ба мо гуфтанд, ки гӯё онҳо иҷрои қонун оид ба созмонҳои ҷамъиятиро тафтиш мекунанд. Гап дар ин ки ин се созмон моҳҳои январу феврал аз санҷиши муфассали аз пеш муқарраршуда гузашта буданд. Аз ин рӯ, ман талаби онҳоро дар бораи санҷиши нав рад кардам. Ман гуфтам, ки кори додситонҳоро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунам, ба он хотир, ки дар қонун оид ба прокуратура навишта шудааст, ки ба ҳангоми тафтиш сабаби барпо шудани таҳқиқ бояд ҳатман зикр шавад", - гуфт ӯ.

Пономарев гуфт, ки дар санадҳои гурӯҳи тафтишотӣ дар ин замина аслан чизе гуфта нашудааст. Аз рӯи иттилои ахир, созмонҳои “Мемориал”, ҳаракати “Ҳуқуқи башар”, гурӯҳи маскавии Ҳелсинки ва дигар созмонҳо ин қонунро бойкот кардаанд. Рӯзи 28 март дар дафтари хабаргузории “Интерфаккс” мавзӯи ташаббусҳои нави Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия ва ҳам санҷишҳои додситонӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин нишаст аъзои баландпояи ин шӯро ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG