Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Хрюши» - 5 миллион, «Модарони сарбозон» - 0,5 миллион рубл


Рӯзи 28-уми август дар назар аст натиҷаи озмуни пурсару садои тақсими грантҳои президенти Русия барои пуштилбонии созмонҳои ҷамъиятӣ нашр шавад.

Имсол Владимир Путин, президенти Русия дастур додаст ба созмонҳои ҷамъиятии кишвараш зиёда аз 2 миллиард рубл аз буҷаи федеролӣ ихтисос дода шавад.

Маблағи миёнаи грантҳо ҳудуди 3 миллион рублро ташкил мекунад. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, аз ҳама гранти зиёдро лоиҳаи ҷамъиятии «Худӣ» («Наши») соҳиб шудааст. Ба лоиҳаи «Стопхам» 4 миллион рубл ва ба лоиҳаи "Хрюши против" – 5 миллион рубл ихтисос шудааст. Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти аврупоӣ 9,5 миллион рубл барои лоиҳаи «Ғалабаи бузург, натиҷаи ваҳдат: нақши мардуми Қавқоз дар озод кардани муҳосираи Ленинаград» гирифтааст.

Грантҳои президентӣ ҳамчунин ба бархе аз созмонҳои медофеи ҳуқуқи инсон ихтисос дода мешавад. Маркази таҳлилии Левада 3 миллион рубл барои омӯзиши афкори мардум дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дастрас кардааст. Ба гуфтаи раҳбари Маркази Левада Лев Гудков, ин грант дар баробари маблағе, ки аз фондҳои хориҷӣ ҷудо мешавад ночиз аст.

«Мо чандто чунин сарчашмаи хориҷӣ дорем. Аввал, ин грантҳое, ки мо аз 3 фонди асосӣ дастрас мекунем: бунёди Сорос, МакАртур ва Форд. Як лоиҳа барои чанд сол пешбинӣ шудааст. Маблағгузории солона тақрибан 220 ҳазор долларро дарбар мегирад. Танҳо барои як лоиҳа. Лоиҳае, ки мо аз он маблағ интизорем, ҳудуди 75-80 ҳазор доллар аст. Ман дақиқ намедонам, ки онҳо ба мо чӣ қадар маблағ медиҳанд», гуфтааст Лев Гудков.

Тибқи нақша, интизор меравад, ки барои ташкилоти «Модарони сарбозони Санкт Петербург» 500 ҳазор рубл дода шавад. 1,5 миллион рубл ба бахши Орлови ин созмон ва 1,2 миллион ба Иттифоқи Кумитаи модарони сарбозони Русия дода мешавад. Шӯъбаи маҳаллии ташкилоти «Мемориал» ҳам гранти ночизе гирифтааст. Бахши он дар шаҳри Тула танҳо 300 ҳазор рубл ва намояндагиаш дар шаҳри Иваново 500 ҳазор рубл грант мегиранд.

Лев Гудков мегӯяд, ки ба чунин шакл ихтисос додани грантҳои президентӣ метавонад вокунишҳои созмонҳои русӣ ва хориҷии ҳомиёни ҳуқуқро ба бор орад.


Ҳомии ҳуқуқ Лев Пономаров, мегӯяд барои гирифтани грант аз ташкилоти «Барои ҳуқуқи инсон» ва бунёди «Дар ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон» дархост пешниҳод кардааст.

Созмонҳои ҷамъиятии Русия аз он нигаронанд, ки мақомоти Кремлин мехоҳанд аз роҳи маҳдуд кардани манбаъҳои даромади созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти ин созмонҳоро дар қаламрави кишвар маҳдуд кунанд. Соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби қонуни баҳсбарангези "Ҷосуси хориҷӣ" дафтарҳои кории ҳазорҳо созмони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилоти бонуфуз тафтиш шуд ва баъзе аз онҳо дар фаъолиятҳои сиёсӣ бо пули хориҷӣ муттаҳам шуд.


Олга Курачева, бахши русии Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG