Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия ҳамла ба қатори Тоҷикистонро "авбошӣ" номид


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Раёсати полиси нақлиёти вазорати умури дохилии Русия ҳодиса сангборон шудани қатори Маскав-Душанберо як амали авбошӣ хондааст.

Дар як изҳорот дар сомонаи вазорати умури дохилии Русия гуфта шудааст, 29 октябри соли равон бархе расонаҳо дар бораи ҳамла ба қатори мусофирбар дар истгоҳи фаннии Терновка иттилоъ доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ҳамла 20 нафари симои славянӣ дошта мусофиронро дашном дода, шиорҳои миллатгароёна задаанд.

“Кормандони раёсати полиси нақлиёти Русия дар Минтақаи марказии федеролӣ ин хабарро тафтиш карда, муқаррар кард, ки рӯзи 26 октябр, соати 23.50 ба шӯъбаи навбатдории раёсати минтақаии вазорати умури дохилии Русия аз иструктори қатори мусофирбари “Маскав-Душанбе” занги телефонӣ расидааст ва ӯ гуфтааст, ки дар истгоҳи Терновка тақрибан соати 23 қатор сангборон шудааст”, омадааст дар изҳорот. Дар идома гуфта шудааст, дар ин қатор аз вагони аввал то вагони ҳафтум 16 тиреза шикаста шуда, ба нафаре аз мусофирон ва аъзои бригадаи қатор осеб нарасидааст.

Дар шикастани шишаҳои терезаҳои қатор, ба иттилои раёсати пулиси нақлиёт, гурӯҳи аз 5 то 10 нафараи ҷавонон ширкат доштанд. “Онҳо мехостанд аз тариқи қатор ба қатори дигари “Поварино-Жердевка” гузаранд, аммо роҳбалади қатор ба онҳо иҷоза надодааст ва аз ин рӯ онҳо сӯи қатор санг андохтаанд”, - навишаанд муаллифони изҳорот. Ҳамчунин мусофирон ва аъзои бригадаи қатор дар сӯҳбат бо кормандони полиси нақлиёт хабар додаанд, ки шиору даъватҳои миллатгароёна садо надодааст.

Айни ҳол ҷустуҷӯи афроди дар ин ҳодиса дастдошта идома дорад. Масъулини Раёсати пулиси нақлиёти вазорати умури дохилии Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи ҳодисаи ҳамла ба қатори Маскав-Хуҷанд онҳо иттилоъ надоранд.

Вазорати умури дохилии Русия қаблан гуфта буд, ки таҳқиқи ҳамлаҳои рӯзҳои 26 ва 27-уми октябр ба қатораҳои самти Маскав - Душанбе ва Маскав - Хуҷанд чун ба ҳар қонуншикании дигар дар чаҳорчӯби қонунҳои ин кишвар расидагӣ сурат хоҳад гирифт. Дар сохторҳои роҳи оҳан ва раёсати нақлиётӣ вазорати корхои дохилии Русия низ дар нисбати ин қазия бехабарӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия ба вокуниши идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳодисаи мазкур гуфтааст, ки ба ин қазия бояд ҷиддӣ ва бидуни «рӯйхотирбинӣ» рафтор кард. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ин қазия агар ҷиддӣ баррасӣ нашавад, ин ба як навъ тенденсияи номатлуб мубаддал хоҳад шуд.

Зеро ба гуфтаи ӯ, «қатораҳои кишвари мо ин "таҷрибаи" бадро ҳангоми убури қаламрави ин ё он ҳамсоякишвар мавриди "сангборон" қарор гирифтанро пушти сар кардаанд. Ин ҳаводис набояд дар Русия низ "анъана" шавад.»

Ин дар ҳолест, ки яке аз масъулони идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар вокуниш ба ин қазия ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфта буд, як-ду кӯдаки рус ба қатора санг партофтаанд, ки 6 тирезааш шикастааст ва набояд ба ин ҳодиса ҷомаи сиёсӣ пӯшонд.

Аммо сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки ниҳодҳои Тоҷикистон дар баробари чунин ҳодисаҳо бояд якҷоя, сареъ ва ҳамоҳанг амал кунанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба дунболи қатори Маскав -Душанбе қатори Маскав - Хуҷанд низ дучори ҳамлаи миллатгароёни рус шудааст. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 27 октябр қатори Маскав – Хуҷанд низ ба ҳамлаи гурӯҳи қавмгароёни рус дучор шудааст. Як рӯз қабл, рӯзи 26 октябр, ба гуфтаи мақомот, қатори Маскав – Душанбе ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифта буд ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар ин робита ба ҷониби Русия як нота низъ фиристодааст.

Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон низ аз Русия тақозо кардааст, ки ҳамлаи миллатгароёни рус ба қатораҳои самти «Маскав - Душанбе» ва «Маскав - Хуҷанд»-ро шарҳ диҳад.

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи субҳи 29 октябраш ҳамлаи миллатгароёни Русия ба қаторҳои «Маскав-Душанбе» ва «Маскав Хуҷанд»-ро баррасӣ намуда, дар як барқияи расмӣ ба идораи роҳи оҳани Русия хостааст, ки вазъи пешомадаро шарҳ диҳанд.

Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, раиси шӯъбаи мусофирбарии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи имрӯза вазъи пешомада бо қаторҳои Тоҷикистонро маҳкум кардаанд.

Масъулини идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 26 октябр ба қатори самти Маска -Душанбе ва рӯзи 27 октябр ба қатори Маскав - Хуҷанд ҳамла сурат гирифта, шишаҳои 6 вагони қатори самти Маскав - Душанбе ва ҳам шишаҳои ду вагону ресторани қатори Маскав -Хуҷандро шикастанд. Оқои Абдураҳмонов гуфт, «идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ин ҷаласа тасмим гирифт, ки вагонҳоро тармим намуда, сарфу харҷашро аз идораи роҳи оҳани Русия талаб кунад.»

М.Абдураҳмонов: Паиҳам ду ҳамла шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим


Ба иттилоъи идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, қатори "Маскав - Душанбе", ки шаби 26 октябр дар ҷануби Русия дучори ҳамлаи миллатгароён шуд. интизор меравад, шоми 30-юми октябр вориди Душанбе шавад.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия шоми 28 октябр хабар дод, ки рӯзи 26 октябр, соати 23:15 як гурӯҳи тақрибан 20-нафарии зоҳиран славянитабор дар истгоҳи фаннии истгоҳи роҳи оҳани Терновка ба қатори Маскав- Душанбе ҳамла кардаанд.Ба гуфтаи сафорат, бар асари ин ҳамла 20 шишаи тирезаи вагонҳоро шикаста, ба чандин мусофир осеби сабуки ҷисмонӣ расондаанд. Аммо Маҳмадюсуф Абдураҳмонов мегӯяд, касе аз мусофирон осеб надидааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат дар робита ба ҳамла ба қатори Тоҷикистон ба вазорати умури хориҷӣ нота фиристодааст. Оқои Эгамзод гуфт, дар ин нота аз ҳамлаи миллатгароҳо ба қатори Душанбе изҳори нигаронӣ ва аз вазорат даъват шудааст, ки ҳарчӣ зудтар ба ин қазия расидагӣ кунад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагарон мусофирони қатори Тоҷикистонро дашнома дода, шиорҳои қавмгароёна мезаданд. Сафорат мегӯяд, ходимони пулиси маҳаллӣ ҳамчун тамошобин канор истода, барои ҷилавгирӣ аз он чорае наандешидаанд. Бригадири қатори Маскав - Душанбе хостааст, дар бораи ин рухдод ба истгоҳи ояндаи Волгоград барқия бифиристад, вале барқияи ӯро ба ин далел ки байни Тоҷикистону Русия созишномае дар ин бора нест, ҳатто қабул накардаанд.

Гузашта аз ин, омадааст дар иттилоияи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ду корманди хадамоти назорати амният дар роҳҳои оҳани вилояти Астрахан, ки қатори Тоҷикистонро аз истгоҳи марзии Оқсарой то расиданаш ба Маскав ҳамроҳӣ мекарданд, низ чорае барои пешгирӣ аз ҳамлаи қавмгароён наандешиданд ва аз ин ҳодиса мақомоти масъулро хабардор ҳам накарданд.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, тавассути каналҳои дипломатӣ ба ҷониби Русия муроҷиат карда, қатъиян хостааст, ки ин зуҳуроти, ба таъбири ниҳоди дипломатии Тоҷикистон «бегонабадбинона»-ро, ки дар натиҷаи фориғболии мақомоти интизомӣ ва намояндагони роҳи оҳани Русияи ҷанубӣ дар вилояти Астрахан рух додааст, мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, аз ҷониби Русия ҷуброни хисороти моддии расида ба ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG