Пайвандҳои дастрасӣ

Сабабгори латтукӯби ду тоҷик бо ҳукми шартӣ халос шуд


Антон Гученко дар додгоҳ. Акс аз сомонаи "В курсе"

Антон Гученко дар додгоҳ. Акс аз сомонаи "В курсе"

Антон Гученко, ки як дурӯғаш сабаби ба кӯчаҳо рехтани издиҳом ва латтукӯби ду муҳоҷири тоҷик шуд, бо ҳукми додгоҳи кишвари Перми Русия ба 4 соли шартии зиндон ва пардохти 100 000 рубл ҷарима маҳкум шудааст.

Як сокини шаҳри Кунгури кишвари Перми Русия бо ҷурми даъват ба ифротгароӣ ва кӯшиши ташкили беназмиҳои омммавӣ дар шаҳри Перм ба 4 соли зиндони шартӣ ва 100 000 рубл ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳи кишвари Перм Антон Гученкоро бар асоси қисми якуми моддаи 280-ум (даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ) ва қисми якуми моддаи 212-ум (вайрон кардани тартиби баргузории тазоҳурот ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ) айбдор донист.

Ин ошпази 25-солаи вагон-ресторан ва сарбози собиқи нирӯҳои десантии артиши Русия ба ақидаҳои қавмгароёна пайравӣ мекард. Гуфта мешавад, Гученко дар моҳи январи соли 2014 бо пахши як хабари бардурӯғ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” дар бораи гӯё кушта шудани як сокини Перм аз дасти муҳоҷирон бо шиорҳои бегонабадбинона (ксенофобӣ) мардуми маҳаллиро ба саркӯби “бегонагон” даъват кардааст. Дар натиҷа, издиҳоми ҷамъшуда ду муҳоҷири тоҷикро зери мушту лагат гирифтаанд.

Гученко ин даъвати ифротгароёнаро дар Интернет бо номи мустаори “Максим Фирстов” нашр кардааст, вале пулис дар ҷараёнги таҳқиқот маълум кард, ки муаллиф дар асл Гученкост.

Матни даъвати Гученко чунин будааст:

«ДАВАЙТЕ УСТРОИМ ИМ ТЕМНУЮ ПРОСТО РАЗНЕСЕМ ЭТУ БАГАДЕЛЬНЮ, в воскресенье в 19.00 возле немо».

Дар натиҷа шоми 12 январи соли 2014 баъди нашри ин хабари бардурӯғ дар бораи “куштор” беш аз 100 нафар дар назди тарабхонаи “Немо”, ки гӯё сокини маҳаллиро дар назди он “кушта” бошанд, ба “народный сход” (“анҷумани мардумӣ”) ҷамъ мешаванд. Ин издиҳом таҳти шиорҳои зиддимуҳоҷирон ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони хориҷӣ мепардозанд ва, бино ба гузориши маркази “Сова”, иттифоқан ду муҳоҷири тоҷик ба дасти онҳо меафтанд ва таҳти латтукӯби шадид қарор мегиранд. Танҳо баъди дахолати нирӯҳои пулис ба мақомот муяссар шудааст, ки 134 нафар аз тазоҳургарон, аз ҷумла худи Гученкоро боздошт карда, бо ҳамин пеши роҳи ба хунрезиҳои боз ҳам бештар печидани даъвати мабнӣ бар дурӯғи Антон Гученкоро бигиранд.

Видеои таҷаммӯи мардум дар Перм бо шиорҳои зидди муҳоҷирон инҷост:

Марши қавмгароён дар Перм

Пулис, ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бо истифода аз фанновариҳои муосир тавонист изи ин ҷиноятро кушояд ва Антон Гученко – муаллифи аслии нашри хабари дурӯғи “куштор” ва даъвати мардум ба “торумор”-и муҳоҷиронро рӯи об барорад.

Гученко баъди боздошт ба гуноҳи худ иқрор кардааст, вале гуфтааст, зодагони Қафқозу Осиёи Марказиро дӯст намедорад. “Муносибат бо онҳо бароям хушоянда нест,” – гуфтааст Гученко ҳангоми бозпурсӣ дар бахши маҳаллии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия.

Аммо дар додгоҳ мустақиман ширкат кардани Антон Гученко дар латтукӯби ду муҳоҷири тоҷик, ки дар тангкӯчаи Баковый, 6-и шаҳри Перм, дар наздикии маҳалли таҷаммӯи қавмгароён бо даъвати ин ошпаз сурат гирифтааст, собит нашуд. Тафтишот гуфт, ҳамлагарон ба он ду тоҷик то ҳол ошкор нашудаанд ва аз ин рӯ, ин қазия ба як парвандаи алоҳида ҷудо карда шуд.

Парвандаи ин сарбози собиқи нирӯҳои десантӣ бо иттиҳоми даъват ба “погром” дар додгоҳи Перм дар ҳоле баррасӣ шуд, ки дар солҳои охир ҳомиёни ҳуқуқ аз афзоиши эҳсосоти қавмгароӣ ва бегонабадбинӣ дар ҷомиаи Русия ва афзоиши шумори пайравони созмонҳои тундрави қавмгаро дар ин кишвар изҳори нигаронии башиддат мекунанд.

Бино ба омори маркази “Сова”, ки мавридҳои хушунатҳо дар заминаи адовати қавмию нажодӣ ва бегонабадбинро пайгирӣ ва сабт мекунад, дар соли 2013 дар Русия аз ҳамлаҳои нажодпарастон ва қавмгароён 20 нафар кушта ва 173 нафар захмӣ шудаанд. 13 тан аз куштаҳо ва 39 тан аз захмиҳо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд, ки ба ақидаи ҳомиёин ҳуқуқ, беш аз ҳар гурӯҳи дигари мардуми муҳоҷир ҳадафи ҳамлаи скинҳедҳо қарор мегиранд. Дар нимаи аввали соли 2014, боз ҳам бино ба гузориши маркази “Сова”, бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгарою скинҳед дар Русия 13 нафар кушта ва 61 тан захмӣ шудаанд.

Мақомоти умури дохилаи Русия мегӯянд, дар ин кишвар дастикам 150 созмони ифротии қавмгаро амал мекунанд, ки аксаран ҷавононро муттаҳид кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҷамъи қавмгароён дар Русияро то 60 000 нафар баровард мекунанд ва мегӯянд, тақрибан нисфи қавмгароёни фаъоли ҷаҳони имрӯза маҳз дар Русия ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG