Пайвандҳои дастрасӣ

Путинро метавон дӯст дошт ё аз ӯ мутанаффир буд, аммо ӯ низ мисли Сталин ва Брежнев таҷассумгари як давраи муайяни таърихӣ аст.

"Владимир Путин дар хотири мардумаш бо ин нокомӣ боқӣ хоҳад монд, ки натавонист миллати русро аз камшавӣ наҷот диҳад”- менависад нашрияи Wall Street Journal. Бино бар маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2050 аҳолии Русия ба 116 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт, ки дар муқоиса бо соли 2000-ум, соле ки Путин ба қудрат расид, 30 миллион нафар камтар хоҳад буд.

Албатта, набояд Путинро гунаҳкори ин вазъият донист, зеро вақте ки ин мушкилот зуҳур кард, Путин ҳамагӣ як мактаббачаи ленинградӣ буд. Раванди коҳиши тӯли умри русҳо дар солҳои 60-ум шурӯъ шуд ва дар он солҳо сатҳи таваллуд ба андозаи назаррас поён рафт. Дар даврони фатҳи кайҳону мушаксозиву ифтихор аз Гагарин, ки Русия эътимод ба нафс ва иддаои бузургӣ дошт, майзадагӣ пояҳои ин миллатро хароб мекард.

Тибқи баъзе оморҳо, дар замони Шӯравӣ бинобар дилбастагӣ ба шароб, сеяки аҳолии қобили меҳнат ҳемеша хориҷ аз кор буд. Аммо ҳукумат барои пешгирӣ аз ин ҳолат то соли 1985, то замони ба қудрат расидани Михаил Горбачёв даст ба иқдоме назад.

Горбачёв амр кард, ки 90 дар сади мағозаҳои майфурӯширо бибанданд, ангурзорҳо решакан ва истеҳсоли шароб дар корхонаҳоро масдуд кунанд. Дар тӯли се соли баъди ин амр, умри русҳо тӯлонитар шуд ва таваллуд ба сатҳи рекордӣ расид. Бо он ки Горбачев тавонист солона 400 ҳазорро аз марг ба илллати майзадагӣ наҷот диҳад, ба хотири сиёсати зидди алкоҳол то ба ҳол мавриди сарзаниши мардум қарор дорад.

Вазъият баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам вахимтар шуд ва ҳеҷ имкон надошт, ки Путин аз ин раванд бехабар бошад. Аммо ӯ дар тӯли 13 сол кореро анҷом надод, ки авзоъро дигаргун кунад. Дар давраи бозсозӣ кӯдакони зиёде таваллуд шуданд, ки дар аҳди Путин ба синну соли репродуктивӣ, яъне падару модар шудан, расиданд. Таҳияи шароит барои ин қишр калиди ҳалли масъалаи демографӣ мебуд. Аммо Путин ин шансро аз даст дод, “занҳои соли таваллудашон 1985 ҳоло 28-сола шудаанд, ин ҳам дар ҳолест, ки занҳои рус баъди сисолагӣ бача зоидан намехоҳанд”, навиштааст Wall Street Journal.

Нашрия афзудааст, ки Путин бо пешниҳоди имтиёз, аз қабили бепул кардани муассисаҳои томактабӣ, таълими ройгон дар мадрасаҳо ва сохтори ройгони беҳдоштӣ бояд занҳои ҷавонро ба таваллуд таҳрик медод. Аммо талоши ба даст овардани райъи бештари овоздиҳандаҳо Путинро ба самти дигар бурд. Ӯ дурнамои демографиро қурбони ваъдаҳои боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва афзун кардани харҷи артиш кард. Ин ваъдаҳо харҷ доранд, харҷе, ки мебоист барои бачаҳо сарф мешуд.

Wall Street Journal мегӯяд, русҳо борҳо ба душманони худ - аз Наполеон гирифта то Ҳитлер - пирӯз шудаанд ва онҳое, ки мардумро дар ин ҷангҳо сарварӣ кардаанд, баъдан дар китоби таърих ҷойгоҳ ёфтанд. Аммо раҳбари кунунии Русия ҳамчун шахсе ба таърих ворид хоҳад шуд, ки натавонист мардумашро аз бадтарин душман - дилбастагӣ ба шароб - наҷот диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG