Пайвандҳои дастрасӣ

Тамоми талоши кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон барои дарёфти маоши панҷмоҳаи онҳо аз мақомоти ин пойгоҳ бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Шикояти кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон ба вазири мудофиаи Русия ва Владимр Путин, президенти ин кишвар дар заминаи пардохт нашудани маошашон, бо гузашти ду моҳ беҷавоб мондааст. Ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ дар пойгоҳи низомии Русия, дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба корҳои тармиму тозакорӣ машғуланд. Кормандон мегӯянд, бархе аз масъулони пойгоҳ ба онҳо гуфтаанд, то хатми низоъ дар Украина бояд сабр кунанд. Маоши кормандони маҳаллии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Икром Саидов, нафаре, ки худро тамизкорӣ пойгоҳи Русия дар Душанбе муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо намедонанд, ки таъхир дар пардохти маоши кормандони маҳаллии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба бӯҳрони Украина чӣ рабт дорад. Аммо се ҳафта пеш онҳо масъулини пойгоҳро огоҳ карданд, ки ба кор намебароянд ва ҳоло як ҳафта боз поккорӣ дар дар ин пойгоҳ даст кашидаанд. Ин мард гуфт, ки ӯро бештар аз даҳ нафари дигар ҳамроҳӣ мекарданд, гуфт: “Тамоми русу тоҷики ҳамин пойгоҳ аҳволи моро медонанд. Мо ба ҳама ҷой муроҷиати худро кардем. Расман ҳоло гуфтем, ки дигар кор намебароем. Бовар кунед, аҳволамон чандон хуб нест. Тасаввур кунед, ки бе гирифтани маош ба муддати панҷ моҳ зиндагии мо чӣ қадар душвор аст.”

Кормандони маҳалии пойгоҳи Русия дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ирсоли номаҳои шикоятӣ барои нагирифтани маош ва корпартоии бархе аз кормандони худро тасдиқ карданд. Самад Намозов, корманди дигари ин пойгоҳ аз шаҳри Кӯлоб гуфт: “Бисёри бачаҳо корпартоӣ кардаанд ва бисёр дигар корро тарк кардаанд. Ман ним моҳ шуд кор намеравам. Ҷои кор нест, вагарна аз ин қадар таҳқир безорем. Як ҷои камтар хубтар бошад, ҳеҷ кас бо ин хел шароит кор намекунад. Агар то пулро надиҳанд, шахсан ман дигар кор намеравам.”

Аммо масъулони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон мегӯянд, пардохт нашудани маоши ин кормандони маҳаллӣ ба бӯҳрони Укарина рабт надорад ва ҳеҷ корманди пойгоҳ ҳам чунин нагуфтааст, зеро пойгоҳ бо ширкати русии “Быт Сервис-плюс” шартнома дорад ва ин ширкат масъули пардохти маоши кормандон аст.

Игор Шербаков, як маъсули пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ афзуд, ӯ гуфта наметавонад, ки ин нафарон маош гирифтаанд ё на, аммо медонад, ки кормандон фаъолона кор мекунанд ва ҳудуди пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ҳамеша тоза ҳаст.

Шербаков гуфт: “Пойгоҳ масъули пардохт ба ин кормандон нест, балки ширкати “Быт Сервис-плюс” бо мо шартнома дорад ва мо пулро ба ин ширкат медиҳем. Ин ширкат ғайринизомӣ аст ва кормандонро барои корҳои озадагӣ ва сохтмони дар ҳудуди пойгоҳ ҷалб мекунад. Пойгоҳи Русия ҳар ӯҳдадорие, ки дар назди ин ширкат дорад, бо пешниҳоди ҳисоботаш аз корҳои анҷомдода, маблағро пардохт хоҳад кард”.

Дар ҳоле, ки ин намояндаи пойгоҳи низомии Русия мегӯяд, онҳо ҳаққи хидматро ба ширкати “Быт Сервис-плюс” медиҳанд, аммо намояндаи ин ширкат мегӯяд, онҳо бинобар дастрас накардани маблағ аз ин пойгоҳ ҳақи кормандони худро дода наметавонанд. Фатҳулло Тиллоев, намояндаи ширкати “Быт Сервис-плюс” дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, бинобар дастрас накардани маблағ чунин мушкил пеш омадааст. Аммо бо талаби шарҳи бештари ин мавзӯъ гуфт, ҳоло берун аз шаҳр ҳаст ва наметавонад, дар ин бора бо тафсил сӯҳбат кунад.

Бори аввал нест, ки кормандони ғайринизомии пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон аз нагирифтани маошашон сари вақт шиква мекунанд. Аммо ин бор панҷ моҳ тӯл кашидани пардохти маош ва посухи дақиқ нагирифтан аз масъулони ширкат ва пойгоҳ онҳоро нигарон кардааст.

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи ду ҷониба бояд то соли 2049 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистоон ҳудуди 7 ҳазор ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG