Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишнома бо Русия ҳукми иҷро гирифт, вале мушкилот мемонад


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, сар аз рӯзи 17-уми январи ҳамин сол созишномаи деринтизор дар бораи шароити ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳукми иҷро гирифт.

Ин созишнома ба муҳоҷирон иҷоза медиҳад, то 15 рӯз дар он кишвар бе сабти расмӣ бимонанд.

Вазорат рӯзи душанбе бо нашри баёнияе гуфт, ки мақомоти Русия санади расмӣ дар бораи анҷом ёфтани тамоми расмиёти дохилиро ба Тоҷикистон фиристодаанд ва бар асоси муқаррароти дипломатӣ аз ҳамон рӯз ин созишномаи муҳим ҳукми эътибор гирифтааст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо шарҳи ин санад Радиои Озодӣ гуфт:

“Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамакнун ҳақ доранд, давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд. Яъне вақте шаҳрванд бо ҳавопаймо ворид мешуд, бо тамом шудани 7 рӯз бояд худро дар қайд мегузошт, вале ҳоло шаҳрванд метавонад, бо билети ҳавопаймо 15 рӯз дар дохили Русия рафтуомад кунад ва баъди хатми ин мӯҳлат дар қайди мақомоти Русия гузорад.”

Созишномаи муҳоҷират ба иҷро даромад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

Вале агар муҳоҷири тоҷик дар ин мӯҳлат худро сабти ном накунад, мақомоти Русия ҳақ доранд, муҳоҷирро ба ҷавобгарии маъмурӣ бикашанд ва ҷазо диҳанд.

Созишнома дар бораи шароити ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия рӯзи 8 феврали соли 2013 ба имзо расид, бо гузаштаи тақрибан як сол мавриди иҷро қарор мегирад. Бо назардошти бюрократияи зиёд ва беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик, аксарияти онҳо, наметавонистанд, дар муддати 7 рӯз худро сабти ном кунанд ва аз ин рӯ ғайриихтиёр ба сафи афроди қонуншикан ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия шомил мешуданд. Бисёр шудааст, ки муҳоҷирони тоҷикро ба иллати ҳамингуна қонуншикании маъмурӣ аз Русия ихроҷ кардаанд ва таври маълум ингуна афрод ҳақ надоранд, барои 5 сол ба Русия бираванд. Ба гуфтаи намояндагони иттиҳодияҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, созишномаи нав ҳарчанд ба ҳадде рафту баргашти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро осонтар кунад ҳам, вале барои муҳоҷирони корӣ сабукии зиёде нахоҳад овард. Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Шахсоне ҳастанд, ки барои муолиҷаи беморӣ меоянд, ё ба хабаргирии фарзандонашон меоянд, шароити дар муддати 15 рӯз сабти ном карданро надоранд. Вале аз ҷиҳати стратегӣ ин санад барои будубоши шаҳрвандони тоҷик чандон осонӣ намеорад, чунки қонунгузории дохилии Русия имконият намедиҳад, муҳоҷирони корӣ ҳатто дар зарфи 15 рӯз ҳам ба таври қонунӣ худро ба қайд гузоранд. Чунки бошишгоҳҳое нест, ки муҳоҷирон дар онҷо барои иқомат сабти ном кунанд ва сипас ҳаққи кор бигиранд. Агар муҳоҷир нишонӣ надошта бошад , вай ҳаққи гирифтани иҷозаномаи кор ҳам надорад.»

Созишнома дар бораи шароити ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳанӯз моҳи октябр дар порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд. Ин созишнома яке аз бастаи санадҳое аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ивази тамдиди ҳузури пойгоҳи 201—уми Русия дар қаламрави худ барои имзо ба Маскав пешниҳод кард. Аммо ҳоло як санади дигари ин баста, яъне иҷозаи сесолаи кор ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳанӯз ҳукми эътибор нагирифтааст. Дар тарҳи ин ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Русия ва Тоҷикистон омадааст, дар сурати қарордоди расмӣ миёни кордеҳ ва коргар, тарафи Русия ҳақ дорад, ба шаҳрвандони Тоҷикистон на бештар аз 3 сол иҷоза кор бидиҳад. Айни замон Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз як тағйироти умдаи ахир дар қонунгузории дохилии Русия ёдрас шуд, ки кору сафар дар ин кишварро сахттар мекунад:

“Шаҳрванде, ки дар зарфи се моҳ иҷозати кор ё патентро дарёфт накунад, ҳатман дар зарфи 30 рӯзи баъдӣ ба яке аз кишварҳо, масалан Украина, Белорус ва ё Қазоқистон сафар мекард. Аммо тибқи тағйироти ахире, ки дар қонунгузорӣ ба амал омад, шаҳрванд агар дар зарфи се моҳ, ё патент ва ё иҷозаи кор нагирифт, бояд қаламрави Русияро тарк кунад ва ба кишвари саввум ҳам дигар рафта наметавонад, бояд ҳатман ба Тоҷикистон баргардад ва баъди се моҳи баъдӣ, ё амалан шаш моҳ метавонад, дигарбора вориди қаламрави Русия шавад."

Дар Русия бино ба гузоришҳо, тақрибан 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд, ки аксаран ноновари хонаводаҳои худ дар кишвар ҳастанд. Ҳузури муҳоҷирони зиёд дар кишвар ба як абзори сиёсии фишор барои Русия табдил шудааст, ки дар сурати пеш омадани масоиле дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, бо баҳонаи ба маҷро даровардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, шаҳрвандони тоҷикро дар он кишвар озору азият мекунад ва ё дастаҷамъӣ аз қаламраваш меронад.
XS
SM
MD
LG