Пайвандҳои дастрасӣ

70 соли ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон


Маросими пойгоҳи 201. Акс аз Avesta.tj

Маросими пойгоҳи 201. Акс аз Avesta.tj

Дар Душанбе аз солгарди 70-уми дар Тоҷикистон мустақар шудани пойгоҳи 201-уми артиши Русия таҷлил карданд. Ин пойгоҳ зоҳиран барои Душанбе дигарбора аҳамияти вижа пайдо мекунад.

Рӯзи 1 октябр дар маросиме дар шаҳри Душанбе аз солгарди 70-уми дар Тоҷикистон мустақар шудани пойгоҳи 201-ум(дар гузашта дивизияи 201-ум)-и артиши Русия таҷлил карданд. Муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Зариф Бобокалонов дар ин маросим пойгоҳи 201-уми Русияро “форпости қобили боварӣ дар марзҳои ҷанубии СНГ” ва “кафили амнияти Тоҷикистон ва минтақа номид.

Ӯ гуфтааст, пойгоҳи 201-ум “ҳам дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ, ҳам ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалиаш дар ҳайъати нирӯҳои Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон ва ҳам дар амалиёти ҳимоят аз сулҳ дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 намунаи хидмати бедареғ ба Ватанро нишон дод.”

Дивизияи 201-уми Артиши Шӯравӣ (маъруф ба Гатчинская дивизия) моҳи августи соли 1945, баъди анҷоми Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон мустақар шуд. Дар соли 1992, баъди суқути Шӯравӣ, азбаски Тоҷикистон аз мероси низомии СССР даст кашид, ин дивизия ба ихтиёри артиши Русия гузашт ва дар соли 2005 ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон табдили ном кард.

Бино ба гузориши хабаргузории ТАСС, дар маросими таҷлил аз солгарди пойгоҳи 201 дар маҳалли ситоди он дар шаҳри Душанбе ба муҷассамаи сарбозони ҳалокшудаи Русия гулчандбар гузоштанд. Ҳамчунин хишти аввали осорхонаи шӯҳрати ҷангии ин пойгоҳ гузошта шуд.

Коршиносони низомии рус мегӯянд, бурузи чолишҳои наве, чун таҳдиди ҷангиёни тундрави "Давлати исломӣ", пешравии Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ва ҳамин тавр, ҳаводиси ахири дохили Тоҷикистон, аз ҷумла ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, пойгоҳи 201-ро барои ҳукумати кунунии Душанбе дигарбора ҳойизи аҳамияти бештар мекунад. Хусусан бо дарназардошти сатҳи омодагии ҷангӣ ва иқтидори таслиҳотии нирӯҳои мусаллаҳи худи ин кишвар.

Маросими 70-солагии пойгоҳи 201. Акс аз Avesta.tj

Маросими 70-солагии пойгоҳи 201. Акс аз Avesta.tj

Александр Храмчихин, раҳбари Пажӯҳишгоҳи таҳлилҳои сиёсиву низомии Русия рӯзи 1 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Пойгоҳи 201 ба сурати умум дар амри таъмини амнияти Тоҷикистон нақши умда дорад. Ин чизи аз ҳама асосист. Аз тарафи дигар, ин пойгоҳ барои Русия низ ҳамчун як форпости хатти пеши ҷабҳа дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои имконпазирии ифротгароёни исломӣ ба Осиёи Марказӣ хидмат мекунад. Бештар сар боло кардани тундравон аҳамияти ин пойгоҳро боло мебарад. Ҳам барои Русия ва ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои он кишварҳои ин минтақа, ки узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд."

Дар Душанбе ба пойгоҳи 201-уми артиши Русия ҳамчун ба як омили муҳими таъмини суботу амнияти Тоҷикистон ва минтақа нигоҳ мекунанд. Аммо назари мунтақидон ба нақши ин пойгоҳ бахусус дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яксон нест. Онҳо ин пойгоҳро аз ҷумла ба он айбдор мекунанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бетараф набуд ва нирӯҳои Фронти халқӣ асосан бо кӯмаки тонку тӯпҳои ҳамин пойгоҳ ба пирӯзӣ ноил шуданд.

Солгарди 70-уми таъсиси пойгоҳи 201 дар ҳоле таҷлил мешавад, ки дар Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия – баҳси бастаи тағйирот ба қонуни ветеранҳо идома дорад. Бар асоси тарҳе, ки ахиран кумитаи кор, сиёсати иҷтимоӣ ва умури ветеранҳои Думаи давлатӣ тасвиб кард ва барои баррасӣ ба иҷлоси умумии парлумон фиристод, афсарони аскарони руси собиқадори амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистонро расман ва бидуни чуну чаро ҳамчун ветерани ҷанг эътироф хоҳанд шуд.

Акс аз солҳои 90

Акс аз солҳои 90

Русия то кунун ширкати нирӯҳояш дар амалиётҳои ҷангӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро расман эътироф намекард ва ин боис шуда буд, ки афсарону аскарони собиқи пойгоҳи 201 ва ҳамин тавр, нирӯҳои марзбонии Русия, ки то соли 2005 маъсулияти ҳимоят аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бар ӯҳда доштанд, дар Русия мақоми расмии ветеран ва имтиёзҳои марбут ба ин мақомро ба даст оварда наметавонистанд.

Вакилони парлумони Русия мегӯянд, аз тақрибан 21 500 сарбозу афсаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар ин кишвар адои хидмат кардаанд, то имрӯз танҳо ҳудуди 1500 нафараш ва он ҳам тавассути додгоҳ ва ба шарофати санадҳо дар бораи захмҳои дар ҷангҳо бардоштаашон ваё ордену медалҳои ҷангие, ки дар асноди онҳо факти ширкати онҳо дар амалиёти ҷангӣ тасдиқ мешавад, соҳиби унвони ветеран шудаанд.

Аммо ироаи бидуни чуну чарои мақоми ветеран ба ин аскарону афсарон метавонад ба маъное ҳам талаққӣ шавад, ки Русия ширкаташ дар ҷанги Тоҷикистонро билохира эътироф мекунад.

Руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия баъди имзои қарордод дар пойгоҳи 201. Октябри соли 2012

Руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия баъди имзои қарордод дар пойгоҳи 201. Октябри соли 2012

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бо ҳудуди 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран нақшаеро эълон кард, ки то соли 2020 то ба 9000 расондани шумори нирӯҳои пойгоҳи 201 ва навсозии таслиҳоти онро дар назар дорад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро дастикам то соли 2042 тамдид кард. Душанбе, бар асоси он қарордод, аз талаби пули иҷора аз ин пойгоҳ даст кашид ва ба тамоми афсарону аскаронаш аз ҳар навъ таъқиби ҷиноӣ дар қаламрави Тоҷикистон масунияти монанд ба масунияти дипломатӣ дод.

Қасри Миллат

Қасри Миллат

Гарнизони асосӣ ва ситоди марказии пойгоҳи низомии Русия қаблан дар маркази Душанбе ҷойгир шуда буд. Вале дар ибтидои солҳои 2000-ум ин гарнизонро аз маркази пойтахти Тоҷикистон ба канораҳои ҷанубии он дар маҳаллаи “Гипрозем” кӯчонданд. Ҳоло дар макони қаблии пойгоҳи Русия дар маркази Душанбе Қасри Миллат – қароргоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон – қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG