Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи тағйиру иловаҳои Қонуни соли 2012-и Русия, 23 000 низомии ин кишвар барои ширкат дар ҷанги солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон соҳиби имтиёзҳои собиқадори ҷанг мешаванд.

Аз 1 январи соли 2016, бино бар тағйиру иловаҳои қонуни Русия 23 000 шаҳрванди он, ки дар солҳои ҷанги Тоҷикистон дар ин кишвар хидмат кардаанд, мақоми иштирокчии ҷангро мегиранд. Қонун соли 2012 эътибор пайдо карда, то ҳоло 6 500 нафар бар пояи он дархости имтиёз кардаанд ва 1500 нафари онҳо муваффақ гаштааст.

Акнун Вазорати дифои Русия мехоҳад, тартиби додани мақоми иштирокчии ҷанг барои хидмат дар Тоҷикистон ба низомиёни пешини фирқаи 201 осон гардад. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ гоҳ мақомоти расмии Русия ширкати нируҳои вазорати дифои худро дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон эътироф накарда, таъкид медоштанд, ки низомиёни рус дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бетараф буданд.

Дар ин маврид нируҳои марзбонии Русия истисно дониста мешаванд, зеро онҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон мустақар буданд ва гаҳ-гоҳе мавриди ҳамла қарор мегирифтанд. Вале пешниҳоди Вазорати дифои Русия дар бораи соддатар кардани дарёфти мақоми иштирокчии ҷанг ба сарбозону афсарони лашкари 201 иртибот дорад, ки ҳоло ба пойгоҳи низомии 201 Русия табдил ёфтааст.

ПОСДОРОНИ СУЛҲ?

Генерали бознишаста Нуралишоҳ Назаров дар солҳои ҷанг фармондеҳи гурӯҳи муштараки нируҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Ин нируҳо аслан аз дастаҳои Фронти Халқӣ ташкил шуда буданд. Генерал Назаров баъд аз хатми ҷанг муддате фармондеҳии нируҳои марзбонии Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дошт. Вай мегӯяд, “нируҳои Русия он солҳо зери номи нируҳои посдори сулҳ дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва бояд нигаҳбонии муасссисаҳои

Нуралишоҳ Назаров

Нуралишоҳ Назаров

муҳими Тоҷикистонро таъмин менамуданд. Ба вазифаи онҳо ширкат дар амалиёти ҷангӣ дохил намешуд. Барои ҳамин чӣ тавр онҳо иштирокчии ҷанг ҳисоб мешаванд? Вале маълум буд, ки мухолифон ҳам яроқ мегирифтанд ва фронти халқӣ ҳам. Яроқро аз куҷо мегирифтанд? Аз низомиёни рус мегирифтанд. Лекин русҳо худашон бевосита дар ҷанг иштирок намекарданд. Рости гап, ман онро тасдиқ карда наметавонам”.

Бо вуҷуди ин, Нуралишоҳ Назаров яке аз намунаҳои ҷанг дар дараи Ромитро ба ёд меорад ва мегӯяд, “онҳо дар амалиёте нируҳои мухолифонро аз он ҷо берун рондаанд ва бовар доштанд, ки дигар мухолифон ба он ҷо баргашта наметавонанд. Вале баъд аз муддате онҳо пайдо мешуданд ва боз ҷангҳо давом мекард”.

Баъд аз хатми ҷангҳо ва оғози марҳилаи оштиву ошкорбаёнӣ ин генерали тоҷик дар сӯҳбатҳо аз фармондеҳони мухолифони пешин пурсидааст, ки чӣ тавр нируҳои мухолифон дубора ба ин минтақаи дурафтода бармегаштанд? Мухолифон эътироф мекардаанд, ки “ба чархболи нируҳои Русия пул додаанд ва чархбол онҳоро аз Афғонистон дубора ба он ҷо овардааст. Дар ин хел вақтҳо пул ҳам рол бозӣ мекарду маводи мухаддир ҳам. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки Русия дар ин ҷанг на ба таври мустақим, балки ғайримустақим иштирок дошт,” -- мегӯяд Нуралишоҳ Назаров.

ҶОИЗА БАРОИ "ХИЁНАТ"?

Каромат Шарифов он солҳо дар лашкари 201-и Русия дар Тоҷикистон раиси ситоди баталиони тонкҳо буд. Вай мегӯяд, “Тоҷикистон артиш надошт, лашкари 201-ро ҳам нагирифт. Барои ҳамин дар ихтиёри худ аслиҳа надошт. Вале дар солҳои ҷанг ин қадар аслиҳаи мухолифон ва фронти халқӣ аз куҷо пайдо шуд?”

Шарифов ҷангҳои водии Вахш, ба вижа ҷангҳо барои “озодӣ”-и Ғаровутӣ ва совхози Туркманистонро ба ёд меорад ва мегӯяд, “дар миёни

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов

афсарони рус “хоинон” ҳам пайдо шуданд ва чанд тонкро ба Сангак Сафаров “фурӯхтанд”. Дар ҳамин ҷангҳо яке аз афсарони рус ҷароҳат бардошт ва биноии худро аз даст дод”.

Ин нукта низ ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, ки пеш аз ҳукумати кунунӣ аз моҳи майи соли 1992 то охири моҳи ноябр як муддат ҳукумати муросои миллӣ дар сари қудрат буд ва ҷониби Русия ба таври расмӣ ба нируҳои онҳо низ миқдоре аслиҳаву муҳимот дода буд, зеро дар он марҳила нируҳои онҳо нируҳои ҳукуматӣ дониста мешуданд. Баъд аз иҷлосияи 16 Хуҷанд ин нируҳо ба мухолифон табдил ёфтанд ва миқдоре аз аслиҳаву муҳимотро бо худ ба водии Рашт ва Афғонистон бурданд.

ОН ГОҲ ТОҶИКИСТОН, ҲОЛО -- УКРАИНА?

Юрий Фёдоров, коршиноси умури низомии Русия дар ҷумҳурии Чех мегӯяд, “додани иштирокчии ҷанг эътирофи он аст, ки нируҳои мусаллаҳи Русия баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин ба андозаи кофӣ ва ба таври фаъол дар муноқишаҳои мухталиф дар кишварҳои Шӯравии пешин ширкат доштаанд. Пешниҳодҳо дар бораи додани мақоми иштирокчии ҷанг барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистон худаш гувоҳӣ медиҳад, ки Русия дар ин ҷангҳо ширкат кардааст.”

Юрий Фёдоров намуна меорад, ки ҳоло нируҳои Русия дар ҷангҳои шарқи Украина аз тарафи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ширкат доранд. Вале мақомоти расмӣ инро рад мекунанд. Бо гузашти солҳо иштирокчиёни ин муноқишаҳо низ барои худ имтиёз талаб мекунанд ва аз имкон дур нест, ки Русия барои онҳо низ бояд имтиёзу ҷоизаҳо диҳад ва он ҳам навъе эътирофи ғайримустақими ширкати Русия дар ҷангҳои шарқи Украина хоҳад буд.

ИМТИЁЗ БАРОИ ҶАНГАНДОЗӢ?

Олим Одилов, яке аз сухангӯёни нируҳои мухолифони пешини давлати Тоҷикистон аз додани мақоми иштирокчии ҷанг ба сарбозону афсарони Русия розӣ нест, зеро бо дарёфти ин мақом низомиёни рус ба ҳар гуна имтиёз дастрасӣ пайдо мекунанд. “Магар барои ҷанг андохтани миллате имтиёз ҳам медиҳанд? Онҳо рисолати дигар доштанд ва ин миссияро барои кишвари худ анҷом доданд ва акнун барои он имтиёз мегиранд. Ин ба маънои он аст, ки Русия дар ҷанги Тоҷикистон бо миссияи муайян ширкат кардааст”.

Қонуни Думаи Давлатӣ дар бораи мақоми иштирокчии ҷанг ва имтиёз барои онҳо моҳи сентябри соли 2011 ба тасвиб расид ва аз аввали соли 2012 эътибор пайдо кард. Каромат Шарифов мегӯяд, аз 1500 нафаре, ки то ҳол соҳиби имтиёз ва мақоми иштирокчии ҷанг шудаанд, баъзеашон бо талошҳои зиёд тавассути додгоҳҳо барои ҷароҳатҳои ҷангӣ ин мақомро гирифтаанд. Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 400 низомии нируҳои Русия ҷароҳат бардоштаанд ва 302 нафар ҷон бохтаанд. Ба ин рақамҳо ҳам нируҳои лашкари пешини 201 ва ҳам нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон дохил мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG