Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қариб 100 донишҷӯи тоҷикро "афв" кардааст


Як гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар Русия
Як гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик дар Русия

Мақомоти Русия мегӯянд, тақрибан 100 донишҷӯи тоҷикро, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум буданд, "афв" кардаанд ва онҳо акнун метавонанд озодона барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои худ баргарданд.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба тақрибан 100 донишҷӯи тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум буданд, имкони сафар ба он кишвар барои идомаи таҳсилро фароҳам овардааст. Владислав Маркевич, раҳбари намояндагии ин хадамот дар Душанберӯзи 1 октябр дар ҳошияи як нишасти минтақавии бахшида ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба хабаргузории РИА “Новости” гуфтааст, танҳо он донишҷӯёне, ки дар қаламрави Русия даст ба ягон аъмоли ҷиноӣ задаанд, мавриди чунин “афв” қарор нагирифтанд.

Анвар Бобоев, рааҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе дар маҷмӯъ аз Русия афви 272 000 шаҳрванди тоҷикро, ки тайи 3 соли охир бо ҷурми қонунвайронкуниҳои хурду реза, аксаран барои вайрон кардани қоидаҳои кор ё иқомат, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрм шудаанд, талаб дорад.

Вячеслав Маркевич гуфт, ба хотири баррасии масъалаи афви бархе шаҳрвандони тоҷике, ки аз Русия ихроҷ ё мамнӯъулвуруд шудаанд, Кумиссиюни муштараки Хадамотҳои муҳоҷирати Русияву Тоҷикистон ташкил шудааст. Маркевич гуфтааст, “мо масъалаи 5 категорияи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бо вуруд ба қаламрави Русия мушкил доранд, баррасӣ мекунем. Бахши асосии онҳо донишҷӯёнанд, ки дар бисёр мавридҳо аз сӯи раҳбарони мактабҳои олӣ сабти ном намешаванд ва гирифтори чунин мушкилот мегарданд.”

Донишҷӯёни тоҷики яке аз донишгоҳҳои Беларус
Донишҷӯёни тоҷики яке аз донишгоҳҳои Беларус

Охирин мавриди дар роҳи сафар ба Русия қазияи ҳудуди 20 донишҷӯи тоҷики мактабҳои олии Беларус буд, ки дар оғози соли нави таҳсил дар поёни моҳи август ва аввали сентябр мехостанд, аз тариқи Русия ба Беларус сафар кунанд, вале маълум шуд, ки онҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия афтодаанд ва наметавонанд вориди ин кишвар шаванд.

Комрон, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи информатика ва радиоэлектроникаи Беларусро, барои мисол, субҳи 1 сентябр ба далели вуҷуди номаш дар ин “рӯйхати сиёҳ” аз парвози Душанбе – Маскав пас гардонданд. Комрон дар сӯҳбат бо Озодӣ бо изҳори ҳайрат гуфт, “танҳо ду дафъа ва он ҳам ҳамчун транзит дар роҳи сафар ба таҳсил ва бозгашт аз Беларус вориди хоки Русия шудаам, вале имрӯз қабл аз парвоз аз масъулони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи Душанбе фаҳмидам, ки ҳамчун нафари мамнӯъулвуруд ҳаққи сафар ба Русия ва ҳатто ҳаққи убури қаламрави он кишварро надорам.”

Ҷаҳонгир Ашӯров, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи шаҳри Гроднои Беларус низ ба Озодӣ гуфта буд, ӯ ҳанӯз рӯзи 28 август ба парвози Душанбе – Маскав чипта гирифта буд, то сипас аз онҷо ба Гродно сафар кунад: “Лекин пеш аз ман як ҳамсабақамро аз Маскав гардонданд. Баъди ин ман ҳам рафта, номамро тафтиш кардам ва маълум шуд, ки ман ҳам дар “рӯйхати сиёҳ” будаам. Ба ин далел, чиптаамро супурдам ва ҳоло ба вазорати шуғли аҳолӣ муроҷиат кардем, ки ба мо дар роҳи рафъи ин мушкил кумак кунанд.”

Нурулло Маҳмадуллоев, муовини вазири шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин вазорат 4 донишҷӯ муроҷиат кардааст ва ҳоло онҳо барои ҳалли мушкили ин донишҷӯёни тоҷик дастбакор шудаанд: “Масъалаи донишҷӯёне, ки дар бахшҳои рӯзонаи мактабҳои олии Русия мехонанд, ҳаллшаванда аст. Фикр мекунам, баъди муроҷиати мо ба мақомоти Русия, онҳо имкони бозгашт ба маҳалли таҳсилашонро пайдо хоҳанд кард.”

Олег Вомсяк, мушовири сафири Беларус дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд донишҷӯён ҳангоми убури қаламрави Русия дар кортҳои муҳоҷират ба ҷои “транзит” худи Русияро ҳадафи сафари худ нишон додаанд ва ба ин далел дар “рӯйхати сиёҳ” афтодаанд.”

Аксари донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Беларус, аз ҷумла Комрон ва Ҷаҳонгир, баъдан аз тариқи Туркия худро ба Беларус расонданд ва ба таҳсилашон идома доданд.

Дар соли 2013 низ ҳудуди 80 донишҷӯи тоҷики мактабҳои олии худи Русия ба далели поймол кардани қоидаҳои иқомати ин кишвар ба “рӯйхати сиёҳ” афтоданд. Бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав 14 нафари онҳоро аз ин “рӯйхат” берун оварданд, вале даҳҳо нафари дигар аз ин шумор аз имкони идомаи таҳсил дар мактабҳои олии Русия маҳрум шуданд.

Дар мактабҳои олии Русия тақирбан 5 000 ва дар донишгоҳҳои Беларус ҳудуди 200 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG