Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муқаррароти будубошро нақз кардаанд


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ҳар хориҷии 10-ум дар ин кишвар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯянд, ки дар қаламрави ин кишвар “400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд”. Константин Ромодановский, раҳбари ин сохтор дар ҷаласаи кории ниҳоди зердасташ рӯзи 27-уми феврал гуфт, ки дар маҷмӯъ дар қаламрави Русия 3,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо нақзи муқаррароти буду бош ба сар мебаранд.

Бахши аъзами онҳо, ба қавли Ромадановский, шаҳрвандони Ӯзбакистон (наздики 900 ҳазор нафар), Украина (беш аз 500 ҳазор нафар) ва Тоҷикистон (400 ҳазор нафар) мебошанд. Вай гуфтааст, ки бовар меравад ин афрод ба таври ғайриқонунӣ кор мекунанд ва бахши аслии онҳо дар шаҳрҳои калон ба сар мебаранд. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, дар ҳудуди Русия 10,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебарад, ки ҳар нафари даҳумаш шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ки беш аз 4 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия на бо мақсади кор, балки бо ҳадафҳои дигар ба сар мебаранд.

Русия дар бист соли охир маҳалли аслии кории садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст, ки бо фирор аз бекорӣ ба он ҷо мераванд. Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар маблағ ирсол шудааст, ки бахши аъзами он ҳаққи муҳоҷирони корӣ мебошад.

Омори расмӣ мегӯяд, ки соли гузашта беш аз 800 ҳазор сокини Тоҷикистон бо ҳадафи дарёфти кор ба беруни кишвар муҳоҷират кардаанд ва макони асосии кори тоҷикистониҳо Русия мебошад. Дар сурати ба ҳақиқат ҷавобгӯ будани омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ҳар муҳоҷири дуюми тоҷик дар ин кишвар эҳтимолан ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебарад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки Русия 38 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳақи вуруд ба хоки кишвараш манъ кардааст. Рӯзи 27 феврал дар Душанбе муовини раиси ин хадамот Саидғуфрони Абдулло дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аксари ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби нақзи муқаррароти маъмурии будубош дар Русия аз ҳақи бозгашт ба ин кишвар барои мӯҳлати муайян маҳрум шудаанд. С. Абдулло гуфтааст, ки сухан асосан дар бораи нақзи қонуни федеролӣ “Дар бораи тартиби убуру мурур ба Русия” меравад.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG