Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Як зани тоҷик аз гриппи хук вафот кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳо, як зани 37-солаи Тоҷикистон шаби гузашта дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав аз бемории  гриппи хук даргузаштааст.

Расонаҳои Русия рӯзи 21 январ гузориш доданд, ки як зани 36-солаи зодаи Тоҷикистон шаби 20 ба 21 январ дар бахши реаниматсияи бемористони рақами 31-уми шаҳри Маскав бар асари вируси Н1N1 даргузаштааст. Ин вирус бештар бо номи гриппи хук маъруф аст ва гуфта мешавад, марги ин зан дар соли равон нахустин мавриди ҳалокат аз вируси гриппи хук дар Русия мебошад.

Нашрияи "Московский комсомолетс"-и чопи Маскав шоми 21 январ хабар дод, ки нафари фавтида Соҳиба Мустафоқулова ном дошта, якуним сол пеш ба Маскав омадааст. Онҳое ки бо ин зан дар як манзил иҷора менишастанд, ба ин нашрия гуфтаанд, ки Соҳиба чанд рӯз худро бад ҳис мекард ва рӯзи 13 январ ба бемористон афтод. Бино ба гузориши "Московский комсомолетс", Соҳиба Мустафоқулова соати даҳи шаби 20 ба 21 январ дар бемористони рақами 31 даргузаштааст.

Ҳамхонаҳои ин зан гуфтаанд, ки ӯ аз шавҳараш ҷудо шуда, як писари 10-сола дошт, ки дар Тоҷикистон монда, Маскав коркунӣ омада буд. Соҳиба тоза аснодашро барои гирифтани патент омода карда, мехостааст дар як коргоҳи дӯзандагии Маскав ба кор дарояд.

"Комсомолская правда" хабар дод, ки ин зан бо пневмонияи дутарафа бистарӣ шуда буд ва табибон барои табобати ӯ коре карда натавонистанд.

Дар бемористони рақами 31, воқеъ дар кӯчаи Лобачевскийи пойтахти Русия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари даргузашти як зани зодаи Тоҷикистон аз вируси гриппи хукро тасдиқ ё рад накарданд. Муовини сардухтури бемористони рақами 31 Римма Маслова ва як масъули бахши реаниматсияи бемористон танҳо гуфтанд, ки “чунин маълумотро бо телефон дода наметавонанд.”

Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо иттилои расмие дар бора гӯё аз бемории гриппи хук даргузаштани як зодаи Тоҷикистон нарасидааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд дар ин авохир дар бораи шуйӯъи вируси гриппи хук дар чанд вилояти бо Украина ҳаммарзи Русия гузоришҳо ба даст мерасид, вале то ҳол ягон маротиба дар бораи ба бемории гриппи хук гирифтор шудани кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш нашуда буд.

Аввалин шуда хабари даргузашти як шаҳрванди Тоҷикистонро сомонаи русии LifeNews бо такя ба манобеаш дар ниҳодҳои тандурустии шаҳри Маскав хабар дод. Ин нашрия рӯзи 21 январ навишт, ки ин зан дар ибтидои ҳафтаи равон бо аломатҳои пневмонияи ғайримуқаррарӣ ба бемористони рақами 31 оварда шуд ва таҳлили муқаддамотӣ дар банади ӯ вуҷуди штамми A/H1N1-ро нишон додааст. Баъди ин, зани маризро ба бахши реаниматсия хобондаанд, вале талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ натиҷа надодааст ва ӯ шаби 20 ба 21 январ вафот кардааст.

Нашри хабарҳо дар бораи нахустин мавриди фавти мариз аз гриппи хук дар Русия дар ҳолест, ки мақомоти тандурустии ин кишвар аз оғози сол дар бораи мавридҳои афзояндаи ба вируси H1N1 печидани афрод изҳори нигаронӣ мекунанд. Танҳо дар шаҳри Новий Уренгой 75 маврид ва дар Югра 6 мавриди гирифторӣ ба вируси гриппи хук сабт шудааст. Вазорати тандурустии Мордовия хабар дод, ки дар ин ҷумҳурӣ 11 мавриди печидан ба вируси гриппи хук ташхис шудааст.

Гриппи хук як навъи ғайримуқаррарии грипп аст, ки бори аввал дар соли 2009 рӯ зад. Дар он сол дар бораи ба вируси H1N1 – ангезандаи гриппи хук гирифтор шудани беш аз 250 ҳазор нафар дар 140 минтақаи дунё ва ҳалокати беш аз 2600 нафар аз ин вирус гузориш шуда буд.

Дар соли 2009 дар пайи шуйӯъи бемории гриппи хук вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз роҳ ёфтани вируси ин беморӣ ба кишвар як ситоди вижа таъсис ёфтааст ва доруву ваксинаҳо аз хориҷи кишвар низ оварда шудаанд, ки барои 59 дарсади аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG