Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои Русия авбошӣ дар ҳавопайморо ба тоҷикон рабт доданд


Чандин расонаи ахбори оми Русия занозанӣ дар ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии»-ро, ки аз Калининград ба Тошканд парвоз мекард, ба шаҳрвандони Тоҷикистон пайванд доданд.

Расонаҳои хабарии Русия мегӯянд, дар натиҷаи авбошӣ ва занозании байниҳамии ду мусофири сархуши ҳавопаймое, ки шаби 11-уми декабр аз Калининград ба Тошканд парвоз мекард, дар Самар фуруди фавқулода анҷом дод ва ин ду нафар аз идомаи парвоз маҳрум ва аз тарафи полис боздошт гаштанд. Ин дар ҳолест, ки байни Калининград ва Тоҷикистон ҳеч гуна хатти ҳавоӣ вуҷуд надорад.

«Интерфакс», радиои «Эхо Москви», шабакаи НТВ, сомонаи «Росбалт» ва расонаҳои дигар авбошонро шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, аммо дертар хабаргузории ТАСС ба нақл аз Хадамоти амнияти Русия ё ФСБ навишт, боздоштшудагон шаҳрвандони Узбакистонанд.

Гуфта мешавад, иттилои носаҳеҳ аз намояндагии полис пахш шудааст. Бархе аз расонаҳои русӣ ба ин хабар илова намуданд, ки ҳарду шаҳванди Тоҷикистон аз ҷумлаи ихроҷшудагон будаанд ва хамши худро ба сари мемҳондори ҳавопаймо ва мусофирони дигар рехтаанд. Аммо чанде аз расонаҳои дигар ба баҳси байни ду ҳамватан ишора мекунанд, ки оқибат ба занозанӣ кашондааст.

Расонаҳо ҳадс мезананд, ки авбошон барои 15 шабонарӯз зиндонӣ хоҳанд шуд.

Ин бори аввал нест, ки расонаҳои Русия воқеаҳои ҷиноиро дар навбати аввал ба шаҳрвандони Тоҷикистон рабт медиҳанд. Баъдан, вақте хабар дақиқ мешавад, на ҳамаи онҳо ба ислоҳи хабари аввалияи худ майл нишон медиҳанд. Ҳанӯз иттифоқ наафтодааст, ки расонаҳои Русия барои чунин амал узрхоҳӣ карда бошанд.

Дар як хабари имрӯза -- 14-уми декабр расонаҳои Санкт-Петербург аз занозании дастҷамъона дар як тарабхона хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо, дар натиҷааш 6 тан захмӣ шудаанд. Ин ҷо низ гуфта мешавад, ки ҷангараҳо "эҳтимолан" шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG