Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои танқиди Путин, хуш омадед ба “рӯйхатти сиёҳ”


Раҳбари ҳизби “Ватан”-и Русия, Алексей Журавлёв

Раҳбари ҳизби “Ватан”-и Русия, Алексей Журавлёв

Яке аз қонунгузорони миллатгарои Русия пешниҳод кард, онҳое, ки Русия ва раҳбарони онро танқид мекунанд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шаванд.

Раҳбари ҳизби “Ватан”-и Русия, Алексей Журавлёв пешниҳод кард, ба “Роскомнадзор”, ниҳоди дидбони матбуот дар ҳукумати Русия, иҷоза дода шавад, ки “рӯйхатти сиёҳ”-и танқидкунандагони Русия ва рабҳари ин давлатро омода кунад. Дар ҳоле ки додгоҳ маъқул донад, чунин хориҷиён аз гирифтани раводиди сафар ба Русия маҳрум гарданд. Ба ақидаи Журавлёв фарқ надорад, танқид дар матбуот садо дода бошад ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ин пешниҳод дар пайи ҷанҷоле ба миён омад, ки шабакаи телевизионии НТВ-и Русия як журналисти украиниро, ки дар гузашта борҳо дахолати Маскавро дар Украина танқид кардааст, ба кор гирифт. Ин журналист Даниил Грачёв дар намоиши телевизионии рӯзи 31 март аз гуфтаҳои худ даст кашид, изҳори пушаймонӣ кард ва узр хост.

Аммо Журавлёв мегӯяд, ин ҷанҷол нишон медиҳад, ки Русия бояд қоидаи берун кардани чунин шахсонро аз қаламрави худ дошта бошад. “Аввалаш, бояд ба чунин афрод иҷозаи вуруд ба Русияро надод. Хуб, узр хостааст, аммо ин гуфтаҳои қаблии ӯро дигар мекунад?” – савол гузошт Журавлёв.

Сипас ӯ тарҳи қонуни наверо омода кард, ки бино бар он Русия бояд матбуот ва шабакаҳои иҷтимоиро дидбонӣ ва мунаққидони худро рӯйихат кунад, зеро ин танқидҳо ба орбӯи Русия, рабҳарони асосӣ ва шаҳрвандони он зарба мезанад.

Пешниҳоди Журавлёв дар авҷи бегонабадбинӣ ва рӯҳияи зиддиғарбӣ дар Русия садо медиҳад, ки дар заминаи нақши Русия дар низои Украина ба вуҷуд омадааст. Бино бар назарсанҷиҳои ахири маркази Левада бархӯрди манфии сокинони Русия ба Иёлоти Муттаҳида, барои намуна, аз 44 дарсади январи соли 2014 ба 81 дарсади январи 2015 боло рафтааст.

Ҳизби “Ватан”-и Журавлёвро дар соли 2003 ноиби сарвазири Русия Дмитрий Рогозин таъсис дода буд, ки борҳо ба намояндагони миллатҳои дигар беэҳтиромӣ нишон додааст. Журавлёв, ки дар соли 2012 раҳбари ин ҳизб интихоб гашт, бо тарҳҳои миллатгароёнааш шӯҳрат дорад.

ВАСВАСАИ ҶОСУСҶӮӢ

Дар як соли охир ба камияш 5 пажӯҳишгари хориҷӣ аз Русия ихроҷ шуданд, ҷарима супурданд ё ҳушдори ихроҷ гирифтанд. Яке аз сабабҳо ин буда, ки пажӯҳишгарон бо раводиди ҷаҳонгардӣ ба Руси омада, дар китобхона ё бойгониҳои ин кишвар ба кори тадқиқотӣ машғул шудаанд. Дар баъзе мавридҳо олимонро бо вуҷуди дурустии ҳуҷҷатҳо, аммо бо иттиҳоми “хатар ба амнияти Русия” аз ин кишвар рондаанд.

Дабири матбуотии сафорати Амрико дар Русия Уилл Стивенс ба Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳҳои охир пажӯҳишгарони хориҷӣ ҳарчӣ бештар шикоят мекунанд, ки зери назорати шадиди мақомоти Русия афтодаанд.

Бархе аз онҳо аз дастрасӣ ба маводи бойгониҳои Русия маҳрум гаштанд. Таърихнигори маъруф, профессори фахрии Донишгоҳи Ню Йорк, Стивен Коэн мегӯяд: “Касе ки доктори илм шуданист, барои он ки комиссия рисолаи доктории ӯро бипазирад, бояд аз маводи бойгониҳои Русия истифода карда бошад. Бе ин намешавад.”

Дар ҳоле ки мақомоти Русия мегӯянд, аксари пажӯҳишгарон барои вайрон кардани қоидаҳои сафар ронда шудаанд, зеро бо раводиди ҷаҳонгардӣ ба кори илмӣ машғул шудаанд, профессори Донишгоҳи Калифорния Ҷон Арч Геттӣ мегӯяд, қонунҳои Русия инро манъ намекунанд ва афзоиши фишори мақомоти Русия ба пажӯҳишгарони хориҷӣ бештар ангезаи сиёсӣ дорад.

LifeNews , нашрияи наздик ба Кремл гуфтааст, пажӯҳишгарони хориҷӣ дар Русия машғули таҳияи “инқилоби ранга” дар ин кишваранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG