Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, барномаи нави таълимиро таҳия кардааст, ки бар асоси он тадриси забони русӣ дар куллия мактабҳои кишвар то як соат афзоиш дода хоҳад шуд.

Масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, барномаи нави таълимиро барои хонандагони мактабҳои миёна таҳия кардаанд, ки бар асоси он таълими забони русӣ як соат бештар хоҳад шуд.

Зулфия Сафарова -- масъули барномаҳои таълими забони русӣ ва англисӣ дар вазорати маориф ва илм, рӯзи 7 март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дод. Вай гуфт, дар сурати амалӣ шудани барномаи нав таълими забони русӣ дар мактабҳои миёнаи кишвар ба 3-4 соат дар як ҳафта баробар хоҳад гардид. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, дар мактабҳои миёнаи кишвар дар ҳафта аз ду то се бор дарси забони русӣ баргузор мешавад.

Ин масъули вазорати маориф ва илм гуфт, ниҳоди онҳо, инчунин, интизор аст, Русия ба дархосташон дар мавриди фиристодани муаллимони забони русӣ ҳарчӣ зуд посухи мусбат медиҳад: “Мо омода ҳастем натанҳо муаллимони забони русӣ, балки муаллимонро аз дигар фанҳои таълимӣ қабул кунем. Дар мактабҳои забони таълимашон русӣ мо тайёрем муаллимонро аз фанҳои химия физика ва математика ба кор қабул кунем.”

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Русия ба баррасии ин дархости ҷониби Тоҷикистон пардохта ва гуфтааст, имсол сад нафар аз хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистонро, ки забони русиро хуб медонанд, ба истироҳатгоҳи маъруфи “Артек” фиристад. Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия, дар ин марвид дар Комиссияи 13-уми ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия изҳори назар кардааст. Роҳбарии ин ҳайатро аз Тоҷикистон сарвазир Қоҳир Расулзода бар ӯҳда дошт.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз масъалаҳои матраҳшуда дар мулоқоти ҳайатҳои байниҳукуматӣ омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон будааст. Вай гуфт: “Русия дар мавриди ташкили мактабҳои таълимашон бо забони русӣ ва марказҳои омӯзиши ин забон изҳори омодагӣ кард. Ҳамчунин дархости Тоҷикистон ҷиҳати фиристодани муаллимони забони русиро мавриди омӯзиш қарор додааст.”

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои торнамои расмии ҳукумати Русия, Игор Шувалов мовини нахуствазири ин кишвар гуфтааст, онҳо омодаанд, дар ноҳияҳои Тоҷикистон, ки мехоҳанд Марказҳои омӯзиши забони бунёд кунанд, грант ҷудо намоянд. Шувалов гуфтааст, 100 нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон, ки дар олимпиада ва ё озмунҳои забони русӣ соҳиби ҷоиза мешаванд, аз ҳисоби Русия дар лагери Артек дар нимҷазираи илҳоқшудаи Қрим истироҳат хоҳанд кард. “Артек” истироҳатгоҳи машҳури ташкилоти пионерии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки наврасони аълохон аз тамоми қалаврави он дар истироҳат мекарданд.

Ӯ ҳамчунин ба вазорати маорифи Русия дастур додааст, як гурӯҳи ихтиёриён ва ё волонтёрҳоро аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби олии Русия барои таълими забони русӣ дар Тоҷикистон омода кунад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари худ дар соли 2013 ба Маскав аз мақомоти Русия дархост карда буд барои таълими забони русӣ дар Тоҷикистон муаллим фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон ин дархости худро зимни боздиди Валинтина Матвиенко - раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз Душанбе дар моҳи марти соли гузашта низ матраҳ карданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, аз хонум Матвиенко хост, 400 омӯзгори забони русиро ба Тоҷикистон бифиристанд. Аммо ин дархостҳои батакрори мақомдорони тоҷик то ба ҳол бе посух монда буд.

Ҳоло дар ҳамаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон забони русӣ омӯзонда мешавад ва таҳсил дар 166 мактаб комилан бо забони русӣ сурат мегирад. Тибқи омори нуфусшумории охир теъдоди рустаборон дар Тоҷикистон 35 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG