Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони русӣ - забони танҳо муҳоҷирон?


Муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони русӣ ниёз доранд
Муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони русӣ ниёз доранд

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи забони русӣ маҳдуд шуда ва умдатан ба забони муоширати муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтааст.

Маҳмуд Мирзоев, сокини дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, дар тӯли чордаҳ соли охир барои дарёфти кор ба Новосибирску Иркутск ва Улан-Удеи Русия сафар кардааст. Ӯ рӯзи 6 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, нахустин мушкиле, ки дар роҳи сафар ба Русия аз гиребони муҳоҷирон мегирад, надонистани забони русист.

"Ман дар мактаби деҳа забони русиро хонда будам. Аммо гап зада наметавонистам. Дар соли аввали муҳоҷиратам дар соли 2002 хеле азият кашидам. Баъдтар забони русиро ёд гирифтам, вале пурра не. Ҳоло ҳам баъзе калимаҳои русиро намефаҳмам," - мегӯяд ӯ.

Нозир Мирзосаидов, муҳоҷири кории тоҷик дар Перми Русия, дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, бештари муҳоҷирони тоҷик ба далели надонистани забони русӣ дар Русия кор пайдо карда натавониста ва мавриди таҳқиру азияти кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор мегиранд.

Намунаи саволҳои забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷик
Намунаи саволҳои забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷик

Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик "мушкили муҳоҷирон қабл аз ворид шудан ба Русия аз пур кардани корти муҳоҷират сар мешавад. Касе забони русиро намедонад, ҳуқуқаш поймол мешавад. Милиса ва кормандони дигари ҳифзи ҳуқуқ озору азият медиҳанд."

Мирзосаидов мегӯяд, шурӯъ аз аввалҳои соли 2015 дар қатори гирифтани патент ва суғуртаи ҳатмии саломатӣ бояд ҳар муҳоҷир имтиҳони забони русӣ ва таърихи Русияро супорад. Ӯ гуфт, ки ба сабаби хуб надонистани забони русӣ дар соли гузашта ҳудуди 100 муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Перм ихроҷ шуда ва ба ватан фиристода шудаанд.

Ин муҳоҷири тоҷик, ки дар имтиҳонот ширкат кардааст, гуфт, ба муҳоҷирон 20 савол дар бораи таърихи Русия, 20 савол аз забони русӣ ва 20 саволи дигар дар бораи қонунҳои ин кишвар дода мешавад. Агар муҳоҷир аз имтиҳон нагузашт, ба ӯ патент дода намешавад.

Зимнан, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои ин давлати абарқудрат буд, забони русӣ дар Тоҷикистон забони расмӣ ҳисоб ёфта ва муҳити шаҳри Душанбе комилан русӣ буд. Тамоми коргузорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ҳизби ҳокими коммунист ба забони русӣ сурат гирифта ва донандаи забони русӣ фарди фарҳангӣ ва шахсияти муҳим ҳисоб меёфт. Ҳатто дар деҳот пиразанҳою бузургсолон ба таври фаровон ба ҳангоми гуфтугӯ аз калимаю вожаҳои русӣ назири "посажир" (пассажир), "бошпурт" (паспорт), "вада" (вода), "нони хлеб" (хлеб) истифода мекарданд.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, мегӯяд, элита ё нухбагони тоҷик талош мекарданд, ки фарзандонашон аз кӯдакистон то мактби олӣ ба забони русӣ омӯзиш дида ва донандаи хуби забони русӣ шаванд. Зеро забони русӣ барои расидан ба мақому мансаб ё карера дар сохторҳои давлатӣ василаи аслӣ ҳисоб меёфт.

Дар пайи фурӯпошии Шӯравии пешин дар охирҳои соли 1991, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ва бӯҳрони шадиди иқтисодиро ба дунбол дошт, бештари сокинони русизабон Тоҷикистонро тарк карданд. Ба далели камбуди омӯзгорони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сатҳи омӯзиши ин зибон дар мактабҳо поин рафт. Нуралӣ Давлат мегӯяд, дар сурати идомаи ин вазъ мумкин аст наслҳои оянда ба омӯзиши забони русӣ камтар таваҷҷӯҳ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар қонунҳои Тоҷикистон забони русӣ дар ин кишвар забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Дар даҳаи солҳои 90-уми қарни гузашта забони англисӣ ва дар солҳои ахир забони чинӣ дар муҳити Тоҷикистон доираи муоширати забони русиро танг кардаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон хостори омӯзиши амиқи забонҳои англисию русӣ шуда ва барои мактабҳои миёнаи кишвар аз Русия 4000 устоди забони русиро даъват кардаанд, вале омӯзиши забони русӣ дар сатҳи поин қарор дошта ва танҳо муҳоҷирони корӣ ба далели ниёзҳои худ ба омӯзиши забони русӣ бештар таваҷҷӯҳ мекунанду бас.

XS
SM
MD
LG