Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

62 курси тайёрии муҳоҷирон ба имтиҳони забону таърихи Русия


Дар Тоҷикистон барои омодагии бештари муҳоҷироне, ки маҷбуранд имтиҳони забони русиву таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро бисупоранд, 62 давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил шудааст.

Барои омодагии бештари муҳоҷироне, ки бо имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия рӯбарӯ хоҳанд буд, дар Тоҷикистон 62 давраи кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис ёфтааст.

Хуршед Амонов, ҷавони 20-солаи тоҷик, ҳар моҳ 160 сомонӣ медиҳад, то забони русӣ, таърихи Русия ва қонунҳои асосии онро аз худ кунад. Ӯ мегӯяд, орзуи муҳоҷирати корӣ ба Русияро дорад ва акнун бе супурдани имтиҳон аз ин фанҳои асосӣ наметавонад дар он ҷо кору зиндагӣ намояд.

Аз нигоҳи ӯ ва даҳҳо ҷавони дигар таъсиси давраҳои омӯзишӣ як кори айни муддаост. Дар зимн, маҳфилҳои мазкур асосан дар коллеҷу литсейҳои касбӣ ва ҳамзамон марказҳои омӯзишии калонсолон, ки зери тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият мебаранд ва таҷрибаи хуби таълимӣ доранд, таъсис ёфтаанд.

Вале хатми давраи омӯзишӣ ба муҳоҷирон танҳо гувоҳнома медиҳад ва онҳо бояд дар Тоҷикистон ва ё Русия имтиҳон супоранд. Ин ҳол бархе аз хоҳишмандони таҳсилро дудила кардааст. Сироҷиддин, сокини шаҳри Душанбе, ки худро дар яке аз ин маҳфилҳо номнавис карда буд, феълан ба дарс рафтан намехоҳад. Вай мегӯяд: “Ман аввал ҳуҷҷатҳоямро супоридам, аммо баъд ба ман гуфтанд, ки пас аз ин марказро хондан боз дар кадом донишгоҳ курсҳои махсусро гузаштанам лозим аст, то ки аз ҳамон имтиҳон гузарам. Барои ҳамин, алҳол ҳайрон мондам, чӣ кор кунам ва чунин фикр дорам, шояд якбора ба ҳамон донишгоҳ равам?”

Хуршед Амонов

Хуршед Амонов

Гурӯҳи саввуми муҳоҷироне, ки ҳавасманди таҳсил дар ин давраҳои омӯзишиянд, мушкили дигар доранд. Онҳо 480 сомонӣ надоранд, ки ба ин марказҳо роҳ ёбанд.

Улфатмо Аҳмадова, муовини директори Муассисаи Давлатии маркази таълимии калонсолон дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Мо муҳоҷирони камбизоат ва дорои оилаи серфарзандро ба таври ройгон бо таҳсил фаро мегирем, лекин ин имконияти мо бисёр маҳдуд аст.” Ба гуфтаи Улфатмо Аҳмадова, иҷрои ин андеша бо мадади Раёсати шуғли аҳолии шаҳри Санкт-Петербурги Русия имконпазир гашт: “Дарсҳо аз 5-уми феврал шурӯъ шуданд ва онҳоро устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳҳои олии Тоҷикистон пеш мебаранд.”

Хонуми Аҳмадова меафзояд, ҳоло тақрибан 50 нафар дар ин маҳфилҳо таҳсил мекунанд, аммо шумори хоҳишмандон ба маротиб бештар аст. Эҳтимол меравад аз 202 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия пазируфта намешаванд, бахши умдае мушкилро дар забондонӣ мебинанд ва бо омӯзиши он дубора роҳии ин кишвар хоҳанд шуд. Вале чаро сатҳи омӯзиши забон дар мактабҳои таҳсили ҳамагонии Тоҷикистон ба андозае нест, ки онҳоро аз омӯзиш дубора бениёз гардонад?

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ омӯзиши фанни забони русӣ аз синфи 2 оғоз меёбад ва тибқи барномаи таълимӣ барои омӯзондани забони русӣ аз синфи 2 то 11 дар ҳаҷми 27 соат дарс дар 1 ҳафта ҷудо шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳукумат дар солҳои гуногун чандин барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро роҳандозӣ кардааст. Яке аз сабабҳоро коршиносон дар маҳдуд шудани ҳавзаи истифодаи забони русӣ дар кишвар мебинанд. Агар дар гузашта шаҳрвандон ҳамарӯза маҷбур мешуданд, аз ин забон истифода кунанд, ҳоло фазои муколама бо ин забон қариб намондааст.

Зулфия Сафарова, сармутахассиси раёсати томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм мегӯяд: “Чуноне ки маълум аст, баъди пош хурдани давлати Шӯравӣ ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми рустабор ва мутахассисони соҳаи мазкур аз Тоҷикистон рафтанд. Аз ҳамин хотир Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм кушиш карда истодааст, ки дубора мутахассисонро зиёд намояд, то ки ҷавонон барои ин ё он давлати хориҷа сафар кардан ба мушкил дучор нагарданд.”

Ин ҳам рӯшан аст, ки ҷавонони шаҳр назар ба деҳоти Тоҷикистон зиёдтар аз забони русӣ ва фаҳранги Русия огоҳӣ доранд. Як ҷавони тоҷик, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ин нуктаро эътироф намуд ва гуфт: “Воқеан ҷавононе, ки мактаби миёнаро дар деҳот хатм мекунанд дониши кофии русӣ надоранд. Масалан ман ва ҳамсолонам то ба донишгоҳҳои олӣ рафтанамон танҳо ду калима медонистем “привет” ва “до свидания”.

Дар ин зимн мусоҳиби мо аз Вазорати маориф ва илм қайд кард, "дар ин самт мо ду масъалаи муҳим дорем, ки роҳи ҳаллашро ёфта истодаем. Якум нарасидани адабиётҳои лозима ва он мутахассисоне, ки тавони дар деҳаҳои дурдаст кор карданро дошта бошанд”.

Вале таври маълум имтиҳони муҳоҷирони тоҷик ба ғайр аз забони русӣ таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия дар бар мегирад. Бисёриҳо изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки оё ба як муҳоҷири раҳрӯб ё ҳаммол донистани ин чизҳо то куҷо муҳим аст ва ахиран, расонаҳои Русия иқрор кардаанд, ба баъзе аз саволҳои имтиҳонҳои мазкур ҳатто хамткардагони мактабҳои Русия посух дода наметавонанд.

Ба ақидаи коршиноси мустақил Раҷаби Мирзо, ин талабот ду ҳадаф дошта метавонад. Яке ин ки бо саволҳои сахт “барои вуруди муҳоҷирон монеа эҷод кунад, ва дигар аз он нигоҳе, ки бо ин мехоҳад нуфузу обруи хешро байни дигар давлатҳо баланд бардорад.”

Ҳамзамон ҷаноби Мирзо ин ақидаро, ки шояд омӯзиши таъриху қонунҳои асосии Русия дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ҷорӣ гардад, рад намуд. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди таҳсили забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миёна ҷавонон ҳамоно ба давраҳои омӯзишӣ ниёз доранд. Шогирдони ин маҳфилҳо умедворанд, ки имтиҳонҳои ояндаро бо баҳои хуб хоҳанд супурд. Вале бархе аз онҳо нигаронанд, ки агар мақомоти Русия хоҳанд, барои ихроҷи муҳоҷирон бо вуҷуди баҳои аъло аз имтиҳонҳо ҳазор баҳонаи дигар пайдо карда метавонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG