Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мақоми забони русиро бекор карданиянд


Гурӯҳе аз донишмандони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ба хотири рушди забони миллии ин кишвар мақоми расмии забони русӣ аз байн бурда шавад.

Иддае аз донишмандони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ба хотири рушди забони қирғизӣ дар ин кишвар мақоми расмии забони русӣ аз байн бурда шавад.

Раиси Кумисюни миллии забони давлатии Қирғизистон Эгамбердӣ Эрматов мегӯяд, бо суистифода аз мақоми расмии забони русӣ вазорату идораҳои Қирғизистон амдан (қасдан) ҳуҷҷатҳои давлатиро ба забони қирғизӣ тарҷума намекунанд. "Агар мо мақоми расмии забони русиро бекор накунем, -- афзудааст Эрматов ба хабаргузории "Тенгринюз", -- кор ба ҳамин шева идома хоҳад ёфт".

Пешниҳоди лағви мақоми расмии забони русӣ мухолифати раиси Кумитаи ҳуқуқи инсон, қонунгузории конститутсионӣ ва низоми давлатии порлумони Қирғизистон Наталя Никитенкоро ба миён овардааст. Вай ёдовар шудааст, мақоми расмии забони русиро дар ин кишвар қонуни асосӣ фароҳам меорад ва дар Қирғизистон қонуне ба тасвиб расидааст, ки зимни он ҳама гуна тағйиру ислоҳи сарқонун то соли 2020 манъ аст.

Вале тарафдорони лағви мақоми расмии забони русӣ дар Қирғизистон мегӯянд, тағйиру ислоҳи қонуни асосӣ имконпазир аст. Ин дигаргунӣ метавонад бо роҳи назарсанҷии умумӣ амалӣ гардад. Барои пешниҳоди масъала ба референдум, тибқи қонун 300 ҳазор имзо зарур аст.

Пешниҳоди ахири донишмандони қирғиз вокунишҳои шадиди матбуоти Русияро ба миён овардааст.

Забони русӣ дар Қирғизистон яке аз ду забони расмии ин кишвар аст ва гуфта мешавад, аҳолии русизабони Қирғизистон аз рӯйи шумора ҷойи савумро мегирад. Бино бар саршумори аҳолӣ дар соли 2009, 48 дарсади аҳолӣ ба забони русӣ ҳарф мезанад.

Масъалаи густариши истифодаи забони қирғизиро Раиси Кумисюни миллии забони давлатии Қирғизистон Эгамбердӣ Эрматов дар як ҳамоише бахшида ба нақши ин забон дар эҷоди қонунҳо баррасӣ намуд. Вай афзуд, дар соли равон барои рушди қирғизӣ аз буҷаи давлат 3,9 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин тарҳи қонуне дар порлумони Қирғизистон ба тасвиб расидааст, ки бино бар он ҳамаи хидматчиёни давлатӣ сар аз соли 2016 бояд имтиҳони забони қирғизӣ супоранд ва онҳое, ки аз ин озмун намегузаранд, аз вазифа барканор хоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG