Пайвандҳои дастрасӣ

Саидҷонов дар боздошт, полис - сари кор


Саид Саидҷонов

Саид Саидҷонов

Нашрияи "Правда УрФо" муайян кардааст, ки кормандони раёсати Вазорати умури дохила дар минтақаи Ҳанти-Манси, ки дар латукӯби шадиди як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам шудаанд, ҳамоно дар сари коранд.

Як хабарнигори рус дар натиҷаи таҳқиқоти журналистии худ муайян кардааст, ки кормандони раёсати Вазорати умури дохила дар минтақаи Ҳанти-Мансийски Русия, ки дар латукӯби шадиди як шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам шудаанд, ҳамоно дар сари коранд. Алексей Остапов, журналисти нашрияи интернетии pravdaurfo.ru мушаххас кардааст, ки ду ходими хадамоти бозрасонии ин минтақа – Евгений Нарушев ва Анатолий Макаров ҳамоно сари кор буда, аз кор ихроҷ нашудаанд.

Дар матлабе зери унвони "Раҳбарияти сарраёсати ВКД вилояти мухтори Ҳанти-Мансийк - дар меҳвари моҷарои байналмилалӣ" (“Руководство ГУ МВД по ХМАО втянули в международный скандал»), муаллиф менависад, ки ходимони полисро, ки дар латукӯби Саид Саидҷонов гунаҳгор карданд, «танҳо дар сухан аз кор барканор карданд» ва дар асл ин ду нафар кори худро дар раёсати умури дохила идома медиҳанд. Радиои Озодӣ моҳе пеш хабар дода буд, дар як ҳодисаи рӯзи 31 январи соли 2015 дар шарҳи Ҳанти-Мансийск шаҳрванди Тоҷикистон Саид Саидҷонови 30-сола аз ҷониби ходимони полиси роҳ манъ карда мешавад. Гуноҳи ӯ нақзи қоидаи паркинги мошин дар яке аз хиёбонҳои ин шаҳр будааст.

Ин ду афсари полис Саидҷоновро чунон латукӯб мекунанд, ки амалиёти ҷарроҳии вай 7 соат тӯл мекашад ва ин сабтҳо баъдан дар наворҳои видеоии хиёбонӣ сабт мешавад. Муфаттишон қазияро аз рӯи моддаи «зиёдаравӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ» боз мекунанд ва ба

осори латукӯб дар тани Саидҷонов

осори латукӯб дар тани Саидҷонов

матбуот хабар медиҳанд, ки ин ду муҷрим дар идомаи тафтишот аз кор барканор мешаванд. Вале ҳоло, мегӯяд Остапов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Екатеринбург, қароргоҳи нашрияи pravdaurfo.ru, маълум мешавад, ки ҳарду ходимони полис сари кор мебошанд:

- Ман ҳафтаи гузашта маълумоте дастрас кардам, ки яке аз ин ходимони полис, ки дар латукӯби шадиди Саид Саидҷонов муттаҳам дониста мешавад, корашро идома медиҳад, ҳарчанд ӯ дар ин парванда ба унвони “гумонбар” ёд мешавад. Ҳатто маълум нест, ки нисбати ӯ айб пешниҳод шудааст, ё на. Барои ман ҳамин ҷиҳати масъалаи ҷолиб буд, ки чаро шахсе, ки як ронандаро дар кӯча, дар зери навори видеокамераҳо бегуноҳ латукӯб мекунад, ҳамоно метавонад кори худро идома диҳад? Вақте ман ба дафтари матбуоти раёсати Вазорати умури дохилаи Ҳанти-Мансийск муроҷиат кардам, дидам, ки ин масъала барояшон нороҳаткунанда аст. Онҳо ҳанӯз ба саволҳои ман посухи расмӣ надодаанд.

Остапов мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб, масъала дар ин аст, ки баъзе раҳбарони сохторҳои полис мехоҳанд гуноҳи ин ду нафарро пӯшонанд. Аз сӯи дигар, дар сохторҳои бозрасони давлатӣ ҳамеша масъалаи камбуди кормандон вуҷуд дорад ва шояд аз ҳамин сабаб ҳам мақомоти сохтори умури дохила онҳоро намехоҳанд аз кор дур кунанд. Журналист мегӯяд, ки бо вуҷуди пахши изҳороти расмӣ дар бораи аз кор барканор шудани ин ду ходими полис, онҳо кори худро мисли гузашта идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомии ҳуқуқи башар Сергей Петрушев, ки аз ҳуқуқи Саидҷонов ҳимоят мекунад, дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар боздоштгоҳи муваққате барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сургут нигаҳдорӣ мешавад ва бояд ба Тоҷикистон ихроҷ шавад. Ба иттилои Петрушев, Саидҷонов дар се мавриди нақзи муқаррароти маъмурии будубош дар Русия гунаҳгор дониста шуда, мавриди боздошт қарор гирифт ва баъди анҷоми таҳқиқи қазияи латукӯбаш бо иҷозати мақомоти тафтишотӣ ба Тоҷикистон ихроҷ мешавад.

- Аз боздошти ӯ 15-20 рӯз гузашт. Тафтишот гуфтааст, ки ӯ чандин бор ба нақзи муқаррароти маъмурӣ роҳ додааст ва акнун бояд ихроҷ шавад. Аз рӯи машварати Кумитаи тафтишотӣ ва Хадамоти федеролии муҳоҷират қарор шуд, ки Саидҷонов дар боздошт бимонад. Дар асл, агар шумо ба маводи тафтишотӣ ва изҳороти худи ходимони полис нигоҳ кунед, мебинед, ки маълумот якранг нест ва хеле баҳсбарангез аст. Вақте додситонӣ мегӯяд, ки ходимони полис ба зиёдаравӣ даст зада, шахси бегуноҳро лату кӯб кардаанд, Вазорати умури дохила мегӯяд, ки санҷиши хизматӣ нишон додааст, ки онҳо ҳеҷ кори ғайриқонуние накардаанд.

Петрушев мегӯяд, ки ба эҳтимоли ғолиб, ҳоло ходимони полис мехоҳанд, ки гуноҳи ҳамкорони худро пӯшонанд ва нагузоранд, ки онҳо муҷозот шаванд. Ҳанӯз додгоҳ баргузор нашудааст.

Ба иттилои ин фаъоли ҳуқуқи башар, эҳтимолан қарори боздошт ва ҳам дар нақзи муқарарроти маъмурӣ муттаҳам шудани Саидҷонов ҳам бо ҳамин ҳадаф карда шудааст, ки ин шахс билохира аз хоки Русия берун карда шуда, баъдан худи парванда баста шавад. Қазияи латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар як хиёбони Ҳанти-Мансийск мавриди таваҷҷӯҳи телевизиони маҳаллӣ ҳам қарор гирифтааст ва ҳоло ҳамин ду расона мехоҳад, ки аз полис бархӯрди одилонаро ба ин қазия ҷалб кунад.

“Як журналисти телевизиони маҳаллӣ ҳам бо таҳқиқи мӯшикофонаи ин ҳодиса машғул аст”, гуфт Петрушев. Саид Саидҷонов, зодаи рустои Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд феълан дар боздоштгоҳ аст ва танҳо дар рӯзу соатҳои муайян метавонад бо вакили дифоъ дар тамос шавад. Ӯ дар қаламрави Ҳанти-Мансийск бо корҳои мухталиф, аз ҷумла таксиронӣ машғул буд.

XS
SM
MD
LG