Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозии ҳунарпешаи маъруфи синамои Русия дар як навори видеоӣ бо кулоҳи низомии “Пресса” эътирози рӯзноманигоронро ба миён овард, аммо ӯ мегӯяд, тирандозӣ накардааст.

Ҳунарманди театр ва синамои Русия Михаил Пореченков, қаҳрамони филмҳои машҳур дар мавзуъи низомӣ бо акси нишонгирӣ аз мусалсал дар дар фурудгоҳи Донетски Украина дар дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Ҳамакнун вазорати умури дохилии Украина алайҳи ӯ аз рӯи банди 260, қисмати 4-и қонуни ҷиноии Украина – иштирок дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ парванди ҷиноӣ боз карда ва тасмим дорад ӯро ба Интерпол супорад.

Худи Пореченков мегӯяд, ки нишонгирии ӯ аз мусалсал як саҳнасозӣ буд ва тирҳо низ воқеӣ набуданд. Ӯ боз шудани як чунин парвандаро “девонагӣ” ва як маъракаи тарҳрезишуда унвон кард ва бо тамасхур гуфт, акнун ҳар бор ки чангакро ба даст мегирад аз ин нигарон хоҳад шуд, ки ӯро ҳатман террорист мехонанд.”

Дар шарҳи изҳороти матбуоти Украина, ки ҳунарманди русро ба ҳадаф гирифтани неруҳои ин кишвар муттҳам мекунад, Пореченков гуфтааст, “дар тули будубошаш дар Донетск ба сӯи касе тир холӣ накардааст, на дар фурудгоҳ ва на дар ҷойи дигар.” Пореченков иддао дорад, ки бо миссияи башардӯстона ба Донетск омада, доруворӣ ва филми «Поддубний»- ро бо худ овардааст, и намоиши он дар Украина мамнуъ аст. Ҳамзамон ӯ дар сӯбҳат бо телевизиони “Дожд” эътироф кардааст, ки тирҳояш нишонгир буданд.

Дар ин акси ҷанҷолӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст Пореченков дар сар кулоҳи филизии “Пресса” дорад ва аксаран ба ин назаранд, ки бо ин амалаш ӯ ҷони хабарнигоронро ба хатар гузошт. Аммо худи Порченков мегӯяд, ки дар фурудгоҳ ҳамеша тирпарронӣ ҷараён дошт ва ӯ маҷбур буд ин кулоҳи дастрасро ба сар кунад. Михаил Пореченков ҳунармандест, ки аз сиёсати Владимир Путин, раисҷуҳмури русия дар баробари Украина ва Қрим пуштибонӣ карда ва дар муроҷиатномаи чеҳраҳои ҳунар имзо гузоштааст. Ӯ 30-уми октябр ба гуфтаи худаш бо миссияи башардӯстона ба Донетск омад.

Қаҳрамони аслии филми машҳури “Ликвидатсия” ва муҷрии соби-и барномаи пурсару садои “Битва эктрасенсов» дар гузашта низ гуфта буд, ки ӯ чи тавр метавонад хориҷ аз сиёсат бошад, дар ҳоле ки синамо худаш сиёсат аст.”

Раҳбари Иттиҳоди рӯзноманигорони Маскав Павел Гусев рафтори ҳунарпешаи маъруфи синамои Русия Михаил Пореченковро шадидан маҳкум кард, ки ахиран бо сару либос ва кулоҳи низомӣ ба сар, ки дар рӯяш “Пресса” навишта шудааст, аз пулемети ҷудоихоҳони Украина дар Донетск тир холӣ мекунад.

“Мо хеле зиёд талаб мекардем, ки ба хабарнигорони мо либоси муҳофизатӣ ва барои ҳифзи сарашон кулоҳҳои махсус бидиҳанд, вале ногаҳон нафаре пайдо мешаввад, ки ҳамин либосро ба бар карда тирпаронӣ мекунад. Агар фардо ё пасфардо, худо накарда, хабарнигорони мо кушта ё ярадор шаванд, бигузор Пореченков бидонад, ки хуни онҳо дар гардани ӯст ва вай ҳақ надошт, ки ба даст силоҳ бигирад”. Гусев бо чунин изҳорот ба хабаргузории Интерфакс сӯҳбат кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки хабарнигор ҳақ надорад ба даст силоҳ бигирад, инро тамоми қонунҳои байналмилалӣ манъ кардаанд.

Гусев гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд, созмони журналистони Маскав ба Иттиҳоди синамогарони Русия муроҷиат карда аз онҳо дархост мекунад, ки чораандешӣ кунанд. Вай инчунин гуфт, ки созмони журналистон мунтазири узрхоҳии Пореченков мебошад.

Дигар хабарнигорон кори Пореченковро “бемасъулиятӣ” унвон кардаанд. Навори видеоие, ки Михаил Пореченков бо либоси низомӣ ва ҳам кулоҳи махсус аз пулемет тирандозӣ мекунад, рӯзи 30 октябр дар интернет пайдо шуд. Дар навор ӯ нахуст бо ҷудоиталабон хеле дӯстона сӯҳбат мекунад ва ба онҳо мегӯяд, ки ҷонибдори онҳост. Баъди ин ӯ чанд дафъа аз пулемет тир холӣ мекунад.

Баъди маҳкумияти шадид дар матбуот, Пореченков дар сӯҳбат бо “Эхо Москвы” гуфт, ки навиштаҷоти “Пресса”-ро дар кулоҳи низомиаш надидааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳама дар фикри таъмини амният буданд ва касе барояш ин кулоҳро дод. Вай гуфт, ки наворҳои сабтшудаи тирандозии ӯ дар фурудгоҳи Донетск сохтакорӣ шудаанд ва тире, ки ӯ холӣ кардааст, холӣ ё дурӯғин буд.

Пореченков афзуд, ки ба Донбасс барои муаррифии филми нави “Поддубний” рафта буд. Зимнан, мақомоти украинӣ пахши ин филмро дар қаламрави худ манъ карда гуфтаанд, ки ин намоишнома фашизму хушунатро таблиғ мекунад.

Дар нисбати Пореченков Вазорати умури дохилаи Украина парванда боз кардааст. Моҳи март Пореченков дар номаи ходимони фарҳанги Русия аз сиёсати Путин дар нисбати Украина тарафдорӣ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG