Пайвандҳои дастрасӣ

Марди рус ба амалиёти пайванди сараш ба ҷисми солим розӣ шуд


Валерий Спиридонов

Валерий Спиридонов

Валерий Спиридонов, як барномасози рус аз шаҳри Владимир ба нейрохирурги итолиёӣ Серҷио Канаверо ризоият додааст, ки амалиёти пайвандсозии сари худро ба ҷисми солим анҷом диҳад.

Валерий Спиридонов, як барномасози рус аз шаҳри Владимир ба нейрохирурги итолиёӣ Серҷио Канаверо ризоият додааст, ки амалиёти пайвандсозии сари худро ба ҷисми солим анҷом диҳад. Ин ҷавони 30-сола аз таваллудаш гирифтори бемории фалаҷи сутунмӯҳра мебошаду танаш рушд намекунад ва сол то сол аҳволаш сангинтар шуда, тавони идоракунии аъзои баданашро аз даст медиҳад.

Нашрияи бритониёии «Дейли мейл» рӯзи 8 апрел навишт, ки ҳоло Спиридонов омода шудааст дар амалиёти интиқоли сари худ ба ҷисми солими нафари дигар иштирок кунад, то ки шонсе барои зиндагии беҳтар пайдо шавад. Аз рӯи таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ, нафаре, ки маризии Спиридовро дорад, аз 20 сол бештар умр намебинад ва бо назардошти ин воқеият, ин ҷавони барномасози компютерӣ гуфтааст, ки мехоҳад шонси зиндагии дубораро аз даст надиҳад.

«Ман тамоми паёмадҳои ин амалиётро дарк мекунам ва мефаҳмам, ки хатарҳояш воқеан ҳам хеле зиёданд. Аммо агар кас хоҳад, ки кореро анҷом диҳад, бояд шахсан ин таҷрибаро пушти сар кунад», гуфтааст Спиридонов. Нейрохирурги маъруфи итолиёӣ Серҷио Канаверо ба ин назар аст, ки ҳоло тибби ҷаҳонӣ то ҳадде пешрафт кардааст, ки мешавад технологияи пайвандсозии сари як инсон ба инсони дигарро анҷом дод. Канаверо гуфтааст, ки ин амалиёт иҷрошаванда аст.

Ингуна ҷарроҳӣ, пеш аз ҳама барои наҷоти ҷони гирифторони фалаҷ лозим аст, мегӯяд духтур. Аз рӯи нақшаҳои ӯ, донори нафари бемор як шахсе шуда метавонад, ки дучори сакарот ё марги клиникӣ шудааст ва ё осеби сар дида дигар зинда намемонад ва ё ҷинояткоре буда метавонад, ки ба ҳукми эъдом маҳкум шудааст. Дар сурати иҷозати бемор, дар амалиёт сари ӯ аз тан ҷудо карда шуда ба тани донор пайванд мешавад. Баъдан бо «ширеши» махсуси биологӣ торҳои асаби мағзи сар бо ҷисми нав ва ниҳоят рагҳои хунгузар ба ҳам пайванд мешаванд.

Ҷарроҳи итолиёӣ ба муваффақияти ин амалиёт сад дар сад эътимод дорад. Дар навбати худ Спиридонов гуфтааст, ки беш аз ду соли охир бо ин духтур дар мукотибаи имейлӣ қарор дорад ва ба ин ақида аст, ки танҳо ҳамин ҷарроҳӣ метавонад барояш зиндагии дубора ато кунад. Феълан тахмин зада мешавад, ки ҷарроҳӣ соли 2016 бо арзиши 11 миллион доллар баргузор мешавад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҷузъиёти дигари ин хабар маълум нест, хабаргузории Тасс навиштааст, ки дар Чин озмоиши табдили сарро дар мушҳо баргузор кардаанд ва ин амалиёт қисман муваффақиятомез будааст. Дар ҳамин ҳол, баъзе матбуоти русӣ ин хабарро аз дидгоҳи ахлоқиву динӣ ба чолиш кашондаанд. Як қатор рӯҳониёни масеҳӣ дар Русия ингуна озмоишро ғайриахлоқӣ ва номумкин хонда, таъкид кардаанд, ки ҳақи бахшидани зиндагии дубора ба инсон танҳо дар дасти Худост ва ҳеҷ духтуре наметавонад ин масъулиятро ба дӯши худ бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG