Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи Тоҷик» талаб кардааст, ки ба ин нерӯгоҳ пули бештар пардохт кунад.

Масъулони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯянд, он маблағе, ки «Барқи Тоҷик» ба онҳо медиҳад ҳатто харҷи якшабонарӯзиашро намепӯшонад.

Ширкати «Сангтӯда-1», ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба Русия тааллуқ дорад, дар торнамои расмиаш гуфтааст, «Барқи Тоҷик» ҳар моҳ ба суратҳисоби ин нерӯгоҳ 10 миллион сомонӣ пардохт мекунад, дар ҳоле ки қарзи ин ширкат дар пеши "Сангтӯда-1" ба 388 миллион сомонӣ, муодили беш аз 80 миллион доллар расидааст.

Виктория Наумова, сухангӯи нерӯгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия, рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, он пуле, ки ширкати «Барқи Тоҷик» ба онҳо пардохт мекунад, ҳатто пули он барқе, ки ҳар моҳ ба хатҳои барқи Тоҷикистон дода истодаанд, намепӯшонад. "Чун талаботи аҳолӣ дар фасли зимистон ба барқ зиёд ва ҷамъоварии маблағ бештар мешавад. Мо умед дорем, ки «Барқи Тоҷик» ба суратҳисоби мо пули бештар гузаронад. Мо мехоҳем, ки «Барқи Тоҷик» ақалан пули ҳамон барқеро ки ин шабу рӯз нерӯгоҳи мо истеҳсол мекунад, пардохт кунад,» - гуфт сухангӯи ин нерӯгоҳ.

Дар ҳоли ҳозир, ширкати «Барқи Тоҷик» аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" беш аз 388 миллион сомонӣ ва аз нерӯгоҳи «Сангтуда -2», ки аз сӯи Эрон идора мешавад, ҳудуди 27 миллион доллар қарздор аст. Як манбаъи аршад дар сафорати Эрон ба шарти набурдани номаш дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи “Сангтӯда- 2” ба 27 миллион доллар расидааст ва ин қарз ҳар моҳ ҳудуди 1,5 миллион доллар зиёд мешавад. Ба таъкиди ин манбаъ, маҳз ба далели қарздории «Барқи Тоҷик» Эрон натавонист нақби «Истиқлол»-ро дар ҷодаи стротегии Душанбе - Хуҷанд бозсозӣ кунад.

Аммо масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ҳар гоҳе ин ширкат пули барқи масрафшударо пурра ҷамъоварӣ кунад, қарзҳояшро ҳам пардохт хоҳад кард. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, масъалаи пардохти қарз дар назди нерӯгоҳҳоро ҳар рӯз мутахассисони ин ширкат бо намояндагони худи ҳамин нерӯгоҳҳо баррасӣ мекунанд."Онҳо ин масъаларо ҳал мекунанд. Матбуот дар ин мавзӯъ набояд доварӣ кунанд. Ин кори мутахассисон аст," - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қабл аз оғози сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» масъулони соҳаи энергетика мегуфтанд, агар ин нерӯгоҳ сохта шавад, мушкили норасоии барқ дар Тоҷикистон ҳал мешавад. Маҳз ба ҳамин далел давлати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳанӯз дар солҳои 90 ба мардум саҳмия фурӯхта, ваъда дода буд, ки ин пулро ба сохтмони нерӯгоҳ масрф мекунад.

Ғуломиддин Сайфиддинов, энергетики собиқадори тоҷик мегӯяд, аз ҷиҳати назариявӣ он барқе, ки дар Тоҷикистон ҳоло истеҳсол мешавад, ҳоло ҳам барои аҳолӣ мерасад. Барои мисол, ҳиссаи масрафи барқ дар Душанбе ҳоло ҳам то ба дараҷаи замони Шӯравӣ нарасидааст. "Гузашта аз ин, ҳисобу китоби куҷо рафтани барқ дар мо чандон шаффоф нест. Замони Шӯравӣ ҳар як корхона ҳисобот медод, ки ҳар як киловатт-соат нерӯи барқро ба куҷо сарф кардааст? Ҳоло ин чиз нест," - гуфт Сайфиддинов.

Ӯ меафзояд, агар назорати куҷо сарф шудани барқ дар Тоҷикистон пурзӯр шавад, мушкили норасоии барқ қариб аз байн меравад.

Аммо Баҳром Сироҷев, собиқ раҳбари «Барқи Тоҷик» мегӯяд, норасоии барқ дар Тоҷикистон солона 2,5 - 3 миллиард киловатт/соат аст. Вай гуфт, нерӯгоҳи «Сангтӯда- 1» воқеан дар як сол қариб ҳамин миқдор барқ истеҳсол мекунад. "Аммо дефитсити барқ дар мо бештар дар 6 моҳи фасли сармо аст. Ин нерӯгоҳ бошад танҳо ҳудуди як миллиард киловатт/соати ин дефитситро мепӯшонаду халос," - илова кард оқои Сироҷев.

Раҳбари собиқи "Барқи Тоҷик" ҳамчунин гуфт, ягона роҳи халосии Тоҷикистон аз буҳрони барқ сохтани нерӯгоҳи Роғун аст. Чунки нерӯгоҳҳои хурду миёна имкони захираи обрао дар фасли сармо надоранд ва мушкили норасоии барқро дар зимистон пӯшонда наметавонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG