Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пойгоҳи 201 барои саркӯби эътирозҳо истифода намешавад"


Николай Бордюжа, Дабири кулли Паймони дастҷамъӣ.
Николай Бордюжа, Дабири кулли Паймони дастҷамъӣ.

Нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон барои саркӯб кардани рӯйдодҳои эътирозӣ дар ин кишвар истифода нахоҳанд шуд.

Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба рӯзномаи "Московские новости" гуфтааст, нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо ҳадафи саркӯб кардани рӯйдодҳои эътирозӣ, аз ҷумла дар сурати такрори нооромиҳои Хоруғ, истифода нахоҳанд шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Бордюжа, вазифаи нирӯҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон фақат кӯмак ба ин кишвар дар амри муқобила ба таҳдидҳои хориҷист. Тоҷикистон моҳи октябр замони ҳузури пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард.

Дар қарордоди имзошуда омадааст, нирӯҳои ин пойгоҳ метавонанд барои муқобила ба ҳамлаҳои хориҷӣ ва ҳам алайҳи таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ вориди амал шаванд.

Пойгоҳи низомии 201 бузургтарин пойгоҳи хушкигарди рус аст, ки соли 2004 дар пояи фирқаи 201 – и ин кишвар ташкил шуд. Он 7 ҳазор сарбозу афсари русро дарбар гирифта, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар аст.

Музокирот сари ин пойгоҳ миёни ду кишвар аз соли 2008 ба сахтӣ идома дошт ва ибтидои моҳи октябри соли равон ҳангоми сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон, миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар Созишномаи шароит ва мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин созишнома то соли 2042 будубоши ройгони ин пойгоҳро то 30 соли дигар тамдид кард.
XS
SM
MD
LG