Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллион рубл “кӯмаки хайрия” ба террористон


Дар Русия духтари 24-сола бо иттиҳоми ҷамъоварии маблағ барои террористон тавассути интернет боздошт шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Русия духтари 24-солаеро бо иттиҳоми кӯмак ба террористон боздошт карданд. Масъулини Хадамоти федеролии амният дар минтақаи Красноярск дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 26 март гуфтанд, ки духтари рус бо даъват ба анҷоми амалиёти террористӣ тавонистааст аз тариқи интернет аз афроди мухталиф беш аз як миллион рубл ҷамъоварӣ кунад. Марина Моисеева, сухангӯи ин хадамот дар Красноярск гуфт, ки кӯмаки молии ин духтар бояд барои пуштибонӣ аз зиндониёне равона мешуд, ки барои амалиёти террористӣ маҳкум шудаанд.


Духтари 24-солаи рустабор сокини ноҳияи Минусинский буда, гӯё бо лақаби “Мариям Заккиева” амал мекардааст. Зери ин ном ӯ дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте акси яке аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳам наворҳои видеоии мусаллаҳони дигарро нашр кардааст. Хадамоти федеролии амният мегӯяд, ки ин духтар бо шаҳру тафсири худ зери ин матолиб “аз терроризм пуштибонӣ карда ба анҷоми чунин амалҳо даъват мекард”.


Марина Моисеева гуфт, ки илова ба кори тарғиботӣ, вай ҳамчунин барои маблағгузории амалиёти террористӣ маблағ ҷамъ мекард, ки беш аз як миллион рублро ташкил додааст. Ин маблағҳо, ба иттиҳоми сохторҳои тафтишотӣ, барои “харидани” масъулин ва шахсиятҳо соҳибвазифа равона мешуд, ки дастандаркори умури зиндонҳо буданд. “Маблағҳоро тарафдорони идеяи терроризм медоданд”, мегӯяд тафтишот.


Ҳоло ин духтар дар боздошт аст ва дар сурати тасдиқ шудани гуноҳҳояш дар додгоҳ, ӯро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Тафсилоти дигари ин қазия нашр намешавад.
XS
SM
MD
LG