Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро муҳоҷирони тоҷик ба духтарони рус менигаранд?


Ксения Диодорова, як моҳро дар рустоҳои водии Бартанг сипарӣ кардааст.

Ксения Диодорова, як моҳро дар рустоҳои водии Бартанг сипарӣ кардааст.

Ксения Диодорова мегӯяд, мусибати баъзе аз мардум дар Русия ба айби муҳоҷирони тоҷик нест.

Рӯзи 26-уми июл дар шаҳри Маскав намоишгоҳи аксҳои аксбардори ҷавони рус Ксения Диодорова боз шуд, ки дар он зиндагиву кори муҳоҷирони тоҷик, бахусус муҳоҷирони бадахшонӣ инъикос шудааст. Намоишгоҳ дар кинотеатри “Пионер”-и Маскав то моҳи август идома меёбад ва ҳар нафар метавонад, ройгон онро тамошо кунад. Намоишгоҳи “Дар сардӣ” бахше аз тарҳи Ксения Диодорова тарроҳу аксбардори 29-сола аз шаҳри Санкт Петербург аст, ки як моҳ пеш дар Интернет гузошта шуд.
http://www.ozodi.org/content/russian-designers-memmories--after-trip-to-tsajik-badakhshan/25457742.html

https://www.youtube.com/watch?v=_12Y7V8oI6A

Дар ин муддат мардуми зиёде, дар робита ба зиндагии сахти муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия ва дар рустоҳои дурдасташон изҳори назар кардаанд ва аз ҷумла миллатгароёни рус, ки барои ин тарҳаш Ксения Диодороваро танқиду масхара кардаанд.

Аксбардори рус ҳам дар як навиштаи тӯлонӣ ба суолҳои миллатгароён дар бораи тоҷикон посухи дандоншикане дода ва онро дар саҳифаи худ дар Фейсбук нашр кардааст. Ксения Диодорова дар муқаддимаи посухаш шарҳи як нафарро овардааст, ки мегӯяд, “бояд ғами мардуми худамонро хӯрд, на ин касофатҳоро, зеро 70 дар сади ҷиноятҳоро дар Русия муҳоҷирон содир мекунанд, ҷойҳои кории моро мегиранд. Чаро мо бояд ғами ин кундаҳоро бихурем. Ҳамашонро бояд аз Русия гум кард.”

Ксения Диодорова дар посух ба чунин шарҳҳо дар бораи тарҳи “Дар сардӣ” ба чанд суоли “доғи” миллатгароён дар бораи тоҷикон посух дода ва дар саҳифаи худ нашр кардааст, ки чунинанд:

  1. Чаро тоҷикон ҷойҳои кории моро мегиранд?

“Ман аз 16-солагиам кор мекунам. Кӯдаконро нигоҳубин кардаам, дарси забони англисӣ ва риёзӣ додаам. Ҳангоми соли дуввуми таҳсил дар донишгоҳ мувофиқи ихтисосам кор ёфтам ва ба ҳайси тарроҳ дар як оҷонсии ваҳшатноки реклама корро шурӯъ кардам, ки на об дошту, на чойник, кормандонаш ҳам рӯ ба девор менишастанд ва ҳақ надоштанд, ки аз гӯшӣ (наушник) истифода кунанд. Мо барои фурӯшгоҳҳои “Карусел” ва “Пятерочки” бастаҳоро омода мекардем ва ҳар гоҳ, ки барои сигоркашӣ берун меомадем, мудири корхона пайдо мешуд ва мегуфт, ки “шумо инҷо кор кардан омадед ва ё барои сигоркашиву сӯҳбат”. Аз 16-солагиам ҳеҷ кас, боре ҳам ба ман пул надодааст. Ман 8 сол боз аст, ки студияи хусусии дизайн ва ё ороишро дорам ва мактаби тарроҳии моро 238 донишҷӯ хатм кардааст. Вақте зарур аст, ман метавонам 43 соат ва бе танаффус кор кунам. Ва ман наметарсам, ки касе ҷойи кории маро мегирад. Ба фикри ман бояд, бисёр ва хуб кор кард ва аз касе натарсид.”

  1. Барои чӣ онҳо дар ватани худ намесозанд ва кишвари мо меоянд, бигзор дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд?

“Агар дар Русия теъдоди муайяни тоҷикон ҳастанд, ин танҳо як маънӣ дорад, ки Русия ба онҳо эҳтиёҷ дорад ва будани онҳо зарур аст. На ба худи шумо, балки ба низоми Русия. Агар Русия ба тоҷикон эҳтиёҷ намедошт, онҳо дар инҷо набуданд. Ҳар як тоҷик ба давлат пул меорад. Дар Русия солона 1 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд ва ҳар яке аз онҳо солона 10 ҳазор рубл барои сабти ном, 30 ҳазор рубл барои иҷозаи кор, 5 ҳазор рубл барои санади донистани забони русӣ месупоранд. Яъне ҳар сол якуним миллион нафар дар маҷмӯъ 45 ҳазор рублӣ аз ҷайби худ мекашанд ва рӯи мизи шумо мегузоранд. Барои муҳоҷирони корӣ ҳадафмандона як коиноти беҳуқуқӣ, минтақаи махсусе офаридаанд, ки дар онҷо касеву чизе онҳоро ҳимоят намекунад, касе нест, ки муҳоҷирон ба ӯ муроҷиат кунанд ва ё чизеро ба ӯ собит кунанд. Ва бо вуҷуди ҳамин онҳо ба сохтани шаҳру роҳҳои мо идома медиҳанд ва гоҳе ин корҳоро бепул мекунанд. Ҳузури тоҷикон дар Русия ва ҳамингуна набудани имконоти рушд ва ҷойҳои корӣ дар ватанашон, кори давлатҳост, на бозии мо. Муҳоҷирон барои он меоянд, ки иҷоза доранд ва онҳо барои зинда мондан меоянд. Ҳамин аст, мантиқ. Пурсидан аз онҳо, ки чаро дар ватани худ нерӯгоҳи барқӣ намесозед, баробар ба ин аст, ки аз ман бипурсед, чаро ман аз ҳавлии худ ангишт намеканам ва чой намеҷӯшонам.”

  1. Чаро тоҷикон ба занҳои мо нигоҳ мекунанд?

“Аввал барои онҳое мегӯям, ки табиати занҳоро хуб намедонанд. Агар зане сина ва пойҳои худро нишон медиҳад, пас мехоҳад, ки ба ӯ нигоҳ кунанд. Агар ӯ нахоҳад, ки ба ӯ нигоҳ кунанд, либоси хоксорона мепӯшад ва ҳеҷ чизашро нишон намедиҳад. Яъне барои шумо шахсияти одаме муҳим аст, ки нигоҳ мекунад. Яъне ман мехоҳам, ки тоҷик ба ман нигоҳ накунад, балки фаронсавии даҳонаш пур аз ҳалазун (улитки) нигоҳ кунад. Дар ҳамаҷои дунё ба синаи зан нигоҳ мекунанд, дар Русия, дар Фаронса, дар Олмон, дар Сербистон ва ҳатто дар Амрико. Фақат ба шаклҳои гуногун назар меандозанд, зеро фарҳангҳояшон гуногун аст. Ҷавони оддӣ аз рустои Русия вақте ба шаҳр меояд, бо диққат ва рӯироист нигоҳ намекунад, зеро дар деҳааш ҳам дидааст, дар назди ҳамом, дар полез ва ё дар назди рӯдхона. Аммо ҷавони тоҷик надидааст, 23-сола шудааст, вале надидааст ва барои ҳамин бисёр бо диққат нигоҳ мекунад. Магар ин барои шумо ғайритабиист? Барои ман не. Ман 29-сола ҳастам ва дар умум се моҳ дар Гурҷистон, се моҳ дар Озарбойҷон ва як моҳ дар Тоҷикистон ва як моҳ бо лӯлиёни андалусӣ тани танҳо зиндагӣ кардаам. Дар ин муддат ҳеҷ касе бо як сухан ва ё бо як рафтор шаъну шарафи маро паст назадааст, зеро ман фарҳанги бегонаро эҳтиром мекунам ва мардумро инро дарк мекунанд. “

  1. Чаро фарзандони мо бо фарзандони тоҷикон дар як мактаб мехонанд?

“Агар мардумони гуногун, аққалиятҳои гуногун бо ҳам намеомехтанд, дар он сурат насли зебои одамӣ пур аз нуқсу камбудиҳо мебуд. Агар зуҳури фарҳангҳои дигар дар сарзамини шумо бароятон бад аст, пас биёед, осорхонаи “Эрмитаж” ва 95 дар сади ресторанҳоро бубандем. Агар барои мо танҳо ҳама чизи олӣ ҷолиб бошад, пас ин фашизм аст, на чизи дигар. “

Онҳо рӯи фарш мехобанд, чаро мо онҳоро эҳтиром кунем?

“Мардуми суннатии тамоми дунё, сар аз Ховари Миёна то ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рӯи фарш мехобанд. Инсон рӯи фарш ҳамон қадар мехобад, ки умр ба ӯ иҷоза медиҳад. Ин як ҷузъи фарҳанг аст. Мо ба фикр кардан дар ҳадди як чаҳорчӯб одат кардаем. Кӣ ба мо ҳақ додааст, ки бар асоси муқаррароте, ки худамон дуруст мешуморем баҳо бидиҳем, ки як нафар донотар аз каси дигар аст. Ба эътиқоди ман, ба ҳар инсон зарур аст, ки ҳар рӯз як шетка гирифта ва субҳу шом, худро покиза кунад. Барои ман муҳим нест, ки дигарон чӣ мекунанд, ё ҳамсоя чӣ гуна бодирингашро об медиҳад, ман дар бораи бодирингҳои худам фикр мекунам.

Поккории хобгоҳҳои муҳоҷирон, мову фарзандони мо ва ин кишварро хушбахт намекунад. Агар бачаҳои тоҷик бо онҳо ба як мактаб нараванд, фарзандони шумо зиёдтару самимитар ханда намекунанд, маоши шумо баландтар намешавад, кормандони шумо беҳтар кор намекунанд, ҳамсари шумо ғизои хушмаззатар намепазад ва шуморо бештар бӯса намекунад. Дар бораи он фикр кунед, ки фардо аз тахти хобатон мехезед ва ҷаҳони шумо танҳо ба он вобаста аст, ки чӣ кор мекунед, чӣ мегӯед ва ҳар дақиқа дар бораи чӣ фикр мекунед. Ба ҳамин эътиқод дошта бошед. Дӯст доред, кишт кунед, субҳ ба хайр бигӯед, бихандед ва худоро шукр бигӯед. Тоҷикон инҷо ҳеҷ гуноҳе надоранд.”

Онҳое, ки мехоҳанд, дар анҷоми тарҳ кӯмак кунанд, аз ин роҳ метавонанд, саҳми худро дар такмили тарҳи "Дар сардӣ" бигузоранд.

https://boomstarter.ru/projects/109811/dokumentalnaya_kniga_o_trudovyh_migrantah_v_holode

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG