Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" ба шикофтани чоҳи гази "Шаҳринав -1" шурӯъ кард


Рӯзи сешанбе ширкати «Газпром»-и Русия ба парма кардани чоҳи газ дар манбаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав оғоз кард. Дар ин маросим, мақомоти Тоҷикистон ва ҳайати Русия дар раъси Алексей Миллер, мудири иҷроияи ширкати «Газпром»-и Русия ҳузур доштанд.

Алексей Миллер дар робита ба захира ва фановариҳои истифода бурдаи Газпром дар ин манбаъ гуфт:

«Ин чуқуртарин чоҳи газ дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ аст, ки чуқурии он 6300 метрро ташкил хоҳад дод. «Газпром» барои иҷрои ин кор навтарин дастгоҳу таҷҳизотро насб кардааст. Мо аҳамият доштани гази худӣ барои Тоҷикистонро эҳсос мекунем ва бино ба иттилое, ки мо дар даст дорем, дар манбаи Сариқамиш аз 60 то 80 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст. Ва агар мо ба истихроҷи саноии газ дар ин манбаъ даст ёбем, Тоҷикистон метавонад ҳудуди 50 сол худро бо гази табиии худаш таъмин кунад.»

Ахиран Сергей Шматко, вазири энержии Русия гуфта буд, ки ӯ ба вуҷуди захираи зиёди нафту газ дар Тоҷикистон шак дорад ва ширкати «Газпром» дар кашфу истихроҷи газ дар Тоҷикистон муваффақ нахоҳад шуд.

Ҳадсу гумонҳо дар мавриди захираҳои Тоҷикистон

Эмомалӣ Аслов, раиси раёсати истихроҷи нафту гази вазорати энержӣ ва саноии Тоҷикистон ҳам ба ҳамин назар аст ва ба эътиқоди вай ҳоло дар бораи захираи ғании нафту газ дар Тоҷикистон ҳарф задан пеш аз вақт аст:

«Ин ҳама пешгӯи аст, чоҳ парма кардан даркор, пас аз он ва пайдоиши газ ё нафт ва парма кардани чоҳҳои баҳрабардорӣ, мо метавонеи бигӯем, ки чи қадар захира дорем ва чи қадари онро мо метавонем истифода кунем. Ҳоло мо наметавонем бигӯем, ки чи қадар захира дорем.»

Ин масъала ва мавзӯи сармоягузории ширкати «Газпром» дар кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистонро дар гуфтугӯ бо Алексей Миллер, раиси ширкати Газпром дар миён гузоштам.

Ҷаноби Миллер афзуд: «Мо ба натиҷаи кашфиёти худ мутмаин ҳастем ва имтинон дорем, ки ба истихроҷи саноии газ дар минтақаи Сариқамиш даст хоҳем ёфт. Ба назари мо, танҳо захираи манбаи Сариқамиш метавонад Тоҷикистонро ҳудуди 50 сол бо газ таъмин кунад. Ҳоло он, ки мо дар се манбаъи дигар дар ҷануби Тоҷикистон корҳои иктишофиро идома медиҳем.»

Ҷаноби Миллер афзуд, мо имрӯз бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи идомаи корҳои пажуҳишӣ дар шимолӣ Тоҷикстон, дар манбаҳои дорои захоири нафт низ ба тавофуқ расидем.

Тоҷикистон аз гази ҳамсоягон бениёз мешавад

Ҷаноби Миллер гуфт, ҳамчунин бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи омӯзиши кадрҳои ин ҷумҳурӣ дар бахши нафту газ дар Русия ба тавофуқ расидем.

Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи Тоҷик ба вуҷуди захоири қобили мулоҳизаи нафту газ дар Тоҷикистон мутмаин аст.

Ҷаноби Иброҳим гуфт: «Тибқи оморе, ки мо дар даст дорем, метавон гуфт, ки кадом манбаҳо чи миқдор захира доранд, масалан дар бархе аз конҳо 30 миллиард метри мукааб газ тахмин зада мешавад, ки агар захираи яке аз ҳамин конҳоро истифода барем ва соле то як миллиард метри мукааб газ истеҳсол кунем, аз ниёзмандӣ ба гази воридотӣ аз Узбакистон 6-7 сол бениёз хоҳем шуд.»

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, иттилооти ба дастомада аз пажуҳишҳои худӣ ва 4 ширкати хориҷӣ, ширкати «Газпром»-и Русия, «Tethys Petroleum”-и Канада , “Marvis”-и Сингапур ва ширкати муштараки “Somonoil’, ки ба кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон машғуланд, дар ин ҷумҳури захираи то се триллион метри мукаааб газ тахмин зада мешавад. Дар ҳоли ҳозир ширкати «Tethys Petroleum» барои кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳудуди 19 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

"Сарозери"- и сармояи зарурӣ ба Тоҷикистон

Ду сол қабл, замони ба Тоҷикистон ворид шудани ширкати «Газпром», миёни Тоҷикистон ва ин ширкат дар бораи 500 миллион доллар сармояҳои ин ширкат дар ин бахш тавофуқ шуда буд.

Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром» пас аз дидору гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки "Газпром” даҳҳо миллион долларро ба ҳайси сармоя барои истихроҷи газ дар Тоҷикистон ихтисос додааст.

Ҷаноби Миллер афзуд : «Ман мехоҳам шуморо мутақоид кунам, ки «Газпром» ҳамон қадар сармояҳои худро дар ин замина ба Тоҷикистон сарозер хоҳад кард, ки ҳамон қадар зарур бошад. Ба ин далел, ки Тоҷикистон шарики стратегии мост.»

Ба гуфтаи Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи тоҷик, вуҷуди захираҳои ғании нафту газ дар Тоҷикистон кашфиёти нав нест, балки ин захираҳо дар замони шӯравӣ низ пешгӯи шуда буданд. Вале он замон фановариҳои истихроҷи нафту газ дар умқи 6-7 ҳазор метрӣ вуҷуд надошт ва ҳоло ширкати «Газпром»-и Русия аз ин тавон бархурдор аст.
XS
SM
MD
LG