Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Русия: “Донишгоҳи славянӣ бояд аттестатсия шавад”


Навбати дари сафорати Русия

Навбати дари сафорати Русия

Дмитрий Кабаев - мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло қоидаҳои додани шаҳрвандӣ, аз ҷумла сертификати забони русӣ дигар шудааст.

Ҷаноби Кабаев, ки рӯзи 11 июл ба пурсиши Озодӣ аз тариқи телефон посух медод, гуфт, ҳамаи марказҳои таҳияи сертификати забони русӣ имтиҳон мешаванд ва то Донишгоҳи славянӣ ҳам аз ин санҷиш нагузарад, сафорат сертификатҳояшро қонунӣ намешуморад. Мушовири сафорат тахмин зад, ки эҳтимолан ин мушкил дар ду ҳафтаи дигар ҳал шавад.


Посухи намояндаи Русия аввалин шарҳест, ки дар заминаи манъи эътирофи сертификат ё гувоҳномаи тасдиқи дониши забони русӣ аз тарафи консулгарии ин кишвар пахш шудааст. Як идда шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши дарёфти шаҳрвандии Русияро доранд, мегӯянд, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон сертификатҳои тасдиқи дониши забони русиро, ки Донишгоҳи славянӣ ба онҳо додааст, эътироф намекунад. Сертификати забондонӣ аз санадҳои ҳатмӣ барои дарёфти шаҳрвандии Русия номбар мешавад.

Субҳи 11 июл даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар назди сафорати Русия ҷамъ омада, аз консулгарии ин кишвар хостанд, гувоҳиномаи забондонии онҳоро, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия додааст, эътироф кунад. Онҳо мегӯянд, 4 моҳ боз миёни консулгарӣ ва Донишгоҳи славянӣ сарсонанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ин масъала як баҳона барои надодани шаҳрвандӣ аст ё ягон иллати фаннӣ?


Акбар Солиев - сокини ноҳияи Турсунзода, ки дар назди консулгарии Русия бо сертификати Донишгоҳи славянӣ мунтазири посух буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Вақте мо ба сафорат омадему пурсидем, ки чӣ ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандӣ зарур аст, онҳо гуфтанд, сертификати тасдиқи дониши забони русӣ, ки онро аз Донишгоҳи соловиянӣ мешавад гирифт. Рафта дар ин донишгоҳ бар ивази 300 сомонӣ имтиҳон супурда, сертификат гирифтем. Ин сертификатро қабул накарданд ва гуфтанд, коғазаш бесифат аст. Баъдан рафта дубора дар коғази дигар сертификатро гирифтем. Акнун мегӯянд, сертификати Донишгоҳи славяниро комилан қабул намекунем.»

Солиев мегӯяд, акнун онҳо пули барои имтиҳони забони русӣ супурдаашонро низ аз Донишгоҳи словиянӣ бозпас гирифта наметавонанд, то ин ки дар донишгоҳи дигар имтиҳон супуранд ва гувоҳнома бигиранд.

Айни чунин шикоятро даҳҳо шаҳрванди дигар низ дар сӯҳбат бо мо иброз доштанд. Ҳамроҳи Акбар тақрибан 50 нафари дигар низ буданд, ки мегуфтанд, консулгарии Русия асноди онҳоро низ напазируфтааст. Онҳо мегӯянд, шумораи чунин сертификатҳо аз 4 ҳазор гузаштааст ва онҳо то ҳол наметавонанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд. Донишгоҳи славянӣ тайи шаш соли охир бо дархости сафорати Русия аз довталабони шаҳрвандии Русия имтиҳон гирифта, ба онҳо гувоҳинома медиҳад.

Хусрав Шанбезода, муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, ки баъди шикояти сафорати Русия онҳо аз коғазҳои сертификатро иваз карданд, аммо бо сабабҳои номаълум тайи се моҳи ахир аз қабули сертификат сарпечӣ мекунанд: «10 рӯз қабл ректори мо бо сафири Русия дар ин масъала мулоқот карданд ва ҷаноби сафир гуфт, ки ҳеҷ масъала нест, сертификатҳоро қабул хоҳанд кард, лекин бубинед, пас аз ваъдаи сафир ҳам сертификатҳоро намепазиранд.»

Ҳоло Донишгоҳи славянӣ то замони пайдо кардани роҳи ҳал додани сертификат ба шаҳрвандонро манъ кардааст. Ҷаноби Шанбезода гуфт, ним сол қабл сафорат сертификатҳои донишгоҳро бо баҳонаи кӯҳна будани кодаш баргардонд, вале Донишгоҳи славянӣ ба вазорати маорифи Русия муроҷиат кард ва идораи «Госзнак»-и он кишвар барои сертификат коди нав дод ва то моҳи апрел сертификатҳо бидуни ҳеҷ мушкил қабул мешуданд.


Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, дар як соли охир беш аз се ҳазор сокини вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар бораи сокинони вилояти Суғду Бадахшон барои пазируфтани шаҳрвандии Русия иттилоъи дақиқ дар даст нест, аммо ин рақам ҳам то 2000 нафар тахмин зада мешавад.

Асосан афроде ба гирифтани душаҳрвандӣ ноил мегарданд, ки забони русиро хуб медонанд ва соҳиби ихтисосе ҳастанд, ки метавонад рӯзгори онҳоро дар Русия таъмин кунад. Гуфта мешавад, як бахши аъзами онҳо пизишк, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва муаллимонанд.
XS
SM
MD
LG