Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норозигии Шойгу аз таъхир дар бунёди иншоотҳои Пойгоҳи 201


Барои ширкат дар ҷаласаи вазирони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, вазири дифои Русия, Сергей Шойгу ба Тоҷикистон сафар кард.

Вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу вориди Душанбе шуд, то дар ҷаласаи вазирони кишварҳои узв дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат кунад. Дар ин ҳамоиш, ки қарор аст, рӯзи 4-уми июн баргузор шавад, натиҷаҳои размоиши ногаҳонии нерӯҳои вокуниши сареи ин эътилофи ҳарбӣ, ки аз 12 то 22-юми май дар Тоҷикистон, вазъи амниятии Осиёи Марказӣ, таъмини субот дар Афғонистон ва хатарҳои марбут ба фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, ба хусус созмони “Давлати исломӣ” баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои СПАД Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои ҳарбии байни ду кишварро баҳс хоҳад кард. Интизор меравад дар поёни ин мулоқот санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расанд. Гуфта мешавад, яке аз санадҳои имзомешуда ба ҳамкории низомиёни пойгоҳи 201-и Русия бо низомиёни Вазорати дифои Тоҷикистон дар хатти дуввуми ҳифзи марз рабт мегирад.

Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, “дар хатти дуюми дифоъ аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нируҳои вазорати дифои Тоҷикистон қарор доранд. Фардо сарнавишти санадҳои имзомешуда дар ҷараёни мулоқоти вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия маълум хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи раиси дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия Игор Конашенков интизор меравад, ки вазирони дифои СПАД роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узвро дар рӯбарӯи таҳдидҳои нави амниятӣ баҳс хоҳанд кард. Паймони амнияти дастаҷамъӣ созмони низомиест, ки 6 кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад.

Шойгу, ки баъд аз нимирӯзии 3-юми июн вориди Тоҷикистон шуд, нахуст аз қисми низомии дар Душанбе воқеъ будаи пойгоҳи 201−и Русия дидан намуд. Дар ин пойгоҳ вазири дифои Русия гузориши фармондеҳони пойгоҳи 201−ро дар мавриди иҷрои барномаи рушди ин пойгоҳ барои давраи то соли 2020 шунида, пасон, шахсан рафти корҳои сохтмонии бемористони низомӣ, биноҳои маишии пойгоҳ ва омодагии ҳарбии афсарону аскаронро мавриди омӯзиш қарор дод.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия зимни дидан аз ҷараёни сохтмони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе талаб кард, ки сохтмони беморхона ва хобгоҳу дигар биноҳои маишии пойгоҳ чаҳор моҳ қабл аз мӯҳлати муайяншуда анҷом дода шавад.

Тавре шабакаҳои телевизонии Русия аз ҷараёни боздиди Шойгу дар Пойгоҳи 201-ум иттилоъ доданд, вай баъди шунидани гузориши фармондеҳии пойгоҳи 201 оид ба ҷараёни сохтмони беморхонаи ҳарбӣ ва хобгоҳ барои сарбозони шартномавӣ, дар мавриди ба дарозо кашидани сохтмонҳо, изҳори норозигӣ кард. Вазири дифои Русия таъкид кардааст, ки бояд сохтмони госпитал ва хобгоҳи сарбозони шартномавӣ чаҳор моҳ қабл, яъне то моҳи сентябри соли равон пурра анҷом дода шавад. Қарор буд ин сохтмонҳо дар поёни моҳи декабр ба истифода дода шаванд

Гуфта мешавад, ки хобгоҳи Пойгоҳи 201-уми Русия барои 1000 сарбози шартномавӣ сохта хоҳад шуд ва тавре расонаҳои Русия хабар медиҳанд, талабгорони хизмат намудан дар ин пойгоҳ афзоиш ёфтааст. Пойгоҳи 201-и Русия бо тақрибан 6000 аскару афсар, бузургтарин пойгоҳи хориҷии заминии нирӯҳои мусаллаҳи Русия ба шумор меравад.

Размоиши ногаҳонии нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоле баргузор гашт, ки ахиран вилоятҳои шимолии Афғонистон нооромтар шудаанд ва ҳамакнун дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон дар миёни Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон даргириҳои шадид идома доранд.

Як мояи нигаронии мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ин аст, ки дар сафҳои Толибон ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳузур доранд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки доманаи даргириҳо ба ин сӯи марз густариш биёбад. Ин аст, ки таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби баргузор кардани тамринҳои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ҳам хатарҳои эҳтимолии ношӣ аз Афғонистон аст.

Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷуз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд. Аз замони таъсисаш дар соли 1992 ин нерӯ дар ҳалли ҳеҷ як аз низоъҳои минтақаӣ иштирок накардааст.

XS
SM
MD
LG