Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воҳидҳои пойгоҳи 201-ро аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа берун мебаранд?


Дар сурати ҳукми иҷро гирифтани созишнома дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, масъалаи аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа берун бурдани воҳидҳои пойгоҳ баррасӣ мешавад.

Масъалае, ки солҳои тӯлонӣ баҳсу кашмакаш дар атрофи он идома дошт. Дар созишномаи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа 19 апрел дар Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия тасвиб кард, зикр шудааст, ки ду тараф метавонанд, масъалаи “берун бурдани воҳидҳои низомии пойгоҳ аз қаламравҳои маъмурии шаҳрҳоҳи Кулоб ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлонро” дар муддати 5 сол баррасӣ кунанд.

Ҳузури воҳидҳои низомӣ дар дили ду шаҳри ҷанубӣ ва аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон солҳои дароз баҳс барангехта ва сабаби норизоиятии мардуми маҳаллӣ низ шудааст. Мақомот мегуфтанд, ки ҳеҷ кишваре дар байни шаҳр воҳиди низомиро ба далели амниятӣ ҷойгир намекунанд ва дигар ин ки ҳаракати зиреҳпӯшу тонк, роҳҳои ҳарду шаҳрро вайрон кардааст ва ҳузури низомиёни зиёд дар дохили шаҳр дар дили сокинону меҳмонон эҳсоси ноамнӣ бедор мекунад.

Аз дохили партовҳои воҳидҳои низомии Русия дар ҳарду шаҳр аҳёнан маводи тарканда ҳам ёфтаанд, ки ба марги чанд сокини маҳаллӣ ҳам сабаб шудааст. Моҳи декабри соли гузашта мақомоти Кӯлоб гуфта буданд, ки як мошини мутаалиқ ба низомиёни Русияро боздошт карданд, ки партобро ба дохили рӯдхонаи Ёхсу мерехт ва дар натиҷа кор то ба раҳбарияти пойгоҳи низомӣ кашид ва баъд аз он чунин ҳодисаҳо такрор нашуд.

Қабл аз имзои созишнома дар бораи шароит ва ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук дар номаи дастаҷамъие ба унвони раиси ҷумҳур ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон хоста буданд, ки воҳидҳои низомии пойгоҳи Русияро, ки бештар аз 7 ҳазор сарбоз дорад, аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба дигар маҳалҳо кучонанд, зеро вуҷуди онҳо дар манотиқи сераҳолӣ ба манфиати мардум нест.

Дар чанд соли пеш ҳангоми аз маркази Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба ҳошияи шаҳр кӯчондани низомиёни рус, матбуоти расмиву мустақили Русия ғавғову ҳаёҳуеро барпо карда ва гуфта буданд, ки “русҳоро аз маркази Душанбе” меронанд.

Аммо то замони аз маркази Кӯлобу Қӯрғонтеппа берун бурдани воҳидҳои низомии пойгоҳи 201-уми Русия, роҳи дарозе дар пеш аст, зеро созишнома дар бораи ҳузури ин пойгоҳ дар порлумони Тоҷикистон тасвиб нашудааст ва маълум нест, ки кай ба дасти Маҷлиси Намояндагон хоҳад расид?
XS
SM
MD
LG