Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқи якҷониба"-и тоҷикон ба Русия


Акс аз бойгонӣ. Акс аз намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Русия.
Акс аз бойгонӣ. Акс аз намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Русия.

Як назарпурсӣ муайян кардааст, ки қисми зиёди русҳо аз узвияти Тоҷикистон ба Созмони иқтисодии Авруосиё, ки ахиран таъсис ёфт, ҷонибдорӣ намекунанд.

Ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зид будани 86 дар сади сокинони Русия пурсишҳоеро роҷеъ ба имиҷи Тоҷикистон дар Русия халқ мекунад. Он ҳам дар ҳоле ки аксари ширкаткунандагонни ин назарсанҷии ВТСИОМ, Маркази умумируссиягии омӯзиши афкори ом, аз вуруди Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистону Молдова ва ҳатто Узбакистон ба ин иттиҳод истиқбол кардаанд.

Ду моҳ пеш, Русия, Беларус ва Қазоқистон Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро таъсис доанд ва интизор меравад, Тоҷикистон низ дар баробари Арманистон ва Қирғизистон ба зудӣ ба он пайвандад. Бо вуҷуди он, ки афкори ҷомеа дар кишварҳои пасошӯравӣ ба тасмимгириҳои давлат таъсири ҷиддӣ надорад, паёмади он метавонад дар ҳаёти ҳаррӯза ва муносибати миёни одамон эҳсос шавад.

Ҷалол Аҳроров, як сокини 60-солаи Душанбе, ки ҷонибдори вуруди Тоҷикистон ба иттиҳоди нав аст, мегӯяд, мухолифати мардуми русро ба узвияти Тоҷикистон намефаҳмад: «Тоҷикистон нисбат ба чанд сол пеш дар ҳоли рушд аст аст ва ба кишвари бузург табдил меёбад. Аз ин хотир Тоҷикистон бояд узви чунин иттиҳод бошад, зеро ин метавонад ба пешрафти бештари кишвар мусоидат кунад. Аммо чаро ин иқдомро мардуми рус, дастгирӣ намекунанд ман намефаҳмам.»

Зимнан, ин бор аввал нест, ки ВТСИОМ дар назарпурсиҳои худ як навъ сардии амиқи русҳоро нисбати Тоҷикистону тоҷикон нишон медиҳад. Аз ҷумла, дар назархоҳии қаблии ин марказ, дар моҳи декабри соли гузашта, гуфта шуд, ки русҳо камтар аз ҳама ба Тоҷикистон ва раиси ҷумҳури он бовар доранд ва ҳамагӣ як дарсади пурсидашудагон Тоҷикистонро шарики стратегии Русия донистаанд.

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов

Дар муқобил пажӯҳишҳое, ки дар Тоҷикистон анҷом мешаванд, муҳаббати зиёди тоҷиконро ба Русия бозгӯ мекунанд. Барои намуна, натиҷаҳои таҳқиқе, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом дод, маълум кард, ки тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд. Ҳамингуна тақрибан 75 дарсади аҳолии кишвар гуфтаанд, ки ҳамкорӣ бо Русия бояд мавзуи аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад.

Абдулло Ҳабибов, раҳбари созмони иҷтимоии «Дӯстони Русия», дар шарҳи ин «ишқи якҷониба» мегӯяд, тоҷикони зиёде дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва аммо шаҳрвандони оддии рус бо Тоҷикистон пайванди камтар доранд ва ё умуман надоранд. Ҷаноби Ҳабибов ҳамчунин гуфт, «агар синни миёнаи аҳолиеро, ки дар ин пурсиш ширкат доштанд ба назар бигирем, тақрибан 25 - 30 сола ҳастанд ва дар давраи Шӯравӣ зиндагӣ накардаанд. Аз ин хотир дар мавриди Тоҷикистон тасаввуроти хеле кам доранд. Биёед акнун бигӯем, ки мо чӣ кор мекунем барои он ки дар Русия Тоҷикистонро шиносанд. Оё мо имрӯз муносибатҳои зичи фарҳангӣ бо ин кишварро дорем, оё олимони тоҷике ҳастанд, ки дар аудиторияҳои гуногуни Русия баромад карда, миллати моро муаррифӣ мекунанд, оё кашфиёти зиёде кардаем, ки дар ҷаҳон маълум шудаасту русҳо бо он ошно бошанд? Агар дар як ё ду сол ягон масъалаи гармии манфӣ дар гирди Тоҷикистон пайдо нашавад, дигар дар бораи мо дар расонаҳои ин кишвар ягон хабари хуш пайдо намешавад. Чунки мо худ чоп намекунем. »

Фирӯз Саидов
Фирӯз Саидов

Бо ин ҳам Абдулло Ҳабибов афзуд, шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қабл аз ҳама ба иродаи раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон бастагӣ дорад, на ба хоҳиши ин ё он афрод. Вале Фирӯз Саидов, раҳбари Маркази назарсанҷии «Стратегия» бар ин аст, ки дар асл афкори мардуми Русия дар нисбати Тоҷикистон ба маротиб беҳтар аз он аст, ки ВТСИОМ дар назарсанҷиҳои худ нишон медиҳад.

Ба иддаои ҷаноби Саидов, ВТСИОМ чунин пурсишҳоро маъмулан бо фармоиши доираҳои муайяни сиёсии Русия анҷом медиҳад, ки онҳо хоҳони боло рафтани ҷойгоҳи Тоҷикистон нестанд. Вай афзуд, «ҳукумати Русия аз рӯи санадҳое, ки имзо шудааст,чунин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз лиҳози он, ки пойгоҳи 201-уми дар оин ҷо аст ва ҳамчунин дигар ҳамкориҳои сиёсиву иқтисод шарики стратегӣ мебошад. Вале баъзе қувваҳое, дар Русия вуҷуд доранд, ки ҳеҷ гоҳ намехоҳанд Тоҷикистон дар сиёсати онҳо мавқеи баланд дошта бошад, зеро дар ин сурат ин кишвар метавонад талаботи худро дар миён бигзорад. Яъне Русия моро аз худ дур кардан намехоҳад ва дуюм ин, ки бо ҳамин роҳҳо нигоҳ медорад. Ҳол он, ки дар бештари шаҳрҳои калони Русия агар мардуми оддиро дар мавриди тоҷикон пурсед, фикри хуб доранд.»

Аммо бо ин ҳама таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки барои шинохти бештари тоҷикон дар Русия, Тоҷикистон ба имиҷсозӣ ниёз дорад ва дар ин самт сафоратхонаву консулгарӣ ва диаспораҳо бояд бештар ва ҳадафмандона кор кунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин маврид нақши муҳоҷирони корӣ низ бузург аст, аммо сари ин масъала талоше ба назар намерасад.

Назарсанҷии ахири худро ВТСИОМ дар 130 шаҳру деҳи 42 вилоят ва ҷумҳуриҳои Федератсиюни Русия баргузор карда, дар он 1600 нафар ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG