Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 15 узви “Ҷамоати Таблиғ” баъд аз 2 соли боздошт


Лаҳзаи боздошти пайравони "Ҷамоати Таблиғ" дар Новосибирск

Лаҳзаи боздошти пайравони "Ҷамоати Таблиғ" дар Новосибирск

Додгоҳи Русия 15 узви гурӯҳи мамнӯи мазҳабии “Ҷамоати Таблиғ”-ро баъди ду соли боздошт озод кардааст. Вале “амир”-и тоҷики ин созмон пушти панҷара боқӣ мемонад.

Додгоҳи ноҳияи Дзержинскии шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 5 ноябр 15 узви созмони мамнӯи мазҳабиии “Ҷамоати Таблиғ”-ро баъди ду соли боздошт озод кард. Додгоҳ парвандаи алайҳи онҳоро ба далели гузаштани мӯҳлати даъво (срок давности) қатъ кардааст.

Яке аз озодшудаҳо шаҳрванди Қирғизистон ва 14 тани дигараш низ зодагони ин кишвари Осиёи Марказианд, ки алакай шаҳрванди Русия шудаанд. Аммо додгоҳ як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро, ки мақомоти Новосибирск раҳбар ё “амир”-и шӯъбаи маҳаллии “Ҷамоати Таблиғ” номаш мебаранд, пушти панҷара боқӣ гузошт.

Дмитрий Лямкин, ёвари додситони вилояти Новосибирск рӯзи 6 ноябр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Додгоҳи парвандаи онҳо дар асоси гузаштани мӯҳлати даъво қатъ кард. Яъне на ба далелҳое, ки онҳоро сафед кунад. Додситонии Новосибирск ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки аз ин ҳукм шикоят барад ё на. Дар мӯҳлати таъиншуда мо мавқеамонро дар ин маврид дақиқ хоҳем кард.”

Вале додгоҳ гуфт, мӯҳлати даъво (срок давности) дар мавриди иттиҳоми асосии алайҳи аъзои ин гурӯҳ – узвият дар созмоне, ки фаъолияташ бо қарори додгоҳ манъ шудааст – гузашт, вале "амир”-и ин гурӯҳ ҳамчунин ба убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор мешавад, ки мӯҳлати даъвояш ҳанӯз боқист ва ба ин далел, ӯ дар боздошт боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, ин нафар дар асл Камолиддин Раҳмонов ном дошта, чанд сол дар урдугоҳҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар Покистон тамрин гирифтааст. Камолиддин Раҳмонов дар соли 2012 бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротгароёна аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст, вале дар соли 2013 бо шиносномаи зоҳиран қалбакӣ ба номи Иброҳим Ҷӯрахӯҷаев ба Новосибирск баргашта, боз ҳам ба таблиғи ақидаҳои “Ҷамоати Таблиғ” идома додааст. Ӯ дар ин парванда ҳоло бо ҳамин номи Ҷӯрахӯҷаев мегузарад.

Мақомоти пулис ва ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия – ин 16 нафарро аз манзиле дар шаҳри Новосибирск ҳангоми баргузории ҷаласаи навбатиашон дастгир ва ба зидди онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 282-юми Кодекси ҷиноии Русия (ширкат дар созмони диние, ки фаъолияташ ба далели ифротгароӣ манъ шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Қисми дуюми моддаи 282-юми Кодекси ҷиноии Русия то 2 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад ва далели раҳоии 15 узви “Ҷамоати Таблиғ” низ ҳамин буда, ки онҳо аллакай ду солро пушти панҷара сипарӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, аъзои ин гурӯҳ аз соли 2005 дар байни намозгузорони масҷидҳои вилояти Новосибирск ва дар байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ақидаҳои ифротии “Ҷамоати таблиғ”-ро ташвиқ ва аъзои навро ба сафи ин созмон ҷалб мекарданд. Гуфта мешавад, онҳо таблиғоти худро бар асоси адабиёти ифротие, ки нашру таблиғи онҳо дар Русия қонунан манъ шудааст, аз ҷумла “Арзишҳои Таблиғ” ва “Ҳадисҳои мунтахаб”-и Шайх Кондеҳлавӣ ва “Фазоили аъмол”-и Шайх Закариё, ба роҳ монда буданд.

Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Русия дар соли 2009 бо қарори Додгоҳи олиаш манъ шуд, вале ин афрод, ба гуфтаи мақомот, ҳамкорӣ бо ин созмони мамнӯъро то замони боздошташон идома додаанд.

“Ҷамоати Таблиғ”, бино ба манобеи интернетӣ, дар соли 1926 дар Ҳиндустон аз тарафи Мавлоно Муҳаммад Илёс ном рӯҳонӣ таъсис ёфтааст. Додситонии Новосибирск мегӯяд, “ҳадафи “Ҷамоати Таблиғ” таъсиси давлати воҳиди исломӣ бо номи “Хилофати ҷаҳонӣ” дар қаламрави минтақаҳои суннатан мусулмоннишин буда, ин созмон мехоҳад аз тариқи таблиғи шаклҳои тундравонаи Ислом ба ин ҳадаф бирасад.”

Пайравони “Ҷамоати Таблиғ” тақрибан дар миёнаи солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон низ пайдо шуда, тавассути “панҷгона”-ҳое, ки аз сӯи “амир” раҳбарӣ” мешуд, ба таблиғи ақидаҳои динӣ машғул шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2006 ин созмонро ба “рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳои ифротиву террористии мамнӯъ шомил кард. Ба дунбол даҳҳо нафар дар ин кишвар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мазҳабии мамнӯъ боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG