Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди кушташудаи Русия мехост ба Афғонистон убур кунад


Бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ.

Бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурони пулис дар ноҳияи Панҷ як сокини мусаллаҳи Русияро куштаанд. Ӯ ҳудуди 10 рӯз пеш ҳини талоши убури марзи Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт шуда буд.

Як шаҳрванди Русия, ки дар ноҳияи Панҷ дастгир шуда, дар бемористони ин ноҳия зери назари кормандони пулис муолиҷа мешуд, завлонаро аз дастонаш боз кард ва силоҳи посбононро рабуда, ба сӯи онҳо тир кушод ва дар оташи ҷавобӣ ба ҳалокат расид. Ин нафар, ки бино бар аснодаш Семён Нагебин буда, наздик ба 10 рӯз пеш талош кардааст, ба таври ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро убур кунад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел бо пахши як иттилоия гуфт, ҳодисаи фирор, тирандозӣ ва ҳалокати Нагебини 28-сола баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе иттифоқ афтодааст.

Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ рӯзи 24 апрел дар шарҳи ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, дирӯз шаҳрванди боздоштшудаи Русия Нагебин Семён Михайлович (бо лақаби "Салим") зодаи Қирғизистон, истиқоматкунандаи шаҳри Челябински Русия дар беморхонаи ноҳия Панҷ дар зарфи се сония бо чӣ василае аз дастонаш завлонаро (наручник) раҳо кард ва аз дасти ду корманди милиса, ки барои назорати вай дар беморхона меистоданд, туфангҳоро гирифта фирор кард.

Вай гуфт, шӯъбаи корҳои дохилии Панҷ барои боздошти вай ҳамаи корманди худро дар ҳоли омодабош қарор дод ва нуқтаеро, ки вай қарор дошт, ба муҳосира гирифт. Семён Нагебин аз ду туфанг ба тарафи кормандони милиса чаҳор тир холӣ кард ва бо назардошти чунин вазъият, кормандони милиса маҷбур шуданд ӯро бо зарби гулӯла ба қатл расонанд.

Манбаъ афзуд, Нагебин Семён Михайлович, ки рӯзи 15 апрел аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омада буд ва вақте мехост бо роҳи ғайриқонунӣ аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба тарафи Афғонистон убур кунад, ҳини муқобилат бо кормандони милиса аз пояш тир хӯрд ва дар бемористони ноҳия муолиҷа мешуд.

Манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ мегӯяд, дар гузаргоҳи марзӣ вай дар дасташ ханҷар дошт ва бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо зӯрӣ мехост марзро убур кунанд. Аммо кормандони милиса дар пояш тир зада, ӯро ба беморхонаи ноҳия барои табобат оварданд ва ҳамин тариқ ба таҳқиқи шахсияти ӯ пардохтанд.

“Семён Нагебин мегуфт, ки шумоҳо мусалмони воқеӣ нестед, агар мусалмони ҳақиқӣ мебудед, наручникро аз дастони ман мегирифтед, ман намозҳоямро мехондам. Агар мусалмони ҳақиқӣ мебудед, аз роҳбаронатон наметарсидед. Вай гапҳое мезад, ки як инсони оддӣ ин тавр ҳарф намезад, ӯро махсус тайёр карда фиристодаанд. Аз нигоҳи ҷисмонӣ низ беҳад варзида буд”,- мегӯяд манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ.

Мирзо Мирзоев, як табиб дар бемористони ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шаҳрванди Русия барои тарсонидани пулис худро чечен муаррифӣ мекард. Ба гуфтаи вай, ӯ декабри соли 2014 низ дар ин ноҳия пайдо шуда буд ва мехост ба Афғонистон равад, вале ӯро иҷоза надодаанд. Мирзо Мирзоев гуфт, ки ҳоло ҳамшираи шафқат ва худи духтури ҷарроҳ, ки захми ин шаҳрванди Русияро ҷарроҳӣ карда буд , дар додситонии ноҳия машғули навиштани баёнот ҳастанд.

Маҳмадӣ Самиев, садухтури ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин марди рус 28 сол дошт, ки дар мушаки пояш тир хӯрда буд ва худаш пеш аз марг хунравии зиёд дошт. Ба гуфтаи вай, ин марди рус дар сардхонаи ин ноҳия нигоҳдорӣ мешуд ва имрӯз ба Душанбе бурда шуд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Нагебин Семён зодаи Қирғизистон буда, солҳои ахир дар ин кишвар истиқомат доштааст ва чанд сол қабл дар ҳамин ноҳияи Панҷ аз тарафи кормандони милиса ҳини талоши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуд ва бо сабабҳои номаълум раҳо гашт.

Намояндагони Консулгарии Русия дар Тоҷикистон бо мақомоти тоҷик дар тамос шудаанд, то ҷузъиёти воқеаро рӯшан кунанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздошти Сергей Нагебин бо дархости мақомоти амниятии Русия сурат гирифтааст. Бино бар маълумоти расонаҳои Русия, Нагебин дар соли 2013 барои ғоратгарӣ дар Русия ҳукм гирифта, баъд аз озодӣ зери назари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ба сар мебурд, вале аз ин ҷо ба Қирғизистон фирор кардааст.

XS
SM
MD
LG