Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия низоми сафари бидуни раводид ба Туркияро лағв мекунад


Русия мегӯяд, ки низоми рафту омади бидуни раводид бо Туркияро бекор мекунад. Дар пайи сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурияву Туркия, муносибатҳои Маскав ва Анқара ба таниш печидааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки низоми рафту омади бидуни раводид бо Туркияро бекор мекунад. Баъд аз сарнагунии ҳавопаймоии низомии Русия дар марзи миёни Сурияву Туркия, муносибатҳои Маскав ва Анцара танишзо шудааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия эълон кард, ки рафту омади бидуни раводид бо Туркия аз 1 январи соли 2016 боздошта мешавад.

Дар шарҳи ин тасмим Лавров Туркияро муттаҳам кард, ки ин кишвар ба ҳомии терроризм табдил ёфтааст ва барои пайдо кардани шаҳрвандони Русия, ки дар фаъолиятҳои террористӣ ширкат меҷӯянд, камтар талош ба харҷ медиҳад. Ғарб мехоҳад, ки дар мубориза бар зидди тундравҳои "Давлати исломӣ" дар Сурия аз ҳимояти бештар бархӯрдор шавад.

Сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурия дар 24 ноябр вокунишҳои шадиди Русияро ба бор овардааст. Аз ҳамон замон то ҳол сафари ҷаҳонгардони Русия ба Туркия маҳдуд шудааст, мошинҳои бории Туркия дар марз боздошта ва маводи ғизоӣ мусодира мешавад. Ҳамчунин барои таҳримҳои иқтисодии марзӣ, омодагӣ идома дорад. Вазорати кишоварзии Русия аз ҳоло тафтиши маводи ғизоӣ ва фаровардаҳои кишоварзии воридотӣ аз Туркияро афзоиш додааст ва он яке аз нишонаҳои маҳдуд кардани тиҷорати дуҷониба мебошад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Анҷумани корхонаҳои мудофиаи Русия, ки ба он тавлидкунандагони мусалсали Калашников, танкҳои Армата ва мушакҳои системаи Бук дохил мешаванд, пешниҳод кардааст, ки дигар барои ин корхонаҳо аз Туркия мавод харидорӣ накунанд. Чунин тасмими Русия метавонад ба шартномаҳои ҳамкорие, ки арзиши онҳо миллионҳо долларро ташкил медиҳанд, асари манфӣ гузорад.

Нуъмон Куртулмус, сухангӯи ҳукумати Туркия гуфтааст, ки Шӯрои вазирони кишвараш 27 ноябр имкони тадбирҳои ҷавобиро баррасӣ кард, вале умедвор аст, ки ин чораҳо тӯлонӣ давом нахоҳад кард. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия 27 ноябр ба Русия ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Вай ба ин нуқта ишора кард, ки тоҷирони Туркия дар Русия боздошт шудаанд.

Эрдуғон аз пурсидани бахшиш барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия худдорӣ кард ва гуфт, ин Маскав аст, ки бояд барои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия ҷавоб бигӯяд. Ҳамзамон Раҷаб Таййб Эрдуғон гуфт, вай бефоида талош кардааст, ки бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъд аз ҳодисаи сарнагун кардани ҳавопаймо телефонӣ гуфтугӯ кунад. Вай боз ҳам изҳори умед кардааст, ки дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони ҷаҳон роҷеъ ба масъалаҳои иқлим, ки рӯзи 30 ноябр дар Порис баргузор мешавад, бо Путин мулоқот дошта бошад.

Рӯзи 27 ноябр Эрдуғон дар як суханронии худ гуфт, ки сарнагун кардани ҳавопаймо “ҷавоби автоматии нақзи ҳарими ҳавоӣ” мебошад. Анқара мегӯяд, ки ҳавопаймои бомбафкани Русия ба ҳарими ҳавоиаш ворид шудааст ва ҳушдори такрор ба такрорро нодида гирифтааст. Аммо Маскав мегӯяд, ки нерӯҳои Туркия ба сӯи ҳавопаймо бидуни ҳушдор дар ҳарими ҳавоии Сурия оташ кушодаанд. Путин Анқараро муттаҳам кард, ки даст ба “таҳрики барномарезишуда” задааст ва ин кор “ханҷаре ба пушт” мебошад.

Акнун Путин дастур додааст, ки мушакҳои дифои зидди ҳавоии системаи S 400-ро дар пойгоҳи ҳавоии Русия дар Сурия дар 50 километрии марз бо Туркия ҷойгир кунад, то ин мушакҳо аз ҳавопаймоҳои низомии Русия ҳимоят кунанд. Низомиёни Русия ҳамчунин киштии мушакбари “Москва”-ро ба соҳил наздиктар бурдаанд, то онҳо битавонанд дар ҳамлаҳо ба ҳавопаймоҳои бомбафкани худ, ёрӣ расонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG