Пайвандҳои дастрасӣ

Маликаи ҳусни Русия аз заъфҳои кишвараш лаб кушод


Наталия Переверзева

Наталия Переверзева

Коллин О’Коннор, хабарнигори радиои Озодӣ

Ин шабу рӯз дар кишвари Филиппин озмуни ҷаҳонии “Маликаи Замин” баргузор мешавад ва ҳунарнамоии номзади Русия дар ин озмун ду рӯзи охир аз мавзӯъҳои пурбаҳси корбарони Интернет дар Русия будааст. Номзади ин озмун Наталия Переверзева, ки дар гузашта барандаи озмунҳои “Маликаи Маскав” ва “Маликаи ҳусни Русия” шудааст, ҳайати доваронро на танҳо бо ҳусни табии худ, балки бо суханронии ғайримунтазирааш дар ҳайрат гузошт. Ин духтари 24-солаи зодаи шаҳри Курск ба саволи ин ки оё дар бораи ватани худ чӣ гуфта метавонад, дар баробари таҳсини зиёд, аз интиқод худдорӣ накард ва гуфт, ки дар ин кишвар фаъолияти озоди сиёсии мардумро дидан мехоҳад. Мегӯянд, суханронии ҳамватани худро аксари ширкатдорони баҳси атрофи ин мавзӯъ дар Интернет пуштибонӣ кардаанд.

Маъмулан ба хонумҳои зебову довталаби унвони Маликаи ҳусн ба хотири дидани ҳусни ҷаззоби онҳо, баҳодиҳӣ ба тафовутҳои зоҳирии онҳову рақибонашон таваҷҷӯҳ мекунанд. Вале ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки ба ин тоифа хонумҳо ба хотири санҷидани донишҳои сиёсӣ ва гузашта аз ин, шунидани мавқеи шаҳрвандии онҳо дар робита бо ин ё он масъала муроҷиат кунанд. Вале, тавре маълум мешавад, дар ҳолатҳои ҷудогона бархе чунин ақидаро рад мекунанд. Барои ҳайати доварони озмуни “Маликаи Замин” дар кишвари Филиппин ахиран фикррониҳои номзади Русия комилан ғайриинтизор садо додааст.


Наталия Переверзева ба як саволи зоҳиран содда роҷеъ ба ин ки бо кадом дастоварди кишвараш ифтихор мекунад, посухи ғайримунтазира дод. Ӯ гуфт, ки Русия як кишвари гарму маҳбуб аст ва шомҳои сарди зимистонаш ҳам хеле хушоянд ҳастанд. “Русияи ман як бонуи зебои хушандомро мемонад, ки куртаи пуробу ранге ба бар карда аз пораҳои рангоранги матоъҳои мухталиф дӯхта шудааст”. Вале дар идома вай мегӯяд:

“Айни замон, Русияи ман як кишвари бечора аст, ки аз ҷониби афроди беномусу бешараф бераҳмона пора-пора шудааст. Русия як шоҳрагеро мемонад, ки аз он танҳо афроди баргузида манфиат мебинанд. Русияи ман гадо аст, ки наметавонад дасти пиронсолону ятимонро бигирад. Аз ин кишвари хунолуда муҳандисону табибон ва омӯзгорон фирор мекунанд, чунки чизе барои зиндагӣ надоранд. Русияи ман як ҷанги тамомношудаи Қафқоз аст. Ин миллатҳои бародаре, ки дар гузашта ба як забон ҳарф мезаданд, ҳоло ҳақ надоранд дар мактабҳои худ дарс диҳанд. Русияи ман бар фашизм пирӯз шуд, вале ин пирӯзӣ бо қимати ҷони миллионҳо нафар даст дод. Ба ман бигӯед, ки чаро дар ин кишвар ҳоло миллатгароӣ рушд кардааст? Русияи бечораи ман...”.

Мисли ҳар ватандӯсти воқеӣ, Наталия Переверзева аз сокинони кишвараш даъват мекунад, ки дар канор намонда, барои беҳтар кардани шароити зиту зиндагӣ дар ватан талош ба харҷ диҳанд. Вай аз ҷумла мегӯяд:

“Мо бовар дорем, ки ҳар сокини Русия бояд худро шаҳрванди воқеии ин кишвар шиносад. Шумо бояд дар масоили мавриди нигаронии худ назар дода фаъол бошед. Мо гоҳо ба баъзе масъалаҳое, ки табъи моро хира мекунанд, чашм мепӯшем. Вале ҳамарӯза ҳодисаҳоеро шоҳид мешавем, ки барои мо хушоянд ва арзандаи ватани мо нестад. Танҳо мо метавонем вазъро дигар кунем. Мо бояд назари худро баён кунем ва тавони худро барои расидан ба кайфияти олӣ намоиш диҳем. Аз ин хотир, мо набояд танҳо чун истеъмолкунанда зиндагӣ кунем, балки дар паи пешрафти худ бошем, мутолеа кунем, мусиқии дилнавозро гӯш кунем ва аз пешрафтҳои илмӣ хабардор шавем. Бояд сиёсати муошират бо инсонҳои хубро омӯхта, аз паи эҷоду навсозиҳо шавем. Мо бояд бо фарзандонамон дар мавзӯъҳои баланди ахлоқӣ сӯҳбат кунем, истеъдодҳои онҳоро кашф карда аз баҳри ҳар чизи нозарур гузарем. Агар мо дар ҳақи кишварамон ҷиддан ғамхорӣ кунем, он дурахшон хоҳад шуд”.

Бояд гуфт, ки сӯҳбатҳои Переверзева дар миёни корбарони Интернет, ба вижа блогнависон шӯру валвала хезонд. Бархе ӯро интиқод карда, гуфтанд, ки сӯҳбатҳояш ноҷову ғайримантиқӣ аст, дигарҳо, ки шуморашон кам набудааст, бо тамоми гуфтаҳои Наталия розӣ шуданд. Дар назархоҳие, ки нашрияи “Комсомольская правда” дар миёни хонандагони сайти интернетиаш доир кард, 90 дар сад аз гуфтаҳои Переверзева пуштибонӣ кардаанд.

Переверзева зодаи шаҳри Курск буда, хатмкардаи Академияи молияи назди ҳукумати Русия мебошад. Вай гуфтааст, ки дигар ният надорад дар озмунҳои зебоӣ иштирок кунад ва “Маликаи Замин” охирин чунин озмун дар ҳаёти ӯ мешавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG