Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Русия: Пойгоҳи 201 кафили воқеии суботи Тоҷикистон аст


Игор Лякин-Фролов

Игор Лякин-Фролов

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, 31 май эълон кард, ки дар шароити начандон соддаи кунунӣ пойгоҳи 201-и ин кишвар кафили воқеии субот ва амнияти Тоҷикистон аст.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, пойгоҳи 201-и ин кишварро кафили воқеии амният ва субот дар Тоҷикистон номид ва гуфт, ки сарбозону афсарони рус дар ин ҷо аз манофеи Маскаву Душанбе ва дигар аъзои ОДКБ ҳимоят мекунанд. Фролов ин ҳарфҳоро рӯзи 31 май, дар ҷашни 72-солагии таъсиси пойгоҳи 201, баён дошт.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъият дар минтақа чандон содда нест ва ин шароит масъулияти нерӯҳои пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад.

"Дар шимоли Афғонистон узви гурӯҳҳои террористӣ сар боло мекунанд ва ҳамлаҳо идома дорад. Ин имкон вуҷуд дорад, ки онҳо талоши ба ин тарафи марз гузаштанро кунанд. Ин вазъяит масъулияти пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро боло хоҳад бурд," -- таъкид дошт Игор Лякин-Фролов.

Сафири Русия бо ишора ба ин ки ду ҳафтаи пеш тамрини якҷояи нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт, гуфт, "дӯсту душман ҳам алакай огоҳ шуданд, пойгоҳи 201 ба чӣ кор қодир аст." Вай ​изҳори бовар кард, сарбозону афсарони рус якҷоя бо ҳамтоёни тоҷики худ имкони баргардондани ҳамагуна ҳамлаҳоро доранд.

"Бисёр хушоянд аст, ки ду ҳафта пештар низомиёни пойгоҳи 201 дар тамрини муштарак бо ҳарбиёни тоҷик буданд. Ин, воқеан, нишон дод, ки мо дар якҷоягӣ метавонем ҳамагуна ҳамлаҳоро пас гардонем," -- афзуд ӯ.

Ҳафтаи гузашта дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини Русия бо номҳои "Гранат" ва "Застава" низ бори аввал дар кӯҳистонҳои Помири Тоҷикистон аз санҷиш гузаштанд. Ин бесарнишинҳо дар баландии 3,5 километр аз сатҳи баҳр дар шароити 50 дараҷаи болои сифр ё гармӣ "кор" кардаанд.

Воҳидҳои низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон дар ин санҷишҳо ширкат доштанд ва онҳо аз Қурғонтеппа то ноҳияи Дарвоз 300 километр раҳпаймоӣ кардаанд ва ин дастгоҳҳои бесарнишинро санҷидаанд. Ҳамзамон роҳҳои ҳамкории воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо кумаки ин бесарнишинҳо ҳамоҳанг карда шуд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то чанд муддати дигар теъдоди сарбозону афсарони худ дар ин пойгоҳро то ба 9 ҳзаор нафар хоҳанд расонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG