Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба низомиҳои Русия дар Тоҷикистон луғати кисагии калимаҳои ибораҳои муаддабонаро тақсим мекунанд. Ҳадаф аз ин “ташаккул ва тақвияти образи “одамакҳои муаддаб”, ки баъди тасарруфи Қрим пайдо шуд, гуфта мешавад.

“Низомиҳои Русияро дар Тоҷикистон рафтори хуб меомӯзонанд”, “Ба низомиҳои Русия дар Тоҷикистон луғати калимаҳои хуб тақсим мекунанд”, “Дар Тоҷикистон низомиҳои руси муаддаб пайдо хоҳанд шуд”... Таҳти чунин номҳои расонаҳои Русия аз луғати гуфтугӯии нави русӣ ба тоҷикие хабар доданд, ки барои омӯзиш байни афсарону аскарони пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон тақсим кардаанд.

Манбаи асосии ин хабар – хабаргузории русии РИА “Новости” – рӯзи 11 июл хабар дод, ки ин луғати гуфтугӯӣ ба низомиҳои рус тарҳи боэҳтирому муаддабонаи муносибат ба марду зан, пиру кӯдак ва ҳам т арзи изҳори сипос бо забони тоҷикиро ёд медиҳад. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки вақте шумо мехоҳед ба касе дасти кумакатонро дароз кунед, бояд ба ӯ гуфт ки: “Ман ёрӣ мерасонам.”

Намояндаи расмии ҳавзаи низомии марказии артиши Русия сарҳанг Ярослав Рошупкин ба РИА “Новости” гуфтааст, луғати гуфтугӯии русӣ-тоҷикии калимаҳову ибораҳои муаддабона ва ёддошт(памятка) дар бораи тарзи рафтори одоби хуб дар кишварҳои Шарқ ба ҳамаи низомиҳои пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Мӯсафедони сокини Қӯрғонтеппа

Мӯсафедони сокини Қӯрғонтеппа

Дар ин луғати гуфтугӯӣ аз ҷумла тарзи муаддабонаи муроҷиат алоҳида ба мард, зан, пир, кӯдак, сокини шаҳру сокини русто ва ҳамчунин тарзи изҳори сипосу орзу саломатӣ оварда шудааст. Дар ин китобчаи хурди кисагӣ, ба навиштаи РИА “Новости”, аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷуръаи нахустин чойро дар Шарқ ҳамеша соҳиби хона бояд бинӯшад. Баъди ин шумо метавонед дасти чапро рӯи сина гузошта, бо дасти рост пиёлаи ба сӯятон дарозкардаро бигиред. Пораи нонеро ки пешниҳодатон мекунанд, рад накунед. Ҳеҷ гоҳ нон ё пораи онро рӯ ба поён намонед.”

Расонаҳои русӣ, аз ҷумла РИА «Новости» менависанд, ки дар пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо дарназардошти вижагиҳои миллии Тоҷикистон соли фарҳанги баланди низомӣ ва риояи тарзи либоспӯширо доир мекунанд, ки бояд дар зеҳни низомиҳои ҳавзаи низомии марказии артиши Русия образи "одамакҳои муаддаб" ("вежливые человечки")-ро талқин карда ва ин образро ташккул ва тақвият диҳад.

​Ин дар ҳолест ки Маскав зоҳиран мехоҳад аз ин образи "одамакҳои муаддаб" як имиҷи аскари русро бисозад. Бори аввал ин бора дар моҳи март, дар рӯзҳои тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина пайдо шуд. Баъди онки дар Киев ҳукумати рӯ ба Маскави Виктор Януковичро суқут доданд ва умури Украина ба дасти сиёсатмадорони рӯ ба Ғарб гузашт, дар саросари Қрим афроди силоҳбадасте пайдо шуданд, ки дар як фосилаи кӯтоҳ назорати биноҳои пойгоҳҳои муҳим, бо шумули биноҳои ҳукумату порлумон ва фурудгоҳҳои асосии нимҷазираро зери назорат гирифтанд.

"Одамакҳои муаддаб" дар Қрим. Моҳи марти 2013

"Одамакҳои муаддаб" дар Қрим. Моҳи марти 2013

Матбуоти Русия дар он рӯзҳо тавсиф мекард, ки ин силоҳбадастон бо рафтори фавқулодда “муаддабона”-и худ фарқ мекунанд. Танҳо моҳе баъд, вақте Русия Қримро пурра ба қаламраваш ҳамроҳ кард, раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин билохира эътироф кард, ки ин “одамакҳои муаддаб” дар Қрим дар воқеъ нирӯҳои Русия буданд.

Баъди тасарруфи Қрим ибораи "одамакҳои муаддаб" ба як бренди ҳатто тиҷорӣ табдил ёфт. Танҳо бо ин фарқ ки “одамакҳои муаддаб”-еро ки Путин мегуфт, ба “одамони муаддаб” иваз кардаанд. Ва бино ба гузоришҳо, ҳоло дар Русия фурӯши футболкаҳову кӯлоҳҳо ва гарданбанду молҳои дигар бо навиштаҷоти марбут ба "одамакҳои муаддаб" хеле ривоҷ ёфтааст.

Дар матбуоти Ғарб “одамакҳои муаддаб”-и силоҳбадаст аз Русияро як василаи ба истилоҳ “замонавӣ”-и пропагандистие меноманд, ки аз он ба хотири густариши нуфузи Маскав дар паҳнои пасошӯравӣ истифода мешавад. Ҳатто шӯхие пайдо шуд, ки аз ин ба баъд ҷилави ҳар ҳокими гапнодаро ё саркаш дар ин паҳноро “одамакҳои муаддаб” зуд хоҳанд кашид. Баъди тасарруфи Қрим зиёд ҳадс зада мешуд, ки ин “одамакҳои муаддаб” оё акнун дар кадом гӯшаи Шӯравии собиқ зуҳур хоҳанд кард. Аз ҷумла эҳтимоли дар Приднестровйе ва ҳатто дар ин ё он гӯшаи Осиёи Марказӣ дастбакор шудани ин “одамакҳо” эҳтимол зада мешуд. Нашрияи Московскiя Въдомости” хабараш дар бораи тақсим кардани луғати гуфтугӯии калимаҳову ибораҳои муаддабонаи русӣ-тоҷикӣ ба низомиёни пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро маънидорона “В Таджикистане появятся вежливые российские военные” (“Дар Тоҷикистон низомиҳо руси муаддаб пайдо хоҳанд шуд”) сарлавҳа мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар пойгоҳи 201. Октябри соли 2012

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар пойгоҳи 201. Октябри соли 2012

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия бо зери 7000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ҳузури пойгоҳи Русияро як кафили муҳими суботу амнияти Тоҷикистон, ки бо Афғонистони ноором 1370 километр марзи мустақим доранд, медонанд. Раисиҷумҳурони Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар соли 2012 бо имзои як қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карданд. Душанбе бар хилофи сару садоҳои мавҷуда дар ниҳоят аз Русия барои воҳидҳои низомиаш ҳатто пули иҷора нахост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG