Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарсҳои забони англисӣ ва русӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҳамакнун тавассути дурбинҳои мушоҳидавӣ ё камера назорат мешавад. Вазири маорифи Тоҷикистон бо як дастури худ дар охири моҳи октябр раҳбарони донишгоҳҳои кишварро муваззаф кардааст, то ҷараёни дарсҳо бо ин ду забонро тавассути камераҳо пайгирӣ кунанд. Дар дастури вазири маориф таъкид шудааст, ки бо назорати дарсҳо, масъулини донишгоҳ бояд барои аз байн бурдани камбудиҳо дар самти таълими ин фанҳо, аз иқдомҳои зарурӣ кор бигиранд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ҳамчунин Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳи рушди маорифро супориш додааст, то таълими забони англисиро дар мактабҳои миёнаву касбӣ ҳам пурзӯр намоянд ва бо таъсиси як гурӯҳи вижаи корӣ, давоми ҳар се моҳ аз ҷараёни ин дарсҳо ба дастгоҳи президент маълумотнома ва ҳисобот пешниҳод кунанд.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон.

Ин тасмими вазорати маориф ҳам дар пайи таъкидҳои президент Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст, ки пайваста дар сӯҳбатҳои худ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба вижа русиву англисӣ таъкид мекунанд.

Шарифмурод Исрофилниё, раҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар шарҳи зарурати назорати дарсҳои англисиву русӣ тариқи камераҳои назоратӣ гуфт, ки вобаста ба паёми раиси ҷумҳур дар робита ба забономӯзӣ мактабхонҳо, бояд шогирдони макотиб дар Тоҷикистон ҳатман се забон -- забони модарӣ, русӣ ва англисиро донанд. Ин аст, ки ба гуфтаи вай, ҳоло ҳатто баъзе дарсҳоро дар мактаби президентӣ пурра ба забони англисӣ ба роҳ мондаанд: "Вақте супориш мешавад, бояд санҷида шавад, ки он дар кадом сатҳ иҷро мешавад."

Дастури назорати дарсҳои хориҷиро дар мактабҳои олии Тоҷикистон бархе аз омӯзгорони забонҳои англисӣ барои беҳтар шудани ҷараёни таълими ин дарсҳо муассир мехонанд, аммо гурӯҳе ҳам ба ин чандон бовар надоранд ва мегӯянд масъулини маориф агар воқеан дар фикри хуб ба роҳ мондани дарси англисианд, бояд аз роҳҳои дигаре кор бигиранд.

Дар ҳамин ҳол Парвона Ҷамшедов, профессор ва раиси Анҷумани омӯзгорони забони англисӣ, бар ин бовар аст, ки дар воқеъ назорати дарси англисӣ аз тариқи дурбин метавонад масъулияти ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯёни дарсҳои англисиро бештар кунад. Парвона Ҷамшедов бо таасуф мегӯяд, имрӯз мушкили таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ин аст, ки худи омӯзгорон дониши паст доранд.

Парвона Ҷамшедов.

Парвона Ҷамшедов.

Талоши беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки бино ба пажӯҳиши Анҷумани омӯзгорони забони англисӣ танҳо дар пойтахти Тоҷикистон 45 дар сади аҳолӣ, майл ва талоши аз худ кардани ин забонро доранд. Ва аксарият барои омӯзиши забони Шекспир ба дарсҳои донишгоҳу мактаб иктифо накарда, ба марказҳои омӯзишии мераванд ва дарси иловагӣ мегиранд.

Афсона Акобиршоева, Донишҷӯи донишгоҳи миллӣ, ки ҳоло метавонад бо забони англисӣ фикрашро роҳат баён кунад, мегӯяд, ин забонро дар макази омӯзишии Осиёи Марказӣ аз худ кардааст. Ба назари ӯ, тарзи таълими забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ ба талаботҳои муосир мувофиқ нест. Ӯ дар мавриди дастури нави вазорати моариф ва насби дурбинҳо гуфт. “Албатта дастур ва таъкидҳо барои беҳтар крадани дарси англисӣ ва русӣ хуб аст, аммо ман фикр мекунам бояд суръати таълими ин дарсҳоро бештар кард ва боя дар ин дарсҳо бештар аз дастгоҳҳои замонавӣ мисли видео ва сабтҳои овозӣ истифода шавад. ”

Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 45 маркази омӯзиши забони англисӣ фаъолият доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба майли зиёди сокинони кишвар барои омӯзиши забони англисӣ, сар аз соли 2014 шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳам ба пахши филм бо забони англисӣ ва дарсҳои телевизионӣ шурӯъ карданд.

Вале бо вуҷуди таваҷҷӯҳи зиёди мардум ва густариши он дар кишвар, мутахассисони забони англисӣ аз кам будани соатҳои дарси ин забон дар мактабҳои миёна, ҳам чандон розӣ нестанд ва мехоҳанд бо ислоҳи барномаҳои нави таълимӣ, соатҳои он бештар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG