Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе: Терроризм ва "ҷиҳод" ба якпорчагии Тоҷикистон таҳдид мекунад


Мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва тундгароӣ мегӯянд, ки ин падида ба амнияти миллӣ ва ҳатто ба якпорчагии кишвар таҳдид мекунад.

Дар нишасти “Ҳамкории минтақавӣ ва чораҳои муассири мубориза бо падидаи террористҳову ҷангиёни хориҷӣ”, ки рӯзи 24 феврал таҳти сарпарастии САҲА дар Душанбе оғоз ёфт ва то 26 феврал идома хоҳад кард, роҳҳои муассири мубориза бо афзоиши сафи ҳаводорони ҳаракатҳои "ҷиҳодӣ" баҳс шудааст.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини якуми додситони кулли Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, "Тоҷикистон дар пӯсти худ натиҷаи фаъолияти эмиссарҳои созмонҳои террористии байналмилалиро санҷидааст. Терроризм ба мушкили ҷаҳоние табдил ёфтааст, ки ягон давлат ба танҳоӣ наметавонад ба он муқобила кунад. Ин омилест, ки ҳам ба амнияти миллӣ ва ҳам ба якпорчагии кишвар таҳдид мекунад."

Абдуқодир Муҳаммадиев бо изҳори нигаронӣ гуфт, оморҳо аз афзоиши беисти ҷиноятҳои марбут ба терроризм дарак медиҳанд ва ин тамойю таҳияи тадбирҳои вижаву мутаносиберо талаб мекунад.

Сюзан Эллиотт

Сюзан Эллиотт

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар нишасти зиддитеррористии САҲА дар Душанбе ба зарурати ҷалби ҷомиаи шаҳрвандӣ ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ таъкид кард. Ӯ ҳамчунин гуфт: "Амрико талош дорад, то имконоти ҷалби ҷангиёну террористҳои хориҷиро решакан кунад. Онҳо дар саросари дунё "сайр" карда, ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Ин як таҳдиди ҷаҳонист ва бояд ба он посухи муносиб дода шавад. Ба мо барномаҳое лозиманд, ки пеши роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро бигиранд. Мо бояд имкони тарғиби терроризм бо истифода аз Интернетро низ пешгирӣ кунем."Сафири Амрико таъкид кард, ки ҷалби ходимони дин низ метавонад барои тамос барқарор кардан бо қишрҳои осебпазир дар байни ҷавонон кумак кунад.

Ноиби сафири Бритониё Ричард Вуд гуфт, созмонҳои террористӣ дар ҳоли ҳозир ба таври фаъолона аз фанновариҳои навини иттилоотиву мухобиротӣ барои таблиғи ақидаҳояшон истифода мебаранд. Ӯ дар нишасти Душанбе ба зарурати истифодаи айни фанновариҳо ба зидди таҳдиди терроризм таъкид кард.

Яке аз ҷангиёни тоҷик, ки ахиран дар Ироқ кушта шуд

Яке аз ҷангиёни тоҷик, ки ахиран дар Ироқ кушта шуд

Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Худи ин ҷангиён, ки пайваста аз тариқи Интернет ба ҳукумати Тоҷикистон "паём"-ҳои таҳдидомез мефиристанд, шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҳаракатҳои "ҷиҳодӣ"-ро то 1000 нафар мегӯянд ва таҳдид мекунанд, ки "ҷиҳод"-и онҳо танҳо бо Сурияву Ироқ маҳдуд нахоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар мешиносанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Сафири Русия дар бораи "туристҳои ҷиҳодӣ" ва роҳҳои табобати "вируси терроризм"

Игор Лякин-Фролов

Игор Лякин-Фролов

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов эҳтимоли бозгашти "туристҳои ҷиҳодӣ" аз Сурия ба кишварҳои зодгоҳашонро як таҳдиди ҷиддӣ номид ва гуфт, "вируси терроризм"-ро фақат дастаҷамъона метавон табобат кард.

Игор Лякин-Фролов рӯзи 24 феврал дар нишасти САҲА дар Душанбе, гуфт, шумори ҷангиёни хориҷӣ дар Сурия ба 20 000 нафар расида, эҳтимоли бозгашти ин “туристҳои ҷиҳодӣ” ба кишварҳои зодгоҳашон як мояи нигаронии ҷиддии кишварҳои дунё шудааст.

Ба гуфтаи Игор Лякин-Фролов, ки матни суханрониашро сафорати Русия дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст, дар сафи созмонҳои “ҷиҳодӣ” дар Сурия зодагони Русияву Осиёи Марказӣ ва Қафқоз низ меҷанганд ва “бо вуҷуди талошҳои ҷомиаи байналмилалӣ барои бастани роҳи сели ба Ховари Миёна рехтани ҷиҳодиҳои навба нав, шикастани ин тамойю то ҳол муяссар нашудааст.” Ба ақидаи сафири Русия, комёбиҳои тундравон дар Ховари Миёна, қасби қаламравҳори бузург ва ба даст овардани сарвати зиёд аз ҳисоби рэкет, гаравгонгириву фурӯши инсон ва нафту осори атиқа як омили чунин фаъол шудани ҷунбиши “ҷиҳодӣ” ва афзудани ҷаззобияташ бахусус барои ҷавонони мусалмон шудааст.

Игор Лякин-Фролов гуфт, “ҳоло раҳбарони “ҷиҳод” бо истифодаи фаъолона ва, бояд эътироф кард, моҳирона аз тамоми шеваҳои муосири пропаганда, аз ҷумла аз тариқи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, то сафи тарафдорони худро биафзоянд. Ҳамин тавр, аз террористҳо ”қаҳрамон” метарошанд, образи харизматикии “ҷанговарон”-еро месозанд, ки гӯё ҳадафашон кӯмак ба “бародарони мӯъмин” аст.” Игор Лякин-Фролов гуфт, “вируси терроризм”-ро бояд муштаракан табобат кард” ва Русия, ба гуфтаи ӯ, “барои эҳёи ҳамкорӣ дар ин самт бо кишварҳои ғарбӣ омода ва манфиатдор аст”, вале ба ин шарт ки ин ҳамкорӣ “дар асоси баробар ва бидуни сиёсатзадагии беш аз ҳад ва бидуни стандартҳои дугуна пеш бурда шавад.”

Дар ҳар сурат, мегӯяд сафири Русия дар Тоҷикистон, мушкили терроризми байналмилалӣ як дарди сари тамоми дунёст ва онро танҳо ба сурати муштарак ва дастаҷамъона метавон решакан кард. Аммо ба ақидаи ӯ, дар ин охирҳо муборизаи ҷаҳон бо терроризму тандгароии мазҳабӣ як андоза кунда шудааст ва “муттаассифона, сабаби инро метавон маҳз бо далоили сиёсӣ маънидод кард.”

Ӯ афзуд, таҳдиди тундгароён то рафт ба паҳноҳои фаротар аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо доман паҳн карда, “аллакай ба сӯи Русия ва кишварҳои ба мо наздиктарин, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таҳдидҳое садо доданд. Мо ба дурнамои амалӣ шудани ин таҳдидҳо хеле ҷиддӣ муносибат мекунем ва бар ин назарем, ки тавони муштаракан тақвият додани “масуният”-и худ дар муқобили ин таҳдиди ифротгароӣ ва террористирову роҳ надодани он ба қаламравҳои худро дорем.”

Сафири Русия дар нишасти САҲА дар Душанбе ҳушдор дод, ки бо вуҷуди талошҳои ҷаҳонӣ, “бояд эътироф кард, ки сафҳои тундравон ва ҷангиёни террорист имрӯз башиддат меафзояд. Муттаассифона, то ҳол ягон давои пешгирӣ ва рафъи муваффақонаи радикализатсия вуҷуд надорад. Аз ҷумла дар тамоми қишрҳои осебпазир – дар байни ҷавонон ва диндорон.” Вале, афзуд Игор Лякин-Фролов, “мо шубҳа надорем, ки ҳар навъ тундравон дар ҷомиаи имрӯза як ақалияти ночиз боқӣ мемонанд. Ва суоле бармехезад, ки пас чаро садои онҳо назар ба аксарияти мӯътадил, масъул ва созанда баландтар ба гӯш мерасад? Суоле ҳам бармехезад, ки оё масъала танҳо дар як навъ маҳорати махсуси пропагандистҳову идеологҳои терроризму экстремизм дар амри бурдани тарғибу ташвиқ, сӯиистифода аз афкори ҷомиа, корбурди фанновариҳои муосир, ба сӯди худ гардондани мушкилоту бӯҳронҳои айнӣ ва доғи ҷаҳони муосир ва ба мардум таҳмил кардани роҳҳалҳои содаи тундгароёна аст?”

Игор Лякин-Фролов гуфтааст, зоҳиран масъала дар камбудиҳои роҳдодаи “бархе давлатҳо” ҳам ҳаст, ки барои фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав майдон кушодаанд. Сафири Русия ҷузъиёт надодааст, вале зоҳиран дидгоҳи мутафовити Маскав ва Ғарб дар масъалаи ҳалли бӯҳрони Сурияро дар назар дорад. Русия дар низои ин кишвари арабӣ аз ибтидо аз муттаҳиди деринааш – раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва режими ӯ – пуштибонӣ мекард. Ин дар ҳолест ки кишварҳои Ғарб аз мухолифини режими Асад ҳимоят мекунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамин пуштибонӣ дар ниҳоят боиси сар боло кардани гурпӯҳҳои тундраве, чун “Ҷабҳат-ун-Нусра” ва “Давлати исломӣ” дар Сурия шуд.

Ҳоло “Давлати исломӣ”, ки дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуд, бо ишғоли қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурия аз таъсиси “хилофати исломӣ” хабар дод ва гуфтааст, ки қасдаш истиқрори ин “хилофат” дар саросари ҷаҳони исломист. Қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар харитаҳои “Давлати исломӣ” ҳамчун бахше аз вилояти “Хуросон” тасвир шудаанд, ки ҳамчунин шарқи Эрон, Афғонистону Покистон ва қисмате аз Ҳиндро дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG