Пайвандҳои дастрасӣ

ДИИШ масъулияти суқути Airbus-ро бар дӯш гирифт


Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) масъулияти суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа"-и Русияро бар ӯҳда гирифтанд. Мутахассисони низомӣ ба ин шак доранд

Хабаргузории Reuters дар ин бора бо ишора ба изҳороте дар саҳифаи ДИИШ дар Твиттер иттилоъ додааст. Ситезаҷӯён гуфтаанд, ки маҳз онҳо рӯзи шанбе дар фазои нимҷазираи Синой ҳавопаймои русиро ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор доданд. Изҳорот дар сомонаи Amaq, ки хабаргузории ғайрирасмии "Давлати исломӣ" маҳсуб мешавад, низ нашр шудааст.

Аммо сомонаи Lenta.ru бо такя ба гуфтаҳои мутахассисони низомӣ навиштааст, ки гурӯҳҳои ифротии маҳаллӣ, аз ҷумла, “Давлати исломӣ”, силоҳе надоранд, ки ҳадафҳоро дар масофаи беш аз 3-4 ҳазор метр нобуд созад.

Аз ин пеш манбаъҳои амниятии Миср гуфтаанд, ки ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки ҳавопаймо ҳадафи ҳамла қарор гирифта бошад.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 217 мусофир, аз ҷумла, 17 кӯдак ва 7 сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз 23 дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Миср, ин ҳавопаймо ба таври комил нобуд шуда, ҳама 224 сарнишини он ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои мақомоти Русия, дар ҳавопаймо 214 шаҳрванди Русия ва се украинӣ буданд. То шоми шанбе наҷотбахшони мисрӣ ҷасади 150 нафарро пайдо краданд.

Айман Ал-Муқаддам, як мақоми мисрӣ дар Кумитаи ҳавоӣ ба хабаргузориҳо гуфтааст, халабон пеш аз қатъ шудани иртибот бо бурҷи назоратӣ эълом кардааст, ки Airbus A-321 дучори мушкилоти фаннӣ шуда ва ӯ қасд дорад ҳавопайморо дар наздиктарин фурудгоҳ ба замин биншонад. Ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳе дар минтақаи Ал-Ариш суқут кардааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймо 1 ноябрро рӯзи мотам эълон кард. Ӯ ба нахуствазир Дмитрий Медведев дастур дод, ки дар робита ба ин фоҷиа комиссиюни давлатиро таъсис кунад.

Фоҷиа дар фазои Миср садҳо нафарро мотамзада кард

Фоҷиа дар фазои Миср садҳо нафарро мотамзада кард

Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бо дастури нахуствазир ӯ раҳбари комиссиюни давлатӣ таъин шудааст ва ҳамроҳ бо дигар аъзои комиссиюн соатҳои наздик ба ҷойи ҳодиса парвоз мекунад. Ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки ҳарими ҳавоии Миср то куҷо барои парвози ҳавопаймоҳо амн буд, гуфт, "мо дар бораи манъи парвозҳо дар ҳарими ҳавоии ин минтақа ягон иттилоъ надоштем". Чун мақомоти аваиатсионии Миср ва дигар кишварҳои атрофи он парвозҳоро манъ накарда буданд, ҳавопаймо дар долони муқарраршуда ҳаракат мекард, изҳор намуд мансабдори рус.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ҳавопаймои суқуткарда – кӯҳнатарин ҳавопаймои ширкати "Когалимавиа" маҳсуб мешуд. Airbus A-321 18 сол боз дар ихтиёри ин ширкат буд ва аз ин пеш аз сӯи чанд ширкати ҳавопаймоии Ховари Миёна истифода мешуд.

Гуфта мешавад, ки аз ин пеш ҳам ҳавопаймоҳои "Когалимавиа" ба садама ва мушкили фаннӣ мувоҷеҳ шуда буданд. Соли 2010 ҳавопаймои ТУ-154-и ширкат ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Машҳади Эрон нишаст ва аммо, хушбахтона, ба касе осеб нарасид. Ҳамон сол дигар ҳавопаймои "Когалимавиа" Airbus А320, ки аз дигар шаҳри фароғатии Миср – Хургада парвоз карда буд, дар фурудгоҳи Домодедово ба мушкили фаннӣ мувоҷеҳ шуд ва аммо он вақт ҳам мусофирон зарар надиданд. Аммо соли 2011 ҳавопаймои Ту-154-и ширкат, ки аз Маскав ба шаҳри Сургут парвоз мекард, ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи ин шаҳри сибирӣ оташ гирифт. Дар он ҳодиса се нафар ба ҳалокат расида, 40 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд.

Суқути Airbus A-321 дар Миср ва марги 224 нафар – бузургтарин фоҷиа барои ширкати "Когалимавиа" маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG