Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия низомиёни тоҷикро дар Пойгоҳи 201 тамрин медиҳад


Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия.

Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия.

Русия дар дохили пойгоҳи низомии худ мустақар дар Тоҷикистон, ба тамрини низомиёни тоҷик ба хотири муқобила бо гурӯҳҳои ифротӣ, оғоз кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон 3-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯи тамрини низомиёни тоҷик, кӯмаки низомӣ ва таҳкими марз бо Афғонистон, аз сӯҳбатҳои аслии Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо Анатолий Антонов, муовини вазири мудофи Русия будааст.

Русия дар ду соли пеш эълон карда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро кӯмаки низомӣ карда, дар навсозии артиши Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, тамрини низомиён як ҷузъи ҳамин барнома ҳаст ва ҳоло дар назар аст, ки Русия дар таъмини артиши Тоҷикистон бо силоҳҳои замонавӣ низ кӯмак кунад.

Фаридун Маҳмадалиев афзуд, ки "сарҳади Тоҷикистон марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мавзӯи мустаҳкам кардани сарҳад бо Афғонистон бо дарназардошти

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

таҳдидидҳоро ҷонибҳо матраҳ карданд. Мубориза бо терроризм аз ҳадафҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон аст."

Ҳоло Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ ҳамчунин, пас аз мулоқот бо вазири мудофиаи Тоҷикистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон низ дидан мекунад.

Зоҳиран, таҷаммӯи гурӯҳҳои тундрав дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон, Русияро нигарон кардааст. Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси масоили Афғонистон мегӯяд, ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ба Тоҷикистон пешгӯинашаванда буда ва ҳузури ин гурӯҳҳо ҳамеша нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ин коршинос мегӯяд, Русия ба он хотир зиёд ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таваҷҷӯҳ дорад, ки аз фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар хеле ҳарос дорад.

Ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, “эҳтимоли рахна кардан ё фитна ангехтан дар марзҳо вуҷуд дорад. Касе гуфта наметавонад, ки инҳо имрӯз ё пагоҳ ҳамла мекунанд, ҳарчанд, коршиносон ва мақомдорони афғон "баҳори хунин" пешгӯӣ мекунанд. Вақте сухан дар бораи таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ меравад, бисёре аз коршиносон инро воҳима ё нодуруст медонанд, аммо ин ҷо гап танҳо сари ҳуҷуми Толибон намеравад. Ин ҷо метавонад таҳдидҳои дигар ва ногаҳонӣ аз миёни ин гурӯҳҳо пайдо шавад. Аммо намешавад, ки мо фориғ бошем ва омодагие набинем. Чун дар рӯ ба рӯи мо таҳдид вуҷуд дорад.”

Қосимшоҳ Искандаров

Қосимшоҳ Искандаров

Аз сӯи дигар, Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, гуфтугӯи Русия бо Толибон, ки дар расонаҳо нашр шуд, ҳеҷ гоҳ кафолати ҳуҷум накардан ба кишвари мо буда наметавонад, зеро ин гурӯҳ дар дохили худ якпорча нест ва ҳар як гурӯҳаш метавонад дар алоҳидагӣ иқдом кунад. Ба гуфтаи Искандаров, дар ҳоле, ки Русия гирифтори бӯҳронҳо дар Украина ва Сурия ҳаст, кӯчактарин нооромӣ дар кишварҳои Осиёи Миёнаро намехоҳад: "Ҳоло Русия ҳавопаймоҳои ҷадидашро ба Тоҷикистон ворид кардааст ва машқҳои низомӣ анҷом медиҳад. Аз моҳи декабр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД аллакай тасмимҳои ҷиддӣ дар масъалаи марз гирифта шуда буд."

Анатолий Антонов, аз ҷумлаи мақомҳои низомии Русия аст, ки дар гузашта низ ба Тоҷикистон сафарҳо кардааст. Охирин сафари ҷаноби Антонов охирҳои моҳи январи соли гузашта сурат гирифта ва дар ҷараёни дидорҳои муовини вазири дифои Русия бо мақомоти Тоҷикистон иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда аз сӯи раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар ва дигар қарору тааҳҳудоте, ки дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ, ба хусус Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба манзури боло бурдани имконоти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар мубориза бо тероризим баррасӣ шуда буданд.

Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 буд. Русия дар бораи тезондани замони иҷрои ин ваъда рӯзи 23 декабри соли гузашта дар ҷараёни мулоқоти Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо, вузарои дифоъи Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав тааҳҳуд дода буд.

Шойгу ва Мирзо дар ин дидор вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон ва таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба амнияти Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сергей Шойгу гуфта буд, ки Русия тааҳҳудоти худ ҷиҳати навсозии силоҳу техникаи ҷангии Тоҷикистонро ба таври комил иҷро хоҳад кард.

Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва фаъол шудани ҷангиёни исломӣ ва созмонҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ” дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, доғтар шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ, 1370 километр марз дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ ( дар саргаҳаш – Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG