Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 22 то 25-уми октябри соли ҷорӣ Русия гузаргоҳи марзии Абхозистон бо вилояти Краснодари Русияро муваққатан барои шаҳвандони Тоҷикистон боз мекунад.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 21-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи маълумоти сафорат, ҳоло дар ҳудуди Абхозистон 23 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тибқи қавонини Русия ба ин кишвар даромада наметавонанд, ба сар мебаранд.

Онҳо шаҳрвандоне будаанд, ки ба Абхозистон рафтаанд, вале сарҳадбонони Русия убури марзро барои онҳо иҷозат надодаанд. Ҷаноби Эгамзод гуфт, ҳамаи шаҳрвандони дар ин минтақа буда ба сохторҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба сафорат расман муроҷиат кардаанд то мушкилиашон ҳал шавад. «Мо ба мақомоти Русия миннатдорӣ изҳор мекунем, ки бори дигар ба шаҳрвандони мо имконият фароҳам оварданд, то аз фурудгоҳи Сочӣ ба ватан парвоз кунанд,» - гуфт оқои Эгамзод.

Вале то ҳол Хадамоти муҳоҷират ва вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ҳар сол дар марз бо Афғонистон чунин мушкилоти ҳуқуқӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба миён меояд. Қаблан ҳам чанд маротиба шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Абхозистон дармонда, наметавонистанд, аз тариқи Русия ба ватан баргарданд.

Моҳи майи ҳамин сол 29 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Абхозистон дармонда буданд ва марзбонони Русия намегузоштанд марзи ин кишварро убур кунанд. Ба ин далел, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки бинобар адами равобит ва муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Абхозистон, онҳо метавонанд танҳо аз тариқи Туркия ба Русия ворид шаванд.

Абхозистон яке аз ду вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистон аст, ки дар пайи ҷанги кӯтоҳи соли 2008 байни Русияву Гурҷистон аз Тифлис ҷудо шуд. То ҳол Абхозистонро ба расмият танҳо 4 кишвари дунё эътироф кардаанд. Тоҷикистон низ, бо вуҷуди "гӯшзад"-ҳои пайвастаи Маскав Абхозистонро то ҳол ба расмият нашинохтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG